МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ МИНБАЪДАИ САНОАТИ НАФТУ ГАЗ ВА КИМИЁ ҲАМАҶОНИБА БАРРАСӢ ШУДАНД

21 феврал Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бахшида ба таҳлили самараи ислоҳоте, ки дар саноати нафту газ ва кимиё татбиқ мегарданд, масоили рушди мунтазами соҳаҳои мазкур машварат баргузор кард.

Дар мамлакати мо бобати рушди маҷмӯии соҳаҳои гармиву энергетика ва диверсификатсияи манбаъҳои энергия корҳои мустақим амалӣ мешаванд. Ин омили муҳими таъмин кардани талаботи рӯзафзуни соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолӣ бо захираҳои энергетикӣ ба шумор меравад,
Ба Барномаи сармоявии соли равон 26 лоиҳаи арзиши умимиашон 27,8 миллиард доллар, ки ба соҳа дахл доранд, ворид гардидаанд. Президент зарурияти назорати ҳаррӯзаи ин лоиҳаҳо ва таъмин кардани татбиқи саривақтиву босифати онҳоро таъкид намуд.
Ба вазоратҳои энергетика ва молия супурда шуд, ки шарти бо маблағтаъминкунии вомҳои хориҷӣ бо 2,3 миллиард доллар бинобар лоиҳаи «Ба роҳ мондани истеҳсоли сӯзишвории моеи синтетикӣ (GTL) дар пойгоҳи метани софшудаи Маҷмӯи газу кимиёи Шӯртан», ҷалб намудани воми «Газпромбанк» (Русия) барои 300 миллион доллар бинобар лоиҳаи «Вусъат додани иқтидорҳои истеҳсолии Маҷмӯи газу кимиёи Шӯртан»-ро муайян кунанд.
Зарурати маблағҳои молиявиро барои татбиқ сохтани лоиҳаҳо, аз ҷумла истеҳсоли гази моеъ дар Корхонаи коркарди гази Муборак, корхонаҳои «Шӯртаннефтгаз» ва «Газлинефтгаз», истеҳсоли нафт ва газ, хариди таҷҳизот барои ҷустуҷӯйҳои геологӣ аз ҳисоби заёмҳои аврупоӣ, ки кишвари мо баровардааст, таъкид гардид.
Дараҷаи ғайриқаноатбахши кор бобати ҷалби сармояҳои бевоситаи хориҷӣ ба минтақаҳои барои корҳои ҷустуҷӯйи геологӣ душвор таъкид шуд.
Дар машварат ба масъалаи коҳиш додани қарздории дебиторӣ, ки дар соҳа ба миён омадааст, эътибори махсус дода шуд.
Дар ҷараёни таҳлили иқтидори содиротии соҳа зарурати зиёд кардани ҳаҷми содирот аз ҳисоби коркарди амиқи карбогидрид ва дар ин маврид танҳо ба газ маҳдуд нашудан қайд гардид.
Дар назди роҳбарияти «Ӯзбекнефтегаз» ва «Ӯзкимиёсаноат» вазифаи тайёр кардани консепсия оид ба истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши иловагӣ – полимерҳо, полистиролҳо, ПЭТ, каучукҳои синтетикӣ ва пешниҳоди он ба сармоягузорони хориҷӣ дар конфронси байналхалқии нафту газ, ки моҳи майи соли равон дар Тошканд баргузор мегардад, гузошта шуд.
Дар машварат зарурати коркарди пешниҳодот бинобар такмил додани низоми Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекнефтегаз», таҷдиди назар намудани тарифҳо бо назардошти равандҳои бозаргонӣ, зина ба зина ба раёсати мӯътамади сармоягузорон додани пойгоҳҳои нафт ва хидматҳои минтақавии таъминоти газ, аз ҷумла Корхонаи коркарди нафти Фарғона дар асоси шарикии давлатию хусусӣ зикр гардид.
Дар ҷамъомад ҳамчунин вазъи кор дар соҳаи кимиё, ки бо соҳаи нафту газ робитаи ҷудонопазир дорад, таҳлил шуд.
Барои рушди саноати кимиё ва диверсификатсияи истеҳсолот татбиқ намудани 33 лоиҳаи арзиши умумиашон ҳашт миллиард доллар, аз ҷумла чаҳор лоиҳа дар соли равон пешбинӣ шудааст. 
Президент даромаднокии баланди саноати кимиёро таъкид намуда, супориш дод, ки барои лоиҳаҳои пешомадноки солҳои 2019-2025-ум сармояҳои бевоситаи хориҷӣ ҷалб карда шаванд.
Аз ҷумла, вазифа гузошта шуд, ки бо шарикони хориҷӣ бинобар Корхонаи суперфосфати Қӯқанд, Корхонаи соддабарори Қӯнғирот муоҳидаҳо ба имзо расонда, ҳамчунин барои сохтмони заводи истеҳсоли аммиак ва карбамид дар шаҳри Янгиер сармоягузорон дарёфт карда шаванд. Зарурати рушди соҳаҳо дар пояи шаклҳои моликияти хусусӣ ба мақсади тезондани бозсозии корхонаҳои саноати кимиёӣ ва баланд бардоштани сифати маҳсулот қайд гардид. 
Ба роҳбарияти «Ӯзкимиёсаноат» супурда шуд, ки бо назардошти масъалаҳои муҳим танҳо бо истеҳсоли нуриҳои минералӣ маҳдуд нашаванд, балки соҳаро ба низоми бисёрҷанба табдил диҳанд. Бояд якҷо бо Вазорати иқтисодиёт ва саноат самтҳои пешомадноки истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловагӣ ва вусъат додани номгӯйи он мушаххас карда шаванд, гуфт роҳбари  давлат.
Бинобар масъалаҳое, ки дар машварат баррасӣ гардиданд, ахбори шахсони масъул шунида шуданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: