МАСЪАЛАҲОИ НАЗАРРАСУ ҲАЛТАЛАБ МУҲОКИМА ГАРДИДАНД

Дар шуъбаи корҳои мудофиаи ноҳияи Чуст бо ташаббусу дастгирии сардори қисми молиявӣ-хоҷагии идораи мазкур Равшанбек Қурбонов ҷамъомади навбатии собиқадорони ҳарбӣ барпо гардид.

Дар шуъбаи корҳои мудофиаи ноҳияи Чуст бо ташаббусу дастгирии сардори қисми молиявӣ-хоҷагии идораи мазкур Равшанбек Қурбонов ҷамъомади навбатии собиқадорони ҳарбӣ барпо гардид. Раиси шӯрои собиқадорони ҳарбии вилояти Намангон Ҳасан Хидиров таъкид намуд, ки то ин вақт чунин чорабинӣ дар чанде аз ноҳияҳои вилоят гузаронида шуданд. 
Вай қайд кард, ки дар ҷамъомад масоили ҳифзи сиҳатии собиқадорони ҳарбӣ, таъминоти онҳо бо нафақа ва манзили зист муҳокима карда мешаванд. Пешбинӣ шудааст, ки собиқадороне, ки 20 сол ва беш аз он хидмати ҳарбиро адо намудаанд, новобаста аз рутбаи ҳарбиашон метавонанд дар госпитали ҳарбӣ, аз рӯйи имтиёзҳо, бепул сиҳатии худро беҳтар намоянд. Кулли собиқадороне, ки 25 сол ва аз он зиёд хидмати ҳарбиро ба иҷро расондаанд, худашон ва ҳам аҳли оилаашон дар госпитали ҳарбӣ бепул муолиҷа гирифта метавонанд. Минбаъд собиқадорони ҳарбӣ дар осоишгоҳи имтиёзноки Вазорати мудофиа саломатии худро мустаҳкам хоҳанд кард. Танҳо аз нафақахӯрон дархост карда мешавад, ки онҳо дар бораи муддати хидмати ҳарбии адокардаашон маълумотномаро аз шуъбаи корҳои мудофиаи ноҳия ба муассисаи ҳарбии тиббӣ қаблан пешниҳод кунанд. Оид ба ислоҳоти таъминоти нафақаи собиқадорон фикру мулоҳизаҳо ба Вазорати мудофиа ирсол гардида буданд. Боз дар ин масъала пешниҳодҳо ба қайд гирифта шуданд. Ба собиқадороне, ки бо баъзе сабабҳо дар давоми хидмати ҳарбӣ бо манзили зист таъмин нагардидаанд, дар асоси аризаашон ба шуъбаи корҳои мудофиаи ноҳия барои сохтмони ихтиёрии хонаю ҷо қитъаи замин ҷудо карда ё манзили зист дода хоҳанд шуд. Хидматчиёни ҳарбие, ки дар аснои иҷрои ӯҳдадории ҳарбӣ маъюб шудаанд, мувофиқи гурӯҳҳои  I, II ва III нафақа мегиранд ва аз имтиёзҳо фоида мебаранд. Хидматчиёни ҳарбие, ки ҳангоми адои ӯҳдадории ҳарбӣ ҳалок гардидаанд, то ба воя расидани фарзандонашон ва дар мактаб, муассисаҳои таълими махсус ва олӣ таҳсилгирии онҳо барояшон кӯмакпулӣ дода мешавад.
Аз январи соли гузашта собиқадорони ҳарбие, ки дар муассисаҳои таълимӣ ё дар дигар соҳаҳо фаъолияти меҳнатӣ мебаранд, нафақаи хидматиашонро ҳар моҳ пурра гирифта истодаанд. Аз ҷониби шуъбаи вилоятии ҳизби либералӣ-демократӣ 15 нафар собиқадорони ҳарбӣ таҳсил гирифтанд, то фаъолияти соҳибкориашонро пеш баранд. Ҳизб омода аст собиқадорони ҳарбиеро, ки хоҳиши соҳибкор шудан доранд, ҳамеша дастгирӣ намояд.
Ҳ.Хидиров дар хотимаи сухан боз як навгониро илова кард, ки дар оянда собиқадорони ҳарбие, ки нияти сафари ҳаҷ доранд, идораи корҳои мудофиа барои ба онҳо ҷой ҷудо кардан кӯмак мерасонад.
Сардори шуъбаи молия ва иҷтимоии садорати корҳои мудофиаи вилояти Намангон Шуҳрат Расулов шарҳ дод, ки барои фарзандони ба воя нарасидаи собиқадорони ҳарбӣ кӯмакпулӣ дода мешавад. Агар собиқадор дар ягон муассиса ё корхона меҳнат кунад, кӯмакпулӣ боздошта хоҳад шуд. 
Дар давоми тадбир иштирокчиён бо фотоалбом ва дастуруламалҳое, ки фаъолияти шӯрои собиқадорони ҳарбии вилоятро акс намудаанд, шинос шуданд.
Дар анҷом сардори гурӯҳи собиқадорони ҳарбии ноҳияи Чуст Воҳид Тошхӯҷаев бо ташаккурномаи садорати корҳои мудофиаи вилояти Намангон мукофотонида шуд.

Ш.МИРЗОЕВ,
собиқадори ҳарбӣ.

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: