МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ НИЗОМИ ТАЙЁР КАРДАНИ ВАРЗИШГАРОН БАРРАСӢ ГАРДИД

Президент Шавкат Мирзиёев 9 июл бо тақдимот оид ба масъалаҳои рушди таълими варзишӣ ва тайёркунии захираҳои олимпӣ шинос шуд.

Президент Шавкат Мирзиёев 9 июл бо тақдимот оид ба масъалаҳои рушди таълими варзишӣ ва тайёркунии захираҳои олимпӣ шинос шуд.
Имрӯз дар мамлакатамон 15 коллеҷи захираҳои олимпӣ, 344 мактаби варзишӣ ва 7 мактаби олии варзишӣ фаъолият нишон медиҳанд. Дар онҳо 380 ҳазор ҷавонон мунтазам бо зиёда аз 100 намуди варзиш шуғл меварзанд.
Дар се соли охир донишандӯзони коллеҷҳои захираҳои олимпӣ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ 723 медал ва дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ зиёда аз 10 ҳазор медал ба даст оварданд. Ба дастаи мунтахаби миллии Ӯзбекистон тақрибан 4,5 ҳазор донишҷӯ қабул карда шуд.
Барои рушди минбаъдаи ин самт бояд пойгоҳи моддию техникии муассисаҳои таълимии варзишӣ мустаҳкам карда, ихтисоси мураббиёнро такмил дод.
Аз ҷумла, аз тақрибан 14 ҳазор мураббӣ, ки дар ин муассисаҳо кор мекунанд, қариб 6 ҳазор нафарашон маълумоти олӣ надоранд. Инчунин мураббиён оид ба намудҳои варзиши аспдавонӣ, панҷҳарбаи муосир, регби, тирандозӣ, камонварӣ, велосипедронӣ, ғаввосӣ ва шиноварии синхронӣ намерасанд.
Ба муносибати ин дар рафти тақдимот масъалаҳои куллан такмил додани низоми таълими варзишӣ, ҷорӣ кардани барномаву услубҳои замонавӣ, рушди пойгоҳи моддию техникии муассисаҳо баррасӣ шуданд.
Сарвари давлат супориш дод, ки инфрасохтори коллеҷҳои захираҳои олимпӣ ва мактабҳои олии самти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш беҳтар гардонда, сифати таълими варзишӣ баланд бардошта, шумораи хонандагон ва донишҷӯён зиёд карда шавад.
Муқаррар шудааст, ки барои варзишгароне, ки ба шуъбаҳои намудҳои паралимпии варзиши коллеҷҳои захираҳои олимпӣ фиристода мешаванд, то 10 фоиз квотаи иловагӣ ҷудо карда, тартиби ситондани маблағи таҳсил аз волидайн бекор карда мешавад. Дар баробари ин тамоюли баробарии гендерӣ мувофиқи талаботи Кумитаи байналмилалии олимпӣ бо роҳи зиёд кардани квота барои духтарон татбиқ карда мешавад.
Оид ба пурзӯр намудани корҳои селексия, таъмини рӯшодӣ ва шаффофият, решакан кардани зуҳуроти коррупсионӣ дар ин раванд дастурҳо дода шуданд. Вазифаи ба роҳ андохтани платформаи электронӣ барои қабули донишҷӯён ба коллеҷҳои захираҳои олимпӣ, хоста гирифтани варзишгарони қобилиятнок ва ташкили мусобиқаҳо гузошта шуд.
Президент аҳамияти ҳамкории коллеҷҳои захираҳои олимпиро бо федератсияҳои варзиш, истифодаи васеи чунин мутахассисон аз қабили промоутерҳо, скаутҳо, агентҳо дар пешбурди ҷавонони боистеъдод ва рушди ин соҳаҳо таъкид кард.
Оид ба беҳтар гардондани омодагии ҷисмонӣ, тиббӣ ва психологӣ, дастгирии фармакологии варзишгарон дастурҳо дода шуданд. Зарурати рушди ҷузъи илмии тайёрии варзишӣ ва низоми идоракунии муассисаҳои таълимӣ қайд гардид.
Аз соли таҳсили 2021/2022 дар мактабҳои варзишӣ тайёркунии варзишгарон бо разрядҳо ва унвонҳо дар асоси фармоиши давлатӣ ба роҳ монда  хоҳад шуд.
Зарурати ҷалби мутахассисони варзидаи хориҷӣ ба он намудҳои варзиш, ки мураббиён намерасанд, ба онҳо вобаста намудани мураббиёни маҳаллӣ ва донишҷӯён барои омӯзиши таҷриба зикр гардид.
Инчунин оид ба сохтмон ва таъмири муассисаҳои варзишӣ ва таълимӣ, бо таҷҳизоти замонавӣ ва адабиёти варзишӣ муҷаҳҳаз намудани онҳо дастурҳо дода шуданд.
Дар ҷамъомад омодагӣ ба Бозиҳои тобистонаи олимпӣ ва паралимпӣ низ баррасӣ шуд. Варзишгарони мо ба ин мусобиқаи бонуфуз, ки дар пойтахти Ҷопон  Токио баргузор мегардад, дар маҷмӯъ 126 роҳхат ба даст оварданд.
Сарвари давлат зарурати дастгирии ҳамаҷонибаи варзишгарон ва мураббиён, фароҳам овардани тамоми шароитҳоро барои ба даст овардани натиҷаҳои баланд таъкид кард. Баробари ин Президент дастур дод, ки омодагӣ ба Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Фаронса оғоз карда шавад.
ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: