МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ САНОАТИ КИМИЁ МУҲОКИМА ГАРДИД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 16 октябр бахшида ба рушди босуръати саноати кимиё, ба соҳа ҷалб намудани сармояи хориҷӣ ва технологияи замонавӣ ҷамъомад баргузор намуд.

Маълум аст, ки соҳаи кимиё «катализатор»-и саноати замонавӣ буда, дар меҳвари ҳар гуна истеҳсолот ҷараёни кимиёвӣ вуҷуд дорад, ки бидуни ин соҳа тараққиёти иқтисодиётро тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Дар замини Ӯзбекистон қариб тамоми элементҳои кимиёвии Менделеев вуҷуд дорад, дар ҳоле ки мамлакати мо аз карбогидрид бой аст, саноати кимиёвии мо асосан барои хоҷагии қишлоқ истеҳсол намудани поруи маъданӣ ва минералӣ ихтисос ёфтааст.
Истеҳсоли полимерҳои мураккаб, катализатор, реагент ва нахҳои синтетикӣ, ки барои масолеҳи сохтмон, дорусозӣ, бофандагӣ, мошинсозӣ барин соҳаҳо заруранд, роҳандозӣ нагаштааст.
Дар натиҷаи ин соле ба миқдори 1,5 миллиард доллар маҳсулоти кимиё харид мегардад. Фосфор ва поруҳои минерали калийдоре, ки истеҳсол мегардад, инчунин фақат сеяки талаби мавҷударо қонеъ месозад.
60-70 фоиз кӯҳна гардидани иқтидорҳои истеҳсолии поруҳои мураккаби маъданӣ боиси харҷи барзиёди захираҳои энергия, афзудани нархи аслии маҳсулоти кимиёвӣ мегардад.
Аз соли гузашта барои қонеъ намудани талаб ба поруи маъданӣ ба миқдори 3,1 миллиард доллар 17 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ мегардад. Ғайр аз ин ба мақсади диверсификатсияи маҳсулоти саноати кимиё то соли 2025 боз 17 лоиҳа ба маблағи 4,2 миллиард доллар ба ҳаёт татбиқ хоҳад гардид.
Аз ин рӯ ба соҳаи кимиё ҷалб намудани сармоя ва технологияи замонавии хориҷӣ, афзудани ҳаҷм ва навъҳои маҳсулот, афзудани салоҳияти содиротии соҳа вазифаи муҳим ва устувори ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзкимёсаноат» бояд гардад.
Дар ҷамъомад чораҳо бино бар бартараф намудани камбудиҳои соҳа ва боз ҳам равнақ бахшидани саноати кимиё муҳокима гардид. Тавре ки таъкид гардид, барои рушд бахшидани соҳа ба кор андохтани иқтидорҳои нави замонавӣ зарур мебошад.
Имрӯз дар мамлакатамон талаб ба поруи азот 73 фоиз, ба поруи фосфордор 20 фоиз таъмин мегардад. Дараҷаи миёнаи фарсудашавии иқтидорҳои истеҳсолии поруи азот ба ҳисоби миёна 64 фоиз ва поруҳои фосфордор 77 фоизро ташкил менамояд.
Барои беҳтар намудани вазъияти соҳа дар панҷ соли оянда ба кор андохтани 9 лоиҳа ба қимати 2,8 миллиард доллар ба нақша гирифта шуда, дар натиҷаи он ҳаҷми истеҳсоли поруи маъданӣ ва кислотаи сулфат 2 баробар зиёд мегардад. Талаб ба поруҳои азот ва калийдор пурра қонеъ гардида, дараҷаи қонеъ гардондани эҳтиёҷ ба маъданҳои фосфордор якчанд баробар афзоиш меёбад.
Дар айни ҳол ҳамагӣ 14 фоизи гази табиӣ, аз ҷумла дар соҳаи кимиё ҳамагӣ 5 фоизаш амиқ коркард мешавад. Аз ашёи хоми силитсий, каолин ва гаҷ истеҳсол намудани маҳсулоти кимиёвӣ аз эътибор дур мемонад.
Бино бар маълумотҳо дар давлатҳои хориҷӣ қимати молиявии эҳтиёҷ ба полиэтилен, полипропилен, полистирол, ки дар мамлакатамон ба намуди маҳсулоти ғайри пору истеҳсол мегарданд, аз 100 миллиард доллар зиёд аст. Ин барои мо имконияти хуб аст.
Аз ин сабаб дар саноати кимиё барои диверсификатсия намудани навъҳои маҳсулот барои истеҳсоли моддаҳои органикӣ 15-то ва барои моддаҳои ғайриорганикӣ 8 лоиҳаро ба амал баровардан дар назар дошта шудааст.
Президент ба роҳбарони мутасаддӣ барои ба амал татбиқ намудани ин лоиҳаҳо дар бобати ҷалб намудани сармоягузорони хориҷӣ супоришҳо дод.
Барои ба ҳаёт татбиқ намудани лоиҳаҳои бузурги сармоявӣ ба саноати кимиё барқарории молиявии ин ҷанбаро бояд таъмин намуд. Дар ҷамъомад дар бобати беҳтар намудани вазъи молиявии ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзкимёсаноат» супоришҳо дода шуд.
Дар соҳа умуман ҷорӣ нагардидани инноватсия ва босамар истифода нагардидани зарфияти илм зери танқид қарор гирифт. Аз ин боис тезондани таъсиси маркази ихтисосии илмиву тадқиқотӣ, лоиҳакашӣ ва муҳандисӣ, тарбияи кадрҳо дар ниҳоди Институти илмиву тадқиқотии технологияи кимиёи Тошканд якҷоя бо Институти илмиву тадқиқотии технологияи кимиёи Куриё (KRICT) зарур дониста шуд.
Дар ҷамъомад ба мутасаддиён аз рӯйи тамоми вазифаҳои муайянгардида таҳия намудани «Харитаи роҳ» ва мунтазам муҳокима намудани иҷрои он супурда шуд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: