Зери раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 30 апрел ҷамъомади видеоселекторӣ дар бобати чораҳои инкишофи саноати маҳаллӣ дар минтақаҳо барпо гардид.
Зери раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 30 апрел ҷамъомади видеоселекторӣ дар бобати чораҳои инкишофи саноати маҳаллӣ дар минтақаҳо барпо гардид.
Масолеҳи сохтмон, мебел, амвол барои манзил ва маишат, пӯшок ва маҳсулоти озуқаворӣ – инҳо намудҳои маҳсулоте мебошанд, ки аҳолӣ онҳоро бештар истеъмол менамояд. Азхуд намудани истеҳсоли онҳо осон ва арзон мебошад. Ғайр аз ин чунин истеҳсолот инкишофи саноатро дар деҳот рағбатнок мегардонад ва табиист, ки барои бо кор таъмин намудани аҳолӣ мусоидат менамояд.
Барои мисол, дар се соли охир ҳаҷми истеҳсоли масолеҳи сохтмон дар мамлакат 1,5 баробар зиёд гардид. Аммо ҳаҷми ҷорӣ ва номгӯйи маҳсулот ҳанӯз ниёзи дохилиро қонеъ гардонда наметавонад. Соли 2020 қариб ба миқдори 1 миллиард доллар масолеҳи сохтмон содир шудааст.
Дар мамлакатамон бисёр иморату завод ва корхонаҳо, объектҳои иҷтимоӣ бунёд мегарданд. Ин ниёзро чӣ барои масолеҳи сохтмон ва чӣ маҳсулоти соҳаҳои ҳамҷавор зиёд мегардонад.
Бинобар ин дар ҷамъомад масъалаҳои инкишофи саноати маҳаллӣ ва афзудани истеҳсолот муҳокима гардиданд.
– Худ мебинед, ки имрӯз дар иқтисодиёти ҷаҳон вазъияти мураккаб ҳукмронӣ менамояд. Ба ҳама мушкил аст. Аз ин рӯ, мо бояд имконоти мавҷударо истифода намоем, ба натиҷаҳо ноил гардем, ҳар чизе, ки бо меҳнати ҳалол ба даст меорем, аз рӯи адолат онро то мардум бояд расонем. Инкишофи саноати маҳаллӣ низ дар ваколати ҳокимон мебошад. Агар оқилона, боақлона кор барем, потенсиали мавҷудаи инро ба кор андохтан мумкин мегардад, ки инҳо ҷойҳои кори зиёд ва фоидаи соҳибкорон ва ҳамчунин фараҳмандии аҳолӣ аст, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Ба ногузирии ташкили кор дар ин самт аз рӯи ҳалқаи «омӯзиши ниёзи дохилӣ – таҳлили воридот – муайян сохтани пойгоҳи захира – таҳияи лоиҳаҳои нав» ишора гардид.
Ба Вазорати сармоя ва савдои хориҷӣ дар қисмати минтақаҳо таҳияи барномаҳои алоҳидаи рушди саноати маҳаллӣ, аз ҷумла соҳаҳои масолеҳи сохтмон, бофандагӣ, пиллапарварӣ, дорусозӣ, электротехника, истеҳсоли масолеҳи чарму пойафзор, ҷавоҳирот, маснуоти сафолӣ, мебел ва ҳамчунин саноати хӯрокворӣ супурда шуд.
Роҳбари давлат пешниҳодро дар бораи ихтисосёбии 24 ноҳияи Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилоятҳо барои истеҳсоли масолеҳи сохтмон дастгирӣ намуд. Супурда шуд, ки дар ин ноҳияҳо корхонаҳои нав бо истифода аз пойгоҳи мавҷудаи ашёи хом ва инфрасохтори заводҳои бузург ташкил карда шаванд. Барои беҳсозии инфрасохтор дар ин ноҳияҳо қарор гардид, ки аз буҷет барилова 400 миллиард сӯм равона гардида, боз 100 миллиард сӯм барои кофтуковҳои геологӣ ҷудо карда мешавад.
Дар индустрияи масолеҳи сохтмон беш аз ҳазор лоиҳаи нав ба миқдори 5 миллиард доллар ташаккул ёфтааст. Қарор аст, ки беш аз 25 ҳазор ҷойи кор фароҳам оварда шавад.
«Ӯзпромстройбанк» пешниҳод менамояд, ки барои ин лоиҳаҳо хати кредитро ба миқдори 300 миллион доллар кушояд ва ба соҳибкорон ёрии амалиро аз тариқи марказҳои консалтингӣ дар филиалҳои бонк анҷом диҳад. Президент барои ҷудо намудани барилова 200 миллион доллар аз буҷети давлатӣ аз тариқи ин бонк супориш дод.
Таъкид шуд, ки барои лоиҳаҳо доир ба истеҳсоли намудҳои нави маҳсулоти сохтмон ва резакорӣ номаҳои шафоатӣ ба миқдори то 15 миллиард сӯм дода мешавад. Ғайр аз ин ба чунин истеҳсолгарон пардохташон аз рӯи кредит дар асъори миллӣ дар қисме, ки аз 10 фоизи ставкаи Бонки марказӣ меафзояд ва ҳамчунин 50 фоизи ставка аз рӯи кредити хориҷӣ ҷуброн карда мешавад.
Ҳамзамон истеҳсолгарон, ки дар минтақаҳои саноатии деҳот фаъолият доранд ва ҳамчунин истихроҷгарони ҳавзаҳои истихроҷӣ ва карерҳо, метавонанд ба коҳиши пардохти андози замин то 10 баробар умед банданд. 500 кони ғайримаъдан дар ауксион фурӯхта мешаванд ва дар пойгоҳи онҳо корхонаҳои саноатӣ ташкил хоҳанд гардид.
Таъкид гардид, ки ин имконот метавонад истеҳсоли масолеҳи сохтмонро 40 фоиз афзуда, номгӯйи маҳсулотро васеъ гардонда, ҷойгоҳи амволи воридотиро ишғол намояд.
Усули аз ҳама босамар таҳлили сохтори воридоте, ки ба ноҳия ва ё шаҳр дохил мегардад ва роҳандозии истеҳсоли ин маҳсулот дар минтақа мебошад.
Барои мисол, дар ду соли охир қариб 6 ҳазор иморати бисёрҳуҷра сохта шуда, қариб 30 фоизи масолеҳи истифодагардидаи сохтмон дар онҳо аз хориҷа оварда шудаанд. Ба ҳар яки қариб 100 ҳазор квартира, ки дар соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст, электротехника, мебел, василаҳои ошхона ва инчунин асбобҳои маишӣ ҳадди ақалл ба миқдори 20-30 миллион сӯм зарур мегардад.
Аз ин рӯ, ба шахсони масъул афзудани миқдори лоиҳаҳои локализатсияи амволи мавриди ниёз дар асоси таҳлили эҳтиёҷи бозор супурда шуда, оқилона ҷойгир намудани чунин амвол дар минтақаҳои саноатии ҳудудҳо вазифадор карда шуданд.
Мисли ин барои ноҳияҳое, ки ба масолеҳи сохтмон ихтисос меёбанд, таъкид ёфт, ки муайян намудани ноҳияҳо бо рушди амиқи истеҳсоли дигар намудҳои амволи саноатӣ, татбиқи лоиҳаҳои нав дар онҳо аҳамият касб менамоянд.
Ҳамкории саноатӣ инчунин барои рушди саноати маҳаллӣ муҳим мебошад. Аз ҷумла ҳафтаи гузашта дар ярмаркаи саноатӣ дар Навоӣ қариб ҳазор қарордод ба миқдори 376 миллиард сӯм ба имзо расид.
Таъкид шуд, ки чунин чорабиниҳоро дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва ҳар як вилоят баргузор намудан зарур мебошад.
Сифати маҳсулоти саноати маҳаллӣ ба талаби бозор бояд ҷавобгӯ бошад. Ин рақобатпазирӣ ва суботнокии корхонаро таъмин менамояд.
Бинобар ин дар назди Агентии «Ӯзстандарт» вазифаи дар 24 ноҳияи ихтисосёфта ташкил намудани лабораторияҳои замонавӣ ва омӯзондани истеҳсолгарон ба талабот ва сифати стандарти байналхалқӣ гузошта шуд.
Аз 1 июли соли ҷорӣ ба корхонаҳое, ки намудҳои нави масолеҳи сохтмон истеҳсол менамоянд, 50 фоизи харҷашон, ки бо татбиқи стандартҳои байналхалқӣ иртибот мегиранд, ҷуброн карда мешавад. Инчунин руйхати маҳсулоти сохтмон, ки барои сертификатсияи ҳатмӣ тааллуқ мегиранд, коҳиш дода мешавад.
Дар ҷамъомад инчунин масъалаи таъмини саноати маҳаллӣ бо кадрҳои соҳибмалака муҳокима гардид, зеро ки норасоии муҳандисон ва технологҳои замонавӣ дар маҳалҳо барои рушди соҳа мамониат менамояд.
Аз ин рӯ, ба Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсус якҷоя бо муассисаҳои таълими олии хориҷӣ таҳия намудани барномаҳо дар заминаи тарбияи муҳандисон ва технологҳо бо назардошти талаботи минтақаҳо супурда шуд.
Муовинони Сарвазир, роҳбарони соҳаҳо ва минтақаҳо аз рӯи масъалаҳои дар ҷамъомад муҳокимагардида маълумот доданд.
ӮзА.