МАСЪАЛАҲОИ САМАРАБАХШ ПЕШ БУРДАНИ ҲИСОБИ ЗАМИН ВА КАДАСТРИ ДАВЛАТӢ БАРРАСӢ ШУДАНД

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 15 октябр оид ба масъалаҳои ташкили самараноки системаи нави пеш бурдани кадастрҳои давлатӣ ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид.

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 15 октябр оид ба масъалаҳои ташкили самараноки системаи нави пеш бурдани кадастрҳои давлатӣ ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид.
Пӯшида нест, ки дар тӯли даҳсолаҳои гузашта дар соҳаи тақсимоти замин ва кадастри давлатии кишвар мушкилоти низомнок ҷамъ шуданд. Аз сабаби набудани интизом ва назорат ҳазорҳо гектар замин ғайриқонунӣ азхуд карда шудааст. Идоракунии захираҳои замин норозигии ҳам аҳолӣ ва ҳам соҳибкоронро ба бор овард.
Ба ин муносибат 7 сентябри соли равон Президент ба фармон «Дар бораи чораҳои куллан такмил додани низоми баҳисобгирии замин ва кадастрҳои давлатӣ» имзо кард. Дар ин ҳуҷҷат маҷмӯи вазифаҳои ислоҳоти соҳа дар асоси таҷрибаи пешқадам, ҷорӣ намудани низоми нави идоракунӣ, таъмини мукаммалӣ ва рақамисозии баҳисобгирии замин муайян карда шудааст.
Дар пойгоҳи Кумитаи давлатии захираҳои замин, геодезия, картография ва кадастри давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Агентии кадастри назди Кумитаи давлатии андози Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъсис дода шуд. Ба агентии мазкур вазифаҳои баҳисобгирии замин ва кадастрҳои давлатӣ, вазифаҳои таъмин ва назорати истифодаи самараноки замин ба Вазорати кишоварзӣ дода шуданд.
Таъсиси Агентии кадастр дар назди Кумитаи андоз беҳуда нест, зеро дурустии муайян кардани манбаи андоз аз пуррагии баҳисобгирии захираҳои замин вобаста аст.
Масалан, омӯзиши ба қарибӣ дар ноҳияҳои Бӯстонлиқ, Фурқат, Косон ва шаҳри Урганч гузарондашуда нишон дод, ки дар маҷмӯъ беш аз 2 ҳазор объекти амволи ғайриманқул дар пойгоҳҳои кадастрӣ ва андоз ба қайд гирифта нашудаанд.
Чунин вазъ дар бақайдгирии қитъаҳои замин низ ба назар мерасад. Дар натиҷаи инвентаризатсия дар 66 ноҳия 150 ҳазор гектар замини иловагии кишоварзӣ муайян карда шуд, ки аз он 28 ҳазор гектар замини кишти обӣ ба назар гирифта нашудааст. Умуман, дар 113 ноҳия захираҳои зиёди замин бо сабаби он, ки ба ягон категорияи фонди замин вобаста карда нашудаанд, истифода намешаванд.
Дар маҷлис қайд карда шуд, ки барои дар асоси системаи нав ташкил кардани кор, пеш аз ҳама, дақиқӣ ва пуррагии баҳисобгириро таъмин кардан лозим аст.
– Қонунгузорӣ дар соҳаи пеш бурдани кадастр ва ба ҳисобгирии замин кӯҳна шудааст. Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ мураккаб ифода ёфтаанд. Ва ин роҳ ба сӯи фасод аст. Минбаъд тамоми низом бояд тағйир ёбад. Ҳадафи асосӣ дуруст пеш бурдани баҳисобгирии замин, таъмини адолат дар ин раванд мебошад, — гуфт Президент.
Ба роҳбарияти Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилоятҳо супориш дода шуд, ки бинобар ҳамаи ноҳияҳои кишоварзӣ кадастрҳои заминро омода намуда, онҳоро ба Системаи иттилооти миллии ҷуғрофӣ дохил кунанд. Минбаъд қарорҳои ҳокимон дар бораи ҷудо кардани замин то ба низоми муайян дохил карда нашудани онҳо беэътибор дониста мешаванд.
Вазифа гузошта шуд, ки пойгоҳҳои Агентии кадастр ва мақомоти андоз муттаҳид карда, ба ин васила заминҳои истифодашуда ва объектҳо бо муайян кардани пойгоҳи андозситонӣ ба ҳисоб гирифта  шаванд.
Таъкид гардид, ки аз соли 1987 инҷониб фонди ҷангал нав карда нашудааст, ки дар давраи гузашта бо роҳҳои табиӣ ҷангалзорҳои нав пайдо шуданд. Дар ин робита, ба Кумитаи давлатии хоҷагии ҷангал супориш дода шуд, ки инвентаризатсияи пурраи ҷангалро анҷом диҳад.
Яке аз мушкилоти низом ин аст, ки арзиши кадастрии 340 ҳазор объект ҳанӯз муайян карда нашудааст. Аз ин аз 200 ҳазор объект андоз ситонида намешаванд. Ғайр аз он, зиёда аз 1 миллион манзил ҳеҷ гуна ҳуҷҷатҳои кадастрӣ надоранд.
Ба ин муносибат зарурати ташаккули кадастрҳои мукаммали амволи ғайриманқул таъкид карда шуд, ки барои манбаи андоз муҳим аст. Бо зиёд шудани даромадҳо ба буҷети маҳаллӣ, имкониятҳои ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ низ васеъ мешаванд.
Президент супориш дод, ки дурустии пардохтҳо, ки дар тамоми марҳилаҳо аз сохтмон то омодасозии шиносномаи кадастрии иншоот ситонда мешаванд, омӯхта шаванд, инчунин андозаи онҳоро коҳиш диҳанд ва тартиби онро соддатар кунанд.
Системаи ҳисобкунии андози замин низ ба бознигарии куллӣ ниёз дорад. Меъёри андоз барои заминҳое, ки дар наздикии марказҳои минтақа ҷойгиранд ва бо об хуб таъминанд ва заминҳои ҳосилхезиашон паст амалан яксонанд.
Ба шахсони масъул супориш дода шуд, ки бо истифода аз коэффитсиентҳои афзоиш ва камшавӣ системаи ҳисобкунии андозро дар асоси арзиши воқеии замин ҷорӣ кунанд. Барои ин коршиносони байналмилалӣ ҷалб карда мешаванд ва тартиби муайян кардани арзиши бозории объектҳо дар чор минтақа санҷида мешавад.
Дар ҷамъомад инчунин мушкилоти марбут ба қайди ҳуқуқ ба қитъаи замин ва азхудкунии худсаронаи замин муфассал баррасӣ шуд.
Зикр гардид, ки танҳо дар соли равон тақрибан 50 ҳазор ҳолати зидди ҳуқуқ аз худ кардани 11,2 ҳазор гектар замин ошкор карда шуд, ки дар 3,2 ҳазор гектари он манзил ғайриқонунӣ сохта шудааст. Қариб ҳамаи ин майдонҳо заминҳои ҳосилхези обёришавандаи таъиноти кишоварзӣ мебошанд.
Қайд карда шуд, ки ҳар як ноҳия барои назорати заминҳои кишоварзӣ ва назорати зироатҳо бо дрон таъмин карда мешавад. Ғайр аз он, низоми иттилоотӣ фароҳам оварда  мешавад, ки дар асоси мушоҳида аз моҳвора имкон медиҳад, ки ҳолатҳои сохтмони ғайриқонуниро дар марҳилаи аввал зуд ошкор ва бартараф кунанд. Аввал низом дар баъзе вилоятҳо озмӯда мешавад.
Инчунин дастурҳо дода шуданд, ки то охири соли ҷорӣ аз ҷониби Шӯроҳои маҳаллӣ ҳудуди маъмурии тамоми вилоятҳо, ноҳияҳо ва шаҳрҳо дақиқ ва тасдиқ карда шаванд. Вазифа гузошта шуд, ки ба кӯчаҳои беном ва хонаҳои берақам ном ва суроғаҳо дода шаванд, ки шумораи онҳо мутаносибан беш аз 2 ҳазор ва аз 1 миллион зиёд аст.
Дар мамлакати мо 21 намуди кадастрҳои давлатӣ мавҷуданд. Маълумот дар 9 кадастр ҳатто 50 фоиз ба итмом нарасидааст. Дар натиҷа, барои ба музояда гузоштани замин, идораҳои гуногун ба ҷойҳо рафта, оид ба ҳар як ҳолати ҷудогона хулоса мебароранд, ки ин тақрибан 2 моҳро дар бар мегирад.
Аз ҷумла, танҳо кадастри роҳҳои байнишаҳрӣ пеш бурда мешавад, кадастри роҳҳои дохилӣ дар ягон минтақа тасдиқ нашудааст. Супориш дода шуд, ки кадастр пурра ҳуҷҷатӣ гардонда, ба Низоми иттилооти миллии ҷуғрофӣ дохил карда шавад.
Қайд карда шуд, ки барои татбиқи самарабахши ислоҳот дар соҳа бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани тамоми шӯъбаҳои Агентии кадастр, омӯзонидани тарзи корбурди низоми нав муҳим аст. Дастур оид ба беҳтар намудани таъминоти моддию техникӣ ва шароити кор дар воҳидҳои маҳаллии кадастр дода шуд.
— Умуман, ҳокимон ва роҳбарони соҳа бояд дарк кунанд, ки баҳисобгирии дурусти замин, муносибати боэҳтиромона ба он яке аз омилҳои асосии рушди иқтисодии минтақаҳо мебошад, — таъкид кард Шавкат Мирзиёев. — Аз ҳисоби ин мо се масъалаи муҳимро ҳал мекунем: истифодаи самараноки замин, таъмини ҳуқуқ ва дахлнопазирии амволи шаҳрвандон ва субъектҳои хоҷагидорӣ, инчунин васеъ намудани заминаи андоз, ки захираҳои иловагии даромади буҷетро фароҳам меорад.
Дар ҷамъомади видеоселекторӣ шахсони масъул дар бораи чораҳои дарпешистода оид ба ташкили самарабахши бақайдгирии замин ва кадастр маълумот доданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: