Аз ҷониби Кумитаи фан, таълим ва масъалаҳои нигаҳдории тандурустии Сенати Олий Маҷлис дар Институти давлатии шарқшиносии Тошканд унвони «Омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмию педагогии баландмалака: амалиёти миллӣ ва таҷрибаи хориҷӣ» анҷуман баргузор гардид.
Дар он аъзои кумита, вакилони вазорат ва идораҳо, ректор ва проректорҳои муассисаҳои таълими олӣ, мутахассисони марказҳои илмию тадқиқотӣ, марказҳои илмию амалии тиббии ихтисосонидашудаи ҷумҳурӣ ва ходимони ВАО иштирок намуданд.
Тадбирро раиси Кумитаи фан, таълим ва масъалаҳои ҳифзи тандурустии Олий Маҷлис З.Низомхоҷаев кушод ва гуфт, солҳои охир дар ҷумҳуриамон ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани самаранокии рушди илму фан, ҷорӣ сохтани технологияи инноватсионӣ дар нуқта ва соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат корҳои васеъмиқёс ба амал бароварда мешаванд. Дар натиҷа миқдори олим ва мутахассисоне, ки ба ривоҷи соҳа ҳиссаи муносиб мегузоранд, торафт зиёд мешавад.
Доир ба масъалаҳои долузарби омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ аз ҷониби мутахассисон, роҳбарони муассисаҳои таълими олӣ ва намояндагони вазоратҳои дахлдор панҷ маърӯза хонда шуд. Таъкид гардид, имрӯзҳо дар муассисаҳои таълими олии ҷумҳурӣ беш аз 26 ҳазор нафарашон устодон фаъолият мебаранд. Аз байни омӯзгорон 10182 нафарашон соҳиби дараҷаи илмӣ мебошанд.
Дар натиҷаи офарида шудани шароитҳои мусоид ба фаъолияти бонувон, баланд шудани мавқеи онҳо дар ҷамъият 31 фоизи докторҳои илм, 36 фоизи соҳиби дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhO)-ро занон ташкил менамоянд.
Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 12 июни соли 2015 «Дар бораи чораҳои боз ҳам такмил додани сохтори аз нав тайёр кардан ва баланд бардоштани малакаи роҳбар ва кадрҳои педагогии муассисаҳои таълими олӣ» дар назди муассисаҳои таълими олии такягоҳ 21-то марказҳои бозомӯзӣ ва такмили малака ташкил карда шуда, дар онҳо ҳар сол 8 ҳазор нафар кадрҳои педагогӣ дар бештар аз 200 самт малакаи худро такмил медиҳанд.
Дар натиҷаи такмили тартибу қоидаҳо оиди аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмию педагогии баландмалака миқдори семинарҳои илмӣ, ки диссертатсияро аз муҳокимаҳои аввал мегузаронанд, ба таври ҳисшаванада кам гашт. Комиссияи экспертии шӯрои илмӣ барҳам хӯрд. Миқдори ҳуҷҷатҳое, ки ба Комиссияи олии аттестатсионӣ оиди гирифтани дараҷаи илмӣ ва унвонҳои илмӣ пешниҳод мегарданд, ба ҳисоби миёна 43 фоиз коҳиш ёфт.
Баробари ҳамин, тавре дар анҷуман қайд гашт, норасоиҳо мавҷуданд. Дар ҷумҳуриамон дар пурра сафарбарсозии захираҳои моддию техникӣ ва илмию интеллектуалӣ аз салоҳият ва имкониятҳои мавҷудаи илмӣ-техникӣ ба дараҷаи кофӣ истифода бурда намешавад. Хусусан, тӯли се соли охир дар муассисаҳои таълими олие, ки дар тасарруфи Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус мебошанд, бо вуҷуди он ки 608 нафар ҷӯяндагон дар докторантураи такягоҳ ва докторантура таҳсил намудаанд, аз онҳо 44,5 фоизашон докторантураро бе ҳимояи рисола хатм сохтанд.
Назар ба таҳлилҳо, байни солҳои 2007-2016 аз 841-то тадқиқотҳои фундаменталие, ки пеш бурда шудаанд, 35-то ё худ 4,2 фоизи онҳо тадқиқотҳои байниидоравӣ мебошанд. Ин ҳолат ба пешравии фан, интегратсияи таълими олӣ ва илму фанни академӣ халал мерасонад.
Дар натиҷаи нарасидани таҷрибаҳо дар омодасозии лоиҳаҳои инноватсионӣ ва стартапӣ ҷорӣ намудани онҳо дар нуқта ва соҳаҳои иқтисодиёт ба дараҷаи паст қарор гирифтааст.
Дар анҷуман баҳри бартарафсозии норасоиҳое, ки қайд гардиданд, як қатор тавсияҳои амалӣ пешниҳод карда шуданд. Хусусан, оиди давра ба давра ба талаботи байналхалқӣ мувофиқсозии фаъолияти журналҳое, ки аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон тавсия мегарданд, зарурияти кор карда баровардани «харитаи роҳ» таъкид карда шуд. Ҳамчунин қайд гардид, ки ба сохтори ҳуҷҷатнигории электронӣ гузаронидани ҷараёнҳои расмӣ сохтан, паҳн намудан ва супоридани корҳои диссертатсионӣ ба мақсад мувофиқ мебошад.
Дар ҷамъбасти анҷуман, ки ба тарзи баҳсу мунозира сурат гирифт, саволу ҷавобҳо доир ба тавсияҳои дахлнок кор карда бароварда шуданд.
М. ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».