МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ САНОАТИ БОФАНДАГӢ БАРРАСӢ ШУДАНД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 23 апрел бинобар масъалаҳои таъмини субот дар соҳаи саноати бофандагӣ, коҳиш додани таъсири пандемия ба соҳа ҷамъомад баргузор намуд.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 23 апрел бинобар масъалаҳои  таъмини субот дар соҳаи саноати бофандагӣ, коҳиш додани таъсири пандемия ба соҳа ҷамъомад баргузор намуд.

Дар ин самт дар мамлакатамон беш аз 2 ҳазор корхона фаъолият дошта, дар онҳо 365 ҳазор нафар кор мекунанд. Дар се соли охир иқтидори содиротии соҳа ду маротиба афзоиш ёфтааст. Соли гузашта ба маблағи 1,6 миллиард доллар маҳсулот ба бозорҳои хориҷӣ ворид карда шуд.

Аммо ин кофӣ нест, зеро захираҳо ва имконоти соҳа бузурганд. Ӯзбекистон барои азнавкоркарди пурраи пахтаи рӯёндашуда, то 15 миллиард доллар расондани содирот ва бо кор таъмин намудани беш аз 3 миллион нафар захира ва имкониятҳо дорад.

Дар маҷлис масъалаи фарогирии корхонаҳо бо воситаҳои муомилотӣ барои фаъолияти мӯътадили соҳа дар давраи пандемия баррасӣ шуд. Супориш дода шуд, ки мӯҳлати ниҳоии пардохти нахи пахтаи то 1 апрел фурӯхташуда аз 90 рӯз то 150 рӯз дароз карда шавад.

Ба Вазорати молия супурда шуд, ки токи корхонаҳо сатҳи устувори сармояи кориро нигоҳ доранд,  механизми баргардонидани саривақтии андози арзиши иловагиро пас аз расмигардонии содирот дар гумрук ба роҳ монад.

Роҳбари давлат дастур дод, ки истеҳсоли маҳсулоти тайёр дар тӯли панҷ сол 4-5 маротиба афзоиш ёбад, бозорҳои хориҷӣ бо роҳи баланд бардоштани рақобатпазирии молҳо азхуд карда шаванд. Зарурати тавсеаи номгӯйи маҳсулот ва баланд бардоштани сифат алоҳидатаъкид гардид.

Аз ҷумла, доир ба ташкили корхонаҳои бузурги содиротӣ бо иштироки ширкатҳои хориҷӣ, истеҳсоли маҳсулоти серхаридор таҳти тамғаҳои маъруф супориш дода шуд.

Бо ин мақсад дар вилоятҳои Намангон, Самарқанд ва Тошканд барои корхонаҳои нав оид ба содироти маҳсулоти тайёр технопарк таъсис дода мешавад. Барои татбиқи ҳамаи ин лоиҳаҳо дар доираи хатти кредитии Фонди таҷдид ва рушд 300 миллион доллар ҷудо карда мешавад.

Дар ҷамъомад масъалаи коҳиш додани  арзиши аслӣ дар занҷири хариди ашё ва истеҳсоли маҳсулот бардошта шуд.

Азбаски мамлакати мо солҳои тӯлонӣ танҳо нахи пахтаро содир мекард, нархи он ба нархҳои биржаи Ливерпул вобаста карда шуда буд. Дар асл бошад, нахи пахта дар биржаи Ню-Йорк фурӯхта мешавад, ки нархаш аз арзиши биржаи ливерпулӣ 10 фоиз арзонтар аст.

Қайд гардид, ки ин ҳолат ба арзиши маҳсулоти бофандагӣ таъсир мерасонад, ба шахсони масъул супориш дода шуд, ки нархгузории нахи пахта вобаста ба нархҳои биржаҳои байналмилалӣ таъмин карда шавад.

Дар ҷамъомад ба масъалаҳои фароҳам овардани шароити мусоид барои ворид шудани корхонаҳои бофандагӣ ба бозорҳои хориҷӣ таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд.

Маҳсулоти тайёри дар Ӯзбекистон истеҳсолшуда асосан ба кишварҳои минтақа расонда дода мешавад. Барои ворид шудан ба бозори Аврупо содиркунандагони мо маҷбуранд боҷи 15 фоиза пардозанд ва хароҷоти нақлиётро 4 маротиба бештар интиқол диҳанд.

Вазорати сармояҳо ва тиҷорати хориҷӣ, ассотсиатсияи "Ӯзтуқимачиликсаноат" вазифадор карда шуданд, ки мақоми бенефитсиари низоми GSP +-ро барои тиҷорати бидуни боҷ дар бозори Иттиҳоди Аврупоро ба даст оранд. Ҳамзамон, зарурати тезонидани сертификатонии маҳсулот бинобар андозаи  BSI бо кӯмаки Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ қайд гардид. Бинобар минбаъд  васеъ гардондани кӯмаки молии хароҷоти содиркунандагон супоришот дода шуданд.

Шахсони масъул оид ба масъалаҳои дар ҷамъомад баррасигардида маълумот доданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: