МАСЪАЛАҲОИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САМАРАБАХШИИ НИЗОМИ ПОСБОНӢ ВА ҲИФЗИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ БАРРАСӢ ШУДАНД

Таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев 13 феврал бахшида ба масъалаҳои такмил додани низоми посбонӣ ва ҳифзи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷамъомади корӣ ба амал омад.

Дар ҷамъомад роҳбарони дастгоҳҳои Шӯрои амнияти назди Президенти кишвар ва Хидмати амнияти давлатӣ иштирок карданд. 
Натиҷаҳои амалии фаъолияти Қӯшунҳои сарҳадӣ ва ҷараёни иҷрои вазифаҳое, ки 27 августи соли гузашта Фармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ дар доираи ҷамъомад гузошта буд, баррасӣ гардиданд.
Дар ҷанбаи таҳдиду хатарҳои муосири амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба минбаъд баланд бардоштани самарабахшии таъмини амнияти Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон самтҳои устувор муайян шуданд.
Ба масъалаҳои татбиқи системаҳои муосири автоматиконидашудаи назорати сарҳад ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, инчунин ташкили ҳамкории мураттаби зершӯъбаҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ бо мақомоти қудратӣ,  ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо эътибори алоҳида дода шуданд.
Масъалаҳои баланд бардоштани сифати омодагии касбии хидматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ, тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ ва ҳифзи иҷтимоии онҳо ҳамаҷониба баррасӣ шуданд.
Бинобар вусъат додани динамикаи рӯзафзуни ҳамкориҳо аз рӯи хати мақомоти марзбонии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба роҳ мондани чорабиниҳои муштарак бо созмонҳои гуногуни байналмилалӣ, инчунин таъмин кардани татбиқи саривақтӣ ва босифати қарордодҳои бо шарикони хориҷӣ оид ба густариши ҳамкориҳои фаромарзӣ бадастомада супоришот дода шудаанд.
Президент Шавкат Мирзиёев ба аҳамияти муҳими фароҳам овардани шароити мусоид барои шаҳрвандон ва меҳмонони хориҷӣ ҳангоми убури сарҳади давлатӣ, ки ба афзоиши сафарҳои мутақобила, рушди савдо, сайёҳӣ ва фарҳангӣ дар минтақа мусоидат мекунад, эътибор дод. Дар асоси натиҷаҳои таҳлили танқидии корҳои гузаронидашуда ба роҳбарони сохторҳои масъул оид ба минбаъд баланд бардоштани самарабахшии системаи посбонӣ ва ҳифзи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон супоришоти мушаххсас дода шуданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: