МАСЪАЛАҲОИ МАРБУТ БА САЙЁҲӢ МУҲОКИМА ШУДАНД

Баланд бардоштани салоҳияти сайёҳии кишвар, ҷалби бештари сайёҳон яке аз шартҳои асосии рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба шумор меравад.

Баланд бардоштани салоҳияти сайёҳии кишвар, ҷалби бештари сайёҳон яке аз шартҳои асосии рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Бинобар ин, дар ҳудудҳо ба беҳ намудани инфрасохтор эътибор нигаронида шудааст.
Бояд гуфт, ки вилояти Ҷиззах ҳам дар қаламрави ҷумҳурӣ бо як қатор имкониятҳои сайёҳии худ бартарӣ дорад. Барпо гардидани меҳмонхонаҳои зиёд, ба вуҷуд овардани шароит барои истироҳати сайёҳон дар соҳили кӯли Айдар - Арнасой далели равшани ин гуфтаҳост.
Кумитаи Сенати Олий Маҷлис оид ба масъалаҳои муносибатҳои байналхалқӣ, сармояҳои хориҷӣ ва ривоҷи сайёҳӣ ба наздикӣ дар вилояти Ҷиззах бахшида ба рафти иҷрои Қонун «Дар бораи сайёҳӣ» ҷамъомад гузаронд. Дар ҷамъомад аъзои Сенат, депутатҳо, ходимони Садорати рушди сайёҳӣ ширкат варзиданд. Таъкид гардид, ки торафт дари имкониятҳо боз мегардад. Агар соли 2017 ҳамагӣ шаҳрвандони 19 мамлакати дунё ҳуқуқи бе раводид ба ҷумҳурӣ даромадан дошта бошанд, соли 2018 ин нишондиҳанда ба 47-то расид. Ҳоло шаҳрвандони 86 мамлакати дунё метавонанд бе раводид ба ҷумҳуриамон ворид шаванд. Ба ғайр аз ин, аз 52 давлати хориҷӣ метавонанд раводиди электрониро ба даст оваранд. Ҳарчанд бо сабаби пандемия мавҷи сайёҳон як андоза коҳиш ёфтааст, дар назар аст, ки баробари беҳ шудани вазъи эпидемиологии ҷаҳон ҷалби сайёҳон бештар мегардад. Ин тақозо менамояд, ки шароити мусоид омода карда шавад ва инфрасохтори маҳалҳо беҳ гарданд.
Раиси кумита Равшанбек Алимов, узви Сенат Санобар Суярова баробари эътироф намудани имкониятҳо боз камбудӣ ва муаммоҳоро низ номбар намуданд. Гуфтанд, ки депутатҳои шӯроҳои маҳаллӣ ҳам дар роҳи ҳалли муаммоҳо дар канор намонанд.

Анорбой НАЗАРОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик». 

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: