МАСЪАЛАҲОИ ПУРЗӮР ГАРДОНДАНИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР МУБОРИЗА БО ПАНДЕМИЯ БАРРАСӢ ШУДАНД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 17 апрел оид ба масъалаҳои пурзӯр гардондани ҳамкорӣ бо институтҳои байналмилалии молиявӣ дар мубориза алайҳи пандемияи коронавирус ҷамъомад баргузор намуд.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 17 апрел оид ба масъалаҳои пурзӯр гардондани  ҳамкорӣ бо институтҳои байналмилалии молиявӣ дар мубориза алайҳи пандемияи коронавирус ҷамъомад баргузор намуд.

Соли ҷорӣ азхудкунии 2,7 миллиард доллар, ки сохторҳои молиявии байналмилалӣ ва хориҷӣ ҷудо намудааст, ба нақша гирифта шудааст. Қисми зиёди ин маблағҳо ба ҳиссаи Бонки осиёгии рушд, Бонки ҷаҳонӣ ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) рост меояд.

Лоиҳаҳои мавҷуда бо назардошти вазъи имрӯза муносиб гардонда  шуда, маблағҳо дар навбати аввал ба соҳаи тибб равон карда мешаванд. Созмонҳои байналмилалӣ омодагии худро ҷиҳати саҳмгузорӣ ба кишвари мо изҳор мекунанд.

Дар ҷамъомад зарурати тезонидани раванди ҷалб намудан ва азхуд кардани 277 миллион доллар, ки институтҳои байналмилалии молиявӣ мехоҳанд ба соҳаи тандурустии Ӯзбекистон барои мубориза бо пандемия ҷудо кунанд, қайд гардид. Оиди бо кӯмаки Бонки осиёгии рушд бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ муҷаҳҳаз гардондани беморхона дар ноҳияи Зангиота ва минтақаи карантини ноҳияи Юқоричирчиқи вилояти Тошканд супориш дода шуд.

Дар назди Вазорати тандурустӣ вазифаи аз ҳисоби  30 миллион доллари  Бонки осиёии рушд ва Бонки ҷаҳонӣ харидани 2,3 ҳазор дастгоҳҳои вентилятсияи сунъӣ ва таҷҳизоти дигар гузошта шуд.

Оид ба ҷалби сармояҳои иловагии Бонки осиёии сармояҳои инфрасохторӣ ва Бонки ҷаҳонӣ, ба низоми нигаҳдории тандурустӣ ва умуман соҳаи иҷтимоӣ равона намудани онҳо супоришот  дода шаданд.

Дар шароити пандемия ҷалб намудани 700 миллион доллар барои дастгирии соҳибкорӣ, тиҷорати хурд ва миёна ба нақша гирифта шудааст.

Роҳбари давлат зарурияти ҷудо кардани ин маблағро, пеш аз ҳама, барои рушди меваву сабзавотпарварӣ, саноати озуқаворӣ ва дастгирии содирот қайд кард.

Тавре ки маълум аст, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 19 марти соли равон Бунёди зиддибӯҳронӣ таъсис дода шуда буд. Аз ин маблағ иловагӣ ҷудо кардани 3,6 триллион сӯм барои дастгирии лоиҳаҳо дар соҳаи рушди инфрасохтор ва хоҷагии коммуналӣ пешбинӣ шудааст.

Дар маҷлис ба масъалаи мазкур диққати махсус дода, ба шахсони масъул супоришоти дахлдор дода шуданд.

Аҳамияти ба имзо расондани созишномаҳои иловагии грантӣ бо ташкилотҳои донор барои чораҳои  мубориза алайҳи пандемияи коронавирус таъкид гардид.

Оид ба суръатбахшии ҷалбкунӣ ва азхудкунии саривақтии мақсадноки маблағҳои институтҳои байналмилалии молиявӣ вазифаҳо муайян шуданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: