Ҷамъомади навбатии Комиссияи марказии интихоботии Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд.
Маълум аст, ки мувофиқи қарори Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 10 марти соли 2023 ва Сенати Олий Маҷлис аз 14 март раъйпурсии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бинобар лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон» рӯзи якшанбе, 30 апрели соли 2023 гузаронида мешавад.
Дар ҷамъомад масъалаҳои тайёрӣ ба раъйпурсӣ ва тасдиқ намудани нақшаи тақвимии баргузор кардани он, ташаккул додани ҳавзаҳо, тасдиқ кардани сметаи хароҷот, ба роҳ мондани омӯзиши аъзои коммисияҳое, ки раъйпурсиро дар маҳалҳо мегузаронанд, муҳокима шуданд.
Ба мақсади зина ба зина татбиқ намудани чорабиниҳо бобати дар муҳлаташ гузаронидани раъйпурсӣ, ки қонунгузорӣ муқаррар намудааст, нақшаи тақвимии тайёрӣ ва баргузор кардани раъйпурсии Ҷумҳурии Ӯзбекистон тасдиқ карда шуд. Он дуруст ва самарабахш ташкил намудани ҷараёнҳои раъйпурсиро бо риоя ба талаботи қонун, дар мавриди сарфакорона тақсим кардани иқтидори мавҷуда ва сарфабар кардани имкониятҳо таъмин менамояд.
Дар ҷамъомад қарор «Дар бораи созмон додани ҳавзаҳои раъйпурсии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» қабул гардид. Мувофиқи он дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд 14 ҳавза ташкил карда шуданд.
Ҳамчунин сметаи хароҷот бобати тайёрӣ ва баргузор намудани раъйпурсӣ муҳокима гардид, барои бо маблағ таъмин кардани он аз буҷаи давлатӣ ҷудо кардани 182,4 миллиард сӯм пешбинӣ мегардад.
Ҳангоми тайёрӣ ба раъйпурсӣ ва гузаронидани он ташкил кардан ва мустаҳкам намудани ҳамкории тарафайн бо расонаҳои ахбори оммавӣ бо риояи пурра ба равандҳои қонунмандӣ, мустақилӣ, беғаразона, ошкорбаёнӣ, рӯшодгӯйӣ ва шаффофият муҳим мебошанд. Бо ин мақсад дар бораи созмон додани маркази матбуоти Комиссияи марказии интихоботӣ ва шуъбаҳои минтақавии он қарор қабул гардид. Оинномаи маркази мазкур тасдиқ карда шуд.
Дар ҷамъомад аъзои Комиссияи марказии интихоботӣ фикру ақида ва таклифҳои худро бинобар тамоми масъалаҳои баррасишуда, изҳор доштанд. Дар хотима қарорҳо бинобар масъалаҳои рӯзмарра қабул гардиданд.
Муҳтарама КОМИЛОВА,
хабарнигори ӮзА.