Масъалаҳои беҳтар намудани таъминоти энергия баррасӣ шуданд

  • Масъалаҳои беҳтар намудани таъминоти энергия баррасӣ шуданд
  • Масъалаҳои беҳтар намудани таъминоти энергия баррасӣ шуданд
  • Масъалаҳои беҳтар намудани таъминоти энергия баррасӣ шуданд
  • Масъалаҳои беҳтар намудани таъминоти энергия баррасӣ шуданд
  • Масъалаҳои беҳтар намудани таъминоти энергия баррасӣ шуданд
  • Масъалаҳои беҳтар намудани таъминоти энергия баррасӣ шуданд
  • Масъалаҳои беҳтар намудани таъминоти энергия баррасӣ шуданд

Президент Шавкат Мирзиёев 19 январ оид ба масъалаҳои беҳтар гардондани таъминоти энергия ҷамъомад баргузор намуд ва бо тақдимоти нақшаҳои соҳаи гидроэнергетикӣ шинос шуд.

Дар раванди рушди низоми энергетикии мамлакати мо ҳамаи намудҳои энергия истифода бурда мешавад. Дар баробари васеъ кардани иқтидорҳои мавҷуда неругоҳҳои нави барқии офтобӣ, бодӣ ва обӣ сохта мешаванд.

Аз ҷумла, дар солҳои охир дар соҳаи гидроэнергетикӣ 27 лоиҳа ба маблағи 500 миллион доллар амалӣ гардида, 260 мегаватт иқтидори тавлиди изофӣ фароҳам оварда шудааст. Иқтидори умумии неругоҳҳои низоми «Ӯзбекгидроэнерго» аз 2000 мегаватт гузашт. Ин маънои ҳар сол сарфа кардани 2 миллиард метри мукааб гази табииро дорад.

Соли ҷорӣ ба истифода додани 7 иншоот ва 10 неругоҳи хурди барқи обӣ бо иқтидори 197 мегаватт пешбинӣ шудааст. Инчунин корҳо оид ба татбиқи 8 лоиҳаи ояндадор ва сохтмони 50 неругоҳи хурди барқи обии иқтидориаш 438 мегаватт оғоз мегардад.

Сарвари давлат ба иқтидори баланди гидроэнергетика ишора намуда, барои хеле зиёд кардани иқтидори он дастурҳо дод.

Бо ин мақсад 250 майдони пешомаднок барои сохтмони неругоҳҳои барқии обии хурд муайян карда шудааст. Мувофиқи ҳисобу ки-тобҳо неругоҳхои барқии обии минбаъда метавонанд дар як сол 675 миллион киловатт-соат қувваи электр ҳосил карда, 200 миллион метри мукааб газро сарфа кунанд.

Ба шарофати нархҳои мусоиди хариди неруи барқе, ки дар неругоҳҳои барқи обии хурд истеҳсол мешавад, таваҷҷуҳи соҳибкорон ба ин соҳа афзуд. Дар робита ба ин, Президент имкони фурӯши неруи офтоб ва шамолро бо нархҳои ҷолиб қайд кард.

Вазифа гузошта шуд, ки дар майдонҳои озоди атрофи неругоҳҳои барқии обӣ, ки аз манбаъҳои неругоҳи барқии бодӣ ва офтобӣ асос ёфтаанд, сохта шаванд. Аз сабаби мавҷуд будани инфрасохтори тайёр хароҷоти сохтмони ин гуна неругоҳҳо кам мешавад.

Сарвари давлат ба масъалаи маҳаллисозӣ дар соҳа низ таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Супориш дода шуд, ки аз ҷониби ҷамъияти саҳҳомии «Сувсаноатмаш» истеҳсоли таҷҳизот барои неругоҳҳои хурди барқӣ, инчунин гидроагрегатҳо дар вилояти Тошканд ташкил карда шавад.

Ба масъалаҳои рақамисозии идоракунии обанборҳо ва такмили ихтисоси кадрҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Дар ҷамъомад тадбирҳои бо энергия муътадил таъмин намудани аҳолӣ муҳокима шуданд. Президент таъкид кард, ки аз тамоми захираҳои мавҷуда истифода бурда, ба шикасти мӯҳлати татбиқи лоиҳаҳои наву ояндадорро роҳ дода нашавад.

Барои зиёд кардани истеҳсоли шабонарӯзии энергия дар шароити нарасидани энергия, тақсими одилона ва самараноки захираҳо, ба маҳалҳо мунтазам расондани энергия, зуд бартараф намудани халалдоршавӣ вазифаҳо муайян карда шуданд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: