7 октябр Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бино бар масъалаҳои рушди бозори бунёдӣ машварат баргузор кард.
Бозори коғазҳои қиматбаҳо воситаи муҳими ҷалби маблағҳои озоди пулӣ ба иқтисодиёт ва ба ҷараёнҳои сармоягузорӣ равона кардани онҳо ба шумор меравад. Давраи аввалини ислоҳоте, ки дар ин самт амалӣ шуд, дар ибтидои соли равон таъсис додани Оҷонсии оид ба рушди бозори сармоя гардид. Интишори облигатсияҳои давлатӣ аз нав ба роҳ монда шуд.
Вале механизми интишори коғазҳои қиматбаҳо ва фурӯши онҳо дар бозори бунёдӣ самарабахш истифода намешавад. Миқдори умумии саҳмияҳо дар бозори бунёдӣ 25 триллион сӯмро ташкил медиҳад, ки ба шаш фоизи ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳам намерасад. Чунончи, ин нишондиҳанда дар Сингапур 188, дар Малайзия 112, дар Русия 34 фоизро ташкил медиҳад.
Соли равон облигатсияҳои давлатӣ танҳо аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ аз тариқи бозори асъор фурӯхта шуданд. Миқдори иштирокдорони касбии бозори бунёдӣ ба 100-то ҳам намерасад. Вобаста ба ин коркарди стратегияи рушди бозори бунёдӣ дар тӯли солҳои 2020-2025 пешбинӣ мегардад. Пешбинӣ шудааст, ки то охири соли 2025-ум мубодилаи коғазҳои қиматбаҳое, ки дар муомилаи озод қарор доранд, нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ то ба 10-15 фоиз расонида шавад.
Дар машварат корҳои пешистода бино бар расидан ба ин ҳадаф баррасӣ шуданд.
Қайд гардид, ки ҳоли ҳозир соҳаи мазкур қариб бо сад ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ танзим мегардад, бисёр маҳдудиятҳо мавҷуданд. Чунончи, дар давлатҳои пешқадам бонкҳо иштирокдори фаъоли бозори бунёдӣ ба шумор мераванд, дар кишвари мо бошад, хариди саҳмияҳои субъектҳои дигар дар бозори ибтидоӣ манъ карда шудааст.
Роҳбари давлат зарурати таҷдиди назар кардани ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ, бекор намудани маҳдудиятҳои зиёдатӣ ва содда кардани корҳоро дар бозори бунёдӣ таъкид кард.
Ҳоли ҳозир 85 фоизи саҳмияҳои 605 ҷамъияти саҳҳомӣ ба давлат тааллуқ доранд. Аз онҳо дар бозори бунёдӣ танҳо панҷ фоиз – саҳмияҳои 105 ҷамъият дар муомила мебошанд. Дар машварат бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ барои зиёд кардани навъҳои коғазҳои қиматбаҳо дар бозори сармоя супоришот дода шуданд.
Чораҳо оид ба баланд бардоштани талабот ба коғазҳои қиматбаҳо, барои иштирок дар бозорҳои бунёдии ватанӣ ҷалб намудани биржаҳо, брокер ва бонкҳои хориҷӣ баррасӣ шуданд. Масъалаҳои ба бозори бунёдӣ ҷалб намудани қисми муайяни даромади ширкатҳои суғуртавӣ, ба бонкҳо барои аз бозори ибтидоӣ харидани коғазҳои бозоргири қиматбаҳо рухсатдиҳӣ муҳокима гардиданд.
Зарурати пурзӯр кардани ҳифзи ҳуқуқи сармоягузорон ва саҳҳомони миноритарӣ, такмил додани тартиби пардохт ва ситондани девидендҳо қайд гардид. Супориш дода шуд, ки идораи корпоративӣ такмил дода, ба меъёрҳои байналхалқии ҳисоботдиҳии молиявӣ ва аудити байналхалқӣ иқдом гузошта шавад.
Пешрафти соҳа аз малакаи мутахассисон ва саводи молиявии аҳолӣ низ вобаста мебошад. Ҳоло дар мамлакат ҳамагӣ 300 мутахассисе, ки гувоҳномаи дахлдори ихтисосӣ доранд, фаъолият мебаранд. Дар кишварҳои пешқадам ҳазорҳо нафар дар ин соҳа кор мекунанд.
Вобаста ба ин ба зиммаи Оҷонсии оид ба рушди бозори сармоя бобати ҳамоҳанг сохтани фаъолияти кафедраҳои дахлдори Донишкадаи молияи Тошканд ва таъмин кардани такмили ихтисоси кадрҳо ва тайёр намудани донишҷӯён якҷо бо мактабҳои олии пешқадами хориҷӣ вазифа гузошта шуд.
Ба вусъат додани корҳои ахбор дар бораи дигаргуниҳои бозори бунёдӣ, баланд бардоштани саводи молиявии аҳолӣ эътибори махсус дода шуд.
Бино бар масъалаҳое, ки дар машварат баррасӣ шуданд, ахбори шахсони масъул шунида, вазифаҳои афзалиятноки пешомад муайян карда шуданд.
ӮзА.