МАСЪАЛАҲОИ НАЗАРӢ ВА АМАЛИИ ТАРҶУМАИ БАДЕӢ

Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон таҳти мавзӯи «Масъалаҳои муҳими тарҷумаи адабиёти муосири ӯзбек ба забонҳои хориҷӣ ва тарғиб сохтани он дар мамлакатҳои дунё» анҷумани илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор намуд.

Он бо ҳамкорӣ бо бунёди «Эҷод» сурат гирифта, шоиру нависандагон, адабиётшиносҳо, забоншиносон, мутарҷимон ва кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ иштирок намуданд.
Анҷуманро ҷонишини якуми раиси Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон Нодир Ҷонузоқов  кушода, таъкид сохт бобати ба забонҳои хориҷӣ тарҷума ва чоп намудани беҳтарин асарҳои шеърӣ, насрӣ, драмавӣ ва адабиёти бачагона дар рӯзҳои мо бисёр корҳои муҳим ба иҷро расонда шуданд. 
Мақсад аз чорабинии навбатӣ боз ҳам ҷоннок сохтани фаъолият дар ин самт ва дар доираи васеътар тарғиб сохтани адабиёти замонавии ӯзбек мебошад, гуфт Шоири мардумии Ӯзбекистон Муҳаммад Алӣ. Директори институти забону адабиёти ӯзбек ва фолклори АУ Ӯзбекистон Низомиддин Маҳмудов бобати мушкилот ва нозукиҳои кори тарҷума, то чӣ андоза масъулиятталабии баргардониш аз ӯзбекӣ ба забонҳои хориҷӣ, баробари ин, масъалаҳои муҳими назария ва амалиёти баргардониш баромад намуд. Нависанда Рисолат Ҳайдарова оиди тақдимоти лоиҳаҳои «Намунаҳои назмию насрии адабиёти ӯзбек дар асри XXI» ва «Қиёфаи адабиёти Ӯзбекистон дар асри XXI» маърӯза хонд ва таъкид сохт, ки баробари ба забонҳои дунё тарҷума ва нашр сохтани дурдонаҳои адабиёти ӯзбек ба ӯзбекӣ тарҷума ва чоп кунондани беҳтарин асарҳои назмию насрии адибоне, ки қазоқӣ, қирғизӣ, туркманӣ ва тоҷикӣ эҷод мекунанд, аз вазифаи муҳими мо маҳсуб меёбад. Намунаҳое, ки аз забони халқҳои бародар ба ӯзбекӣ тарҷума шудаанд, дар яке аз шумораҳои махсуси маҷаллаи «Шарқ юлдузи» ба табъ хоҳанд расид. Баъдтар дар шакли китоби алоҳида баровардани он намунаҳо, айни замон, ба нақша даромадааст.
Таҳлили тарҷумаи шеърҳои Муҳаммад Юсуф ба забони туркӣ аз ҷониби муаллимаи кафедраи тарҷумашиносии Институти давлатии шарқшиносии Тошканд Меҳринисо Қаюмова тақдим карда шуд. 
Анҷуман дар 3 шуъба кори худро идома дод. Дар шуъбаҳо оид ба масъалаҳои назария ва амалиёти тарҷума маърӯзаҳо, айни замон, аз адабиёти муосири ӯзбек тарҷумаҳо ба забони англисӣ мавриди муҳокима қарор дода шуданд. Тарҷумаи шеърҳои Фарида Афрӯз ба форсӣ-тоҷикӣ, баргардониши ашъори Шоири мардумӣ Маҳмуд Тоир ба забони туркӣ таҳлил карда шуд. Таъкид сохтанд, ки дида баромадани масъалаи беҳсозии сифати тарҷумаи таҳтуллафзи шеърияти замонавӣ ба забони халқҳои бародар ва хориҷ вазифаи муҳим мебошад. Вақти он расидааст ба тарҷумаи бадеии асарҳоямон ба забонҳои хориҷӣ ҷиддан шурӯъ созем. Хуб мешуд тарҷумонҳоямон бо муҳаққиқони адабиёти муосир ҳамкориро мустаҳкам намоянд. Дигар аз вазифаҳои долузарбе, ки назди мо истодааст, омодасозии кадрҳои лаёқатнок дар соҳаи тарҷумаи бадеӣ мебошад. Лозим аст дар ин бора таклиф ва тавсияҳои аниқ таҳия шавад.

М.ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: