МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМИ ҲАМКОРИИ ДУҶОНИБА МУҲОКИМА ГАРДИДАНД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 24 март бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти телефонӣ анҷом дод.

Пурзӯр гардондани муносибатҳои ҳамкорӣ ва шарикии стратегӣ ва иттифоқии Ӯзбекистон ва Русия масъалаҳои долузарби васеъгардонии ҳамкориҳои ҳарҷониба дида баромада шуд.
Ба амал татбиқ намудани созишномаҳое, ки дар вохӯрии дараҷаи олии шаҳри Маскав моҳи ноябри соли гузашта ба тавофуқ расида буд, эътибори алоҳида нигаронида шуд.
Алоқаҳои фаъоли сари соли ҷорӣ ва афзоиши табодулҳои тарафайн бо қаноатмандӣ қайд карда шуд.
Чорабиниҳои тарафайн дар доираи Форуми инвеститсионии байналхалқии якуми Тошканд дар охири моҳи март ва Намоишгоҳи  байналхалқии саноати «Иннопром» дар формати нави минтақавӣ дар пойтахти Ӯзбекистон моҳи апрел бомуваффақият баргузор шуд.
Лоиҳаҳои устувор доир ба кооператсияи саноатӣ идома дорад.
Ҳаҷми афзоиши амвол аз сари соли ҷорӣ ба 40 фоиз афзоиш ёфт.
Доир ба ҳамкории гуманитарӣ, аз ҷумла, дар соҳаҳои таълим, ҳифзи тандурустӣ, фарҳанг, сайёҳӣ ва варзиш барномаҳои муҳим ба амал татбиқ мегарданд.
Сарони давлатҳои Ӯзбекистон ва Русия тақвияти робитаҳои кооператсияҳои байни доираҳои корчаллон ва муҳимияти истифодаи пурсамар аз салоҳияти бузурги байни ҳудудҳоро таъкид намуданд.
Аз рӯйи масъалаҳои сиёсати байналхалқӣ ва рӯзномаи минтақа низ мубодилаи афкор ба вуҷуд омад.
Мулоқоти ттелефонии президентҳои ду мамлакат ба тарзи анъанавии кушод, эътимодбахш ва дӯстона баргузор шуд. 

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: