МАСЪАЛАҲОИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДӢ ДАР ШАРОИТИ ПАНДЕМИЯ БО НАЗАРДОШТИ ХУСУСИЯТИ ҲАР ЯК МИНТАҚА БАРРАСӢ МЕГАРДАД

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 24 апрел бинобар масъалаҳои таъмини шуғли аҳолӣ ва барқарор намудани фаъолияти соҳаҳои иқтисодиёт ҷамъомади навбатии видеоселекторӣ баргузор гардид.

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 24 апрел бинобар масъалаҳои таъмини шуғли аҳолӣ ва барқарор намудани фаъолияти соҳаҳои иқтисодиёт ҷамъомади навбатии видеоселекторӣ баргузор гардид.

Низоми карантин, ки зиёда аз як моҳ идома меёбад, барои ҳама, хусусан роҳбарони мақомоти идораи давлатӣ озмоиш ва таҷриба мегардад. Барои сабук кардани таъсири пандемия ба ҳаёти аҳолӣ, кори соҳибкорон ва бахшҳои иқтисод ҷамъомадҳои видеоселекторӣ гузаронида шуда, дар онҳо вазифаҳои мушаххас муайян мегарданд.

Дар ҷамъомади 22 апрел баргузоршуда, масъалаҳои фаъолияти устувори бахшҳои иқтисод, таъмини шуғли аҳолӣ, дастгирии иҷтимоии оилаҳои ниёзманд дар мисоли вилоятҳои Самарқанд ва Намангон баррасӣ шуда буд. Дар ҷамъомади навбатӣ корҳо дар вилоятҳои Фарғона ва Қашқадарё мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Дар вилояти Фарғона дар 120 нафар, вилояти Қашқадарё - дар 6 шаҳрванд, коронавирус ошкор карда шудааст.

Дар давраи карантин истеҳсоли маҳсулот дар 10 ҳазор корхонаи вилоятҳои Фарғона ва 11 ҳазор корхонаи Қашқадарё якбора кам шуд. Дар натиҷа шумораи бекорон хеле зиёд шуд. Ғайр аз ин, дар Фарғона 56 ҳазор ва Қашқадарё 91 ҳазор оилаи эҳтиёҷманд зиндагӣ мекунанд.

Дар ҷамъомад ба Вазорати тандурустӣ ва ҳокимони вилоятҳои мазкур супориш дода шуд, ки вазъро дар қисмати ноҳияҳо ва намудҳои фаъолият ба матлаби  хатари баланд, миёна ва пасти паҳншавии сироят таҳлил намуда, бо назардошти ин, оид ба бекор кардани маҳдудиятҳои карантинӣ ба баррасии Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ пешниҳод тақдим намоянд.

Соли равон барои сохтмон ва таҷдиди 130 иншоот дар вилояти Фарғона 632 миллиард сӯм, 132 объект дар вилояти Қашқадарё – 536 миллиард сӯм ҷудо карда шуд. Аммо, дар семоҳаи аввал азхудкунӣ ва татбиқи лоиҳаҳо аз нишондиҳандаҳо қафо монданд.

Бо назардошти таъмини шуғли аҳолӣ барои идома додани фаъолияти саноати сохтмон рухсат дода шуда, Президент зарурати тезонидани корҳоро дар тамоми объектҳои вилоятҳои мазкур таъкид намуд.

Таъмини мунтазами аҳолӣ бо озуқаворӣ ва мӯътадил нигоҳ доштани нархҳо дар бозори дохилӣ аз масъалаҳои мубрами рӯз ба ҳисоб меравад. Дар ин бобат истифода бурдан аз байни қаторҳои боғҳо ва токзорҳо захираи калон мебошад.

Дар вилояти Фарғона 34 ҳазор гектар ва Қашқадарё зиёда аз 22 ҳазор гектар боғу токзорҳо мавҷуданд. Аммо, танҳо ба 20 фоизи байни қаторҳо зироат кошта мешаванд. Бо дарназардошти ин, ба ҳокимиятҳои вилоятҳо супориш дода шуд, ки байни қатори боғу токзорҳоро барои кишти зироатҳои гуногун пурра истифода баранд ва ба ин васила шуғли аҳолиро таъмин намоянд.

Аҳамияти бунёди чоҳҳо дар заминҳои аз муомилот баровардашуда  ва лалмӣ, тақсими қитъаҳо дар байни аҳолӣ таъкид шуд. Бо ин мақсадҳо дар вилояти Фарғона 15 миллиард сӯм ва дар вилояти Қашқадарё 11 миллиард сӯм ҷудо карда шуд.

Супориш дода шуд, ки оилаҳои камдаромад тавассути тақсимоти саршумори чорво, парранда ва занбӯри асал бо кор таъмин карда шуда, тайёркунии маҳсулот афзун гардонда шавад.

Бо сабаби норасоии соли ҷорӣ дар обёрии зироатҳои такрории ноҳияҳои Ӯзбекистон, Учкӯприк, Ёзёвон, Қӯштепа, Миришкор, Нишон, Муборак ва Касбӣ метавонад мушкилот ба миён оянд. Аз ин рӯ, тавре ки дар ҷамъомад қайд карда шуд, дар ин ҷо зироати лӯбиёии камоби ба содирот нигаронидашуда парвариш карда шавад.

Мувофиқи мақсад будани дар 50-60 фоизи заминҳои аз ғалладона холишуда аз ҷониби худи фермерон рӯёндани маҳсулот ва тақсимоти боқимонда дар байни аҳолии муваққатан бекор ва ба ёрӣ эҳтиёҷманд тақсим кардани қисми боқимонда таъкид гардид.

Ҳокимони вилоятҳои Фарғона ва Қашқадарё бобати корҳои минбаъда оид ба барқарор кардани фаъолияти корхонаҳо тибқи риояи қоидаҳои карантинӣ, таъмини шуғл ҳисобот доданд.

Инчунин дар бораи кор оид ба дастгирии мақсадноки молиявии оилаҳои ниёзманд дар доираи фаъолияти ҳаракати умумихалқии «Саховат ва кӯмак», ташаббусҳои дахлдори соҳибкорон маълумот пешниҳод карда шуд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: