Масъалаҳои минбаъд баланд бардоштани самаранокии барномаи ислоҳот дар Ӯзбекистон баррасӣ шуданд

  • Масъалаҳои минбаъд баланд бардоштани самаранокии барномаи ислоҳот дар Ӯзбекистон баррасӣ шуданд
  • Масъалаҳои минбаъд баланд бардоштани самаранокии барномаи ислоҳот дар Ӯзбекистон баррасӣ шуданд
  • Масъалаҳои минбаъд баланд бардоштани самаранокии барномаи ислоҳот дар Ӯзбекистон баррасӣ шуданд

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 4 июл мушовири худ оид ба масъалаҳои рушди иқтисодӣ, идоракунии самарабахш ва ҳамкории байналмилалӣ Сума Чакрабортиро қабул кард.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои минбаъд идома додан ва баланд бардоштани самарабахшии ислоҳоти иқтисодӣ дар кишварамон дар ҷанбаи татбиқи Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав дар солҳои 2022-2026 баррасӣ шуданд.  

Мушовир Чакраборти ба барномаи васеъмиқёси ислоҳоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ки  таҳти сарварии роҳбари Ӯзбекистон татбиқ мегарданд, аз ҷумла ба дигаргуниҳо оид ба модернизатсия ва баланд бардоштани рақобатпазирии бахшҳои калидии иқтисодиёт, трансформатсия ва рақамикунонии тамоми соҳаҳои ҷомеа, такмил додани муҳити сармоягузорӣ ва корӣ дар ҷумҳурӣ,  тайёр кардани кадрҳои насли нав баҳои баланд дод.

Қайд гардид, ки ислоҳоти конститутсионии дар Ӯзбекистон оғоз гардида, ки мутобиқи тамоюлҳои демократӣ ва меъёрҳои ҳуқуқӣ, дар асоси таҷрибаи пешқадами миллӣ ва байналмилалии бунёди конститутсионӣ татбиқ мегардад, бобати ба сатҳи сифатан нав баровардани таҳаввулоти дар мамлакати мо татбиқшаванда мусоидат хоҳад кард.

Сума Чакраборти изҳори омодагӣ кард, ки минбаъд низ тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад, то ба ҳукумати Ӯзбекистон дар дарёфт ва татбиқи нуқтаҳои нави рушд мусоидат намояд.

Ёдовар мешавем, ки Сума Чакраборти то таъин шуданаш ба мақоми мушовири Президенти Ӯзбекистон ҳашт сол ба ҳайси президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд кор кардааст.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: