МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНИМИНТАҚАҲО БАРРАСӢ ШУД

Сафири Ӯзбекистон Ҷавлон Ваҳобов зимни сафараш ба Калифорния бо мэрҳои Манҳеттен-Бич ва Эл-Сегундо Ричард Монтгомери ва Дрю Бойлз мулоқот кард.

Зимни вохӯрӣ ба раисони шаҳрҳо дар бораи ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоии Ӯзбекистон, дастовардҳо дар ободонии шаҳрҳо, саъю талошҳо барои рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ маълумот дода шуд. Таваҷҷуҳи махсус ба таҳкими муносибатҳои шарикӣ байни қаламравҳои ИМА ва Ӯзбекистон, инчунин афзоиши фаъолияти соҳибкории сармоягузорони амрикоӣ дар бозори кишвари мо зоҳир гардид.
Шаҳрдори Манҳеттен-Бич Ричард Монтгомери ташаббусҳоро оид ба тавсеаи шарикии байниминтақавӣ бо Ӯзбекистон дастгирӣ намуда, қайд кард, ки чунин шакли ҳамкорӣ имкон медиҳад, ки барои боз ҳам самараноктар омӯхтан ва табодули таҷрибаи пешқадам дар рушди шаҳрҳо мусоидат намояд. Вай омодагии худро барои пешбурди ҳамкориҳои ширкатҳои ӯзбекистонӣ дар соҳаи кинематография ва ширкатҳои шабеҳи шаҳри худ, бахусус «Manhattan Beach Studios» (хидмати истеҳсоли видео) изҳор дошт. 
Шаҳри Эл-Сегундо, дар навбати худ, макони даҳҳо ширкатҳо аз рӯйхати «Fortune 500» аст ва ҳамчун пойтахти кайҳонӣ дар ҷаҳон эътироф шудааст. Инчунин ширкатҳое ҳастанд, ки ба илмҳои биологӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва энергетика тахассус доранд.
Зимни суҳбат ҷониби Амрико омодагии худро барои мусоидат ба ҳамкорӣ бо ширкатҳои ӯзбекистонӣ дар истеҳсоли мошинҳои барқӣ, кайҳонӣ ва дигар соҳаҳо изҳор дошт.
 Дар натиҷаи мулоқот бо шаҳрдорони иёлати Калифорнияи ИМА дар мавриди роҳандозии равобит дар бахшҳои мухталифи саноат, ташкили силсилаи музокироти онлайн ва сафарҳои мутақобилаи намояндагони ду кишвар тавофуқ ҳосил шуд.
     
АИ «Дунё», 
шаҳри ВАШИНГТОН

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: