Масъалаҳои таъмини сарфаи энергия муҳокима гардид

  • Масъалаҳои таъмини сарфаи энергия муҳокима гардид
  • Масъалаҳои таъмини сарфаи энергия муҳокима гардид
  • Масъалаҳои таъмини сарфаи энергия муҳокима гардид
  • Масъалаҳои таъмини сарфаи энергия муҳокима гардид
  • Масъалаҳои таъмини сарфаи энергия муҳокима гардид
  • Масъалаҳои таъмини сарфаи энергия муҳокима гардид
  • Масъалаҳои таъмини сарфаи энергия муҳокима гардид

Президент Шавкат Мирзиёев 27 август доир ба масъалаҳои таъмини сарфаи энергия ва афзудани истифодаи манбаъҳои энергияи муқобил ҷамъомад баргузор намуд.

Талабот ба захираҳои энергия дар мамлакатамон сол то сол меафзояд. Бинобар ин истгоҳҳои нав сохта шуда, иқтидорҳои тавлидотӣ пурзӯр карда мешаванд.

Ҳамзамон дар аввали соли ҷорӣ дар минтақаҳо нишондодҳои мақсаднок оид ба сарфаи электроэнергия ва гази табиӣ муайян карда шуданд. Зимни сафари роҳбари давлат ба вилояти Фарғона моҳи июл роҳҳои аз ҷиҳати илмӣ асосноккардаи иҷрои ин нақша бо ду маротиба зиёд намудан муайян карда шуда буданд.

Олимони Донишкадаи политехникии Фарғона истеъмоли электроэнергияро дар ноҳияи Фарғона омӯхтанд. Ҳамин тариқ талафи солона дар зеристгоҳи «Лоғон», ки ба 4,6 ҳазор хонавода ва 233 соҳибкор хидмат мерасонад, 5 миллион киловатт-соатро ташкил менамояд. Ин аз меъёри талафи табиӣ 1,5 баробар зиёд аст.

Бинобар ҳисобу китобҳо, аз ҳисоби баробар тақсим намудани сарбории 113 трансформатор, ки аз зеристгоҳи мазкур электроэнергия мегирад, талафи 765 ҳазор киловатт-соатро бартараф намудан мумкин. Аз ҳама муҳимаш ин харҷ тақозо намекунад, зарур аст, ки фақат идоракунӣ дар корхонаи шабакаи электрикии ноҳия дуруст ба роҳ гузошта шавад.

Инчунин, насб кардани батареяи иқтидори реактивӣ ба 44 трансформаторе, ки ба насосҳои обӣ хидмат мерасонанд, метавонанд талаффотро соле ба 1,1 миллион киловатт-соат кам гардонад.

Таъкид шуд, ки харҷ дар як сол сарпур мегардад.

Умуман, ҳисоб карда шудааст, ки дар 14 зеристгоҳи ноҳияи Фарғона талаффот 15,5 миллион киловатт-соатро ташкил менамояд, ки ин ба ҳисоби миёна соле ба 6 миллиард сӯм баробар аст. Агар кор ҳамчунин босамар ба роҳ гузошта шавад, тавре ки дар боло гуфта шуд, нақшаи сарфаи электроэнергияро иҷро кардан мумкин аст.

Дар мамлакатамон 1800 чунин зеристгоҳ вуҷуд дорад ва қариб 100 ҳазор трансформатор ҳаст. Ба шахсони масъул доир ба татбиқи ин таҷриба дар дигар минтақаҳо супоришҳо дода шуд.

Дар Қароқалпоқистон дар бобати сарфаи газ натиҷаҳои хуб вуҷуд доранд. Дар 95 ҳазор хонавода аз ҳисоби иваз намудани сӯзишвории кӯҳна ба энергиясарфакунанда ва ҷудо намудани низоми гармидиҳӣ соле 145 миллион метри мукааб газ сарфа мегардад. Аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ насб кардани чунин бухориҳо боз барои 16 ҳазор оилаи эҳтиёҷманд шурӯъ гаштааст. Ба шарофати ин 20 миллион метри мукааб газ сарфа гардида, дар ихтиёри аҳолии эҳтиёҷманд 12 миллиард сӯм боқӣ мемонад.

Бинобар ин вазифаи иваз намудани системаи гармидиҳӣ дар 1 миллион хонаводаи мамлакат ба энергиясарфакунанда гузошта шуд.

Дар мамлакатамон 2349 истеъмолгари калони газ вуҷуд дорад. Дар байни онҳо самарабахшаш кам нест. Барои мисол, корхонаи истеҳсоли кошӣ дар Оҳангарон технологияи истифодаи такрории гармии бухоршавандаро татбиқ намуд. Аммо танҳо дар 25 фоизи истеъмолгарони калон таҷҳизоти замонавии сарфакунандаи газ насб карда шудааст.

Роҳбари давлат дар ин замина алоҳида таваққуф намуд ва таъкид кард, ки ҳокимияти вилоятҳо ва «Ӯзэнергоинспексия» бояд бо чунин масъалаҳо машғул гарданд. Доир ба дар корхонаҳои истеъмолгарони гази зиёд гузоштани технологияи сарфакунандаи энергия супоришҳо дода шуд.

Тавре ки маълум аст, бинобар фармони Президент аз 23 августи соли ҷорӣ Инспексияи назорат аз болои истифодаи электроэнергия, маҳсулоти нафту газ – «Ӯзэнергоинспексия» ба ихтиёри Девони Вазирон гузаронда шуд. Ин имконоти онро афзуда, самарабахшиашро меафзояд.

Аз ин пас ин кор бояд дар бобати истеъмолгарони калонтарини электроэнергия низ ба амал татбиқ карда шавад.

Аз ин лиҳоз таҷрибаи мусбат вуҷуд дорад. Барои мисол, дар канали Аму – Бухоро неругоҳи офтобии иқтидораш 100 МВт насб карда шудааст. Дар натиҷа энергияе, ки аз шабака ҳосил мегардад, 30 фоиз, ё худ 200 миллион киловатт коҳиш ёфтааст. Ба нақша гирифта шудааст, ки боз ҳамин қадар иқтидор роҳандозӣ гардад.

Бо назардошти он, ки 10-11 фоизи истеъмоли умумии электроэнергия ба корхонаҳои хоҷагии об рост меояд, вазифа гузошта шуд, ки дар се соли наздик истеъмоли электроэнергия дар онҳо ҳадди ақалл 25 фоиз кам карда шавад.

Боз як манбаи муҳими сарфаи энергия нерӯи офтоб ба шумор меравад. Барои мисол, соҳибкор дар Олтиариқ панелҳои офтобии иқтидораш 300 киловатт гузошта, соле 540 ҳазор киловатт-соат электроэнергия тавлид мекунад, ки ин 486 миллион сӯмро ташкил менамояд.

Имсол ба нақша гирифта шудааст, ки манбаъҳои муқобили энергия ба иқтидори умумии 182 МВт барои аҳолӣ ва 791 МВт барои соҳибкорон устувор карда шавад. Аммо дар ин самт кор дар баъзе вилоятҳо оҳиста пеш меравад. Шахсони масъули марбут ҷиддан огоҳонида шуданд.

– Устувор намудани манбаъҳои муқобили энергия сиёсати давлат аст, – гуфт Президент.

Дар ҷамъомад ҳокимони вилоятҳо ва роҳбарони маҷмаи энергетикӣ дар бораи чорабиниҳо оид ба сарфаи электроэнергия ва гази табиӣ дар минтақаҳо ҳисобот доданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: