МАСЪАЛАҲОИ ТАЪМИН КАРДАНИ РУШДИ УСТУВОРИ СОҲАИ САНОАТИ АНГИШТ БАРРАСӢ ШУДАНД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 5 март бинобар масъалаҳои рушди устувори саноати ангишт ҷамъомад баргузор намуд.

Соҳаи саноати ангишт қисми ҷудонопазири маҷмӯи сӯзишвориву энергетикӣ ва яке аз омилҳои муҳими таъмини фаъолияти ҳаёти мамлакат ба ҳисоб меравад.
Дар мамлакатамон ҳар сол ба аҳолӣ 1 миллион тонна ва объектҳои соҳаи иҷтимоӣ 400 ҳазор тонна ангишт расонда дода мешавад.
Дар неругоҳҳои барқии гармии Ангрени нав ва Ангрен барои ҳосил намудани энергияи электрикӣ 4 миллион тонна ангишт сӯхта мешавад.
Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки бо вуҷуди мавҷуд будани иқтидори зиёди конҳои ангишт дар тӯли солҳои охир нақшаҳо бино бар кандани ангишт иҷро намешаванд, мушкилоти низомноки соҳа барҳам дода нашудааст.
Масалан, пойгоҳи техникӣ ва технологии конҳо фарсуда шудааст. Дар кони Ангрен, ки пойгоҳи асосии ашёи хоми соҳа ба ҳисоб меравад, кор бино бар кушодани чоҳҳо қафо мемонад. Кунҷи нишеби канори кон аз меъёри муайяншуда баланд гардида, шароити ангиштканӣ ба дараҷаи хавфнок расидааст.
Барои ҳаллу фасли таъҷиливу самарабахши масъалаҳои мазкур ба идоракунии берунии касбӣ додани ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбеккӯмир» ба нақша гирифта шудааст.
Дар ҷамъомад бино бар беҳтар гардондани вазъияти кони Ангрен чораҳо муайян шуданд.
Зарурати коркарди стратегияи рушди кони Ангрен, дар он ба назар гирифтани таъминоти ниҳоят калони эҳтиёҷоти соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолӣ ба ангишт дар пешомади наздик ва дур таъкид гардид.
Президент ба масъалаи баланд бардоштани устувории молиявии ҶС «Ӯзбеккӯмир» эътибори алоҳида дод. Ба вазоратҳои молия ва энергетика супурда шуд, ки тарифҳои ангиштро мақбул сохта, даромаднокии соҳаро баланд бардоранд ва хароҷоти инвеститсиониро пӯшонанд.
Зарурати нав кардани саройи воситаҳои техникӣ барои самарабахш ташкил намудани корҳои кон таъкид гардид. Ба шахсони масъул супориш дода шуд, ки самосвалҳо ва техникаи махсуси дигарро бино бар таклифҳои мақбултарин харид кунанд.
Бино бар кам кардани хароҷоти истеҳсолӣ бо роҳи аз истифода баровардани техникае, ки дар ангиштканӣ истифода намегарданд, супориш дода шуд.
Инчунин ба масъалаҳои таъмини бехатарии аҳолӣ, ки дар шафати сарҳади ҷанубии кони Ангрен истиқомат мекунанд, эътибор дода шуд.
Ба Девони Вазирон бино бар масъалаҳои баррасигардида, аз он ҷумла бино бар коркарди барномаи маҷмӯи чорабиниҳо оиди баланд бардоштани самарабахшии идоракунии ҶС «Ӯзбеккӯмир», ҷалб намудани идоракунандаи берунии касбӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои замонавӣ ба соҳа супоришот дода шуданд.
Бино бар масъалаҳои баррасигардида ахбори шахсони масъул шунида шуданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: