Дирӯз дар Донишкадаи байналхалқии Осиёи Марказӣ (ДБОМ) конфронси байналхалқӣ таҳти мавзӯи «Мушкилоти бехатарии минтақавии Осиёи Марказӣ баъд аз августи соли 2021» дар шакли гибрид баргузор шуд.
Дирӯз дар Донишкадаи байналхалқии Осиёи Марказӣ (ДБОМ) конфронси байналхалқӣ таҳти мавзӯи «Мушкилоти бехатарии минтақавии Осиёи Марказӣ баъд аз августи соли 2021» дар шакли гибрид баргузор шуд.
Намояндагон аз Донишгоҳи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатия, Бунёди дастгирии дипломатияи халқии ба номи А. М. Горчакови Федератсияи Русия, Донишкадаи давлатии Санкт-Петербург, Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналхалқии Маскав, Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. Ломоносов, Иттиҳодияи ҷамоаи «Мамлакати дашти бузург»-и Қазоқистон, Маркази таҳқиқотҳои амалии «Talap», Вазорати барқ ва саноати Қирғизистон, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносӣ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон, Донишкадаи таҳқиқотҳои байниминтақавӣ ва стратегияи назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон ба номи М. Улуғбек, Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар Тошканд, роҳбарони марказҳои илмии ғайридавлатӣ, таҳқиқотчиёни мустақил ва донишҷӯён иштирокдорони конфронс буданд.
Ба кори конфрос директори Донишкадаи байналхалқии Осиёи Марказӣ Анвар Носиров ҳусни ифтитоҳ бахшид.
Дар доираи сессияи сеюми анҷуман маърӯзаҳои сиёсатшиносон ва намояндагон аз ташкилотҳои номбаршуда таҳти мавзӯи «Воқеияти нави Осиёи Марказӣ. Рӯйдодҳои минтақа баъд аз августи соли 2021», «Осиёи Марказӣ дар ташаккулёбии харитаи нави геосиёсии ҷаҳон», «Симои Осиёи Марказии оянда аз нигоҳи таҳқиқотчиёни ҷавон» шунида шуд.
Иштирокдорон масъалаҳои долузарби бехатарии минтақа, нақши ташаккулёбии минтақаи Осиёи Марказиро дар геосиёсати ҷаҳон муҳокима намуда, фикру ақидаҳои худро доир ба ояндаи минтақа баён карданд.
Н. НОДИРОВА,
хабарнигори
«Овози тоҷик».