МАСЪАЛАҲОИ ТАЪМИНИ ФАЪОЛИЯТИ УСТУВОРИ БОНКҲО БАРРАСӢ ГАРДИДАНД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 9 апрел бинобар масъалаҳои таъмини фаъолияти мӯътадили низоми бонкӣ ҳамчун як такягоҳи молиявии иқтисодиёти миллӣ дар шароити пандемияи коронавирус ҷамъомад баргузор намуд.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 9 апрел бинобар масъалаҳои таъмини фаъолияти мӯътадили низоми бонкӣ ҳамчун як такягоҳи молиявии иқтисодиёти миллӣ дар шароити пандемияи коронавирус ҷамъомад баргузор намуд.

Имрӯз дар мамлакати мо барои дастгирии аҳолӣ, бахшҳои иқтисодиёт ва субъектҳои соҳибкорӣ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Бо фармонҳои сарвари давлат аз 19 март ва 3 апрели соли ҷорӣ дар ин самт имтиёз ва сабукиҳои зиёдро муқаррар карда шуданд.

Аз ҷумла, мӯҳлати пардохти фоизи қарзҳо ба соҳибкорон ва аҳолӣ ба маблағи 19,5 триллион сӯм то 1 октябр дароз карда мешавад. Албатта, ин ба онҳо дар давраи карантин кӯмаки калон хоҳад буд. Аммо, дар баробари ин, коҳишёбии ҳаҷми мадохилот ба ташкилотҳои молиявию қарзии барои шароити имрӯза хосро бояд ба назар гирифт.

Ба ин муносибат дар ҷамъомад масъалаҳои таъмини фаъолияти мӯътадили бонкҳо, ҳифзи ҷойҳои корӣ ва даромади аҳолӣ баррасӣ шуданд.

Вазифаи аз нуқтаи назари танқидӣ аз нав дида баромадани портфели лоиҳаҳои бонкӣ бо дарназардошти зуҳуроти бӯҳронии иқтисодиёти ҷаҳонӣ гузошта шуд. Ба ибораи дигар, бояд лоиҳаҳои дарозмуддатро, ки татбиқи онҳо ҳанӯз оғоз нашудаанд, муайян карда,  онҳоро бо лоиҳаҳои наве, ки имсол натиҷаҳои дилхоҳ дода метавонанд, иваз кард.

Ба бонкҳо тавсия дода шуд, ки маблағҳои субъектҳои тиҷорати хурдро ба дараҷаи аввал барои созмон додани ҷойҳои корӣ ва ҳавасмандгардонии худмашғулшавӣ дар хона равона намоянд.

Соли ҷорӣ интиқол додани 4 триллион сӯм тавассути “Агробонк”, “Халқ банки” ва “Микрокредитбонк” барои маблағгузории барномаҳои шуғл пешбинӣ шудааст. Илова бар ин, тавассути Фонди зиддибӯҳронӣ ба Бунёди давлатии дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ 500 миллиард сӯм равона карда мешавад.

Ин маблағҳо ба бисёр лоиҳаҳои нав такони ҷиддӣ мебахшанд. Президент қайд кард, ки ба лоиҳаҳое, ки ба таҳкими бехатарии озуқаворӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, тандурустӣ, тиҷорати хурд ва соҳибкорӣ  мусоидат менамоянд, афзалият дода шавад.

Бо дарназардошти он, ки корҳои кишоварзӣ дар шароити карантин идома доранд, бонкҳои тиҷоратии ба секторҳои дахлдори кишоварзӣ вобастагардида бояд портфели лоиҳаҳоро дар ин самт васеъ гардонанд.

Чӣ хеле ки маълум аст, ҳафтаи гузашта 24 бонк ташаббус нишон дода, барои шахсони ҷисмонӣ таътилҳои кредитиро эълон карданд. Дар ҷамъомад мувофиқи мақсад будани аз ҷониби бонкҳо қабул гардидани қарорҳои дигари ба ин монанд, ки онҳо ба таҳкими боварӣ ва эҳтироми мардум мусоидат хоҳанд кард, таъкид гардид.

Ҳамин тавр, дароз кардани амонатҳои мӯҳлаташон гузашта ва дар ВАО эълон кардани он хеле муфид хоҳад буд.

Баъд аз анҷом ёфтани карантин ба бисёр корхонаҳо барои барқарор кардани фаъолият вақт ва маблағи зиёд тақозо мегардад. Ба ин муносибат, ба Бонки марказӣ супориш дода шуд, ки тавассути бонкҳо ҷудо кардани 30 триллион сӯмро барои сарпур гардондани маблағҳои гардони корхонаҳои истеҳсолӣ то ки онҳо фаъолият нишон диҳанд, таъмин  кунад. Таъкид гардид, ки дар сурати зарурат бояд додани қарзҳо ба корхонаҳо барои пардохти музди меҳнати кормандон ба роҳ монда шавад.

Инчунин вазифаҳо оид ба тавсеаи номгӯй ва фарогирии хизматрасониҳои фосилавӣ муайян карда шуданд.

Дар вохӯрӣ, ки дар шакли видеоконфронс баргузор гардид, шахсони масъули соҳа ва роҳбарони бонкҳои тиҷоратӣ оид ба масъалаҳои баррасишуда маълумот пешниҳод карданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: