МАСЪАЛАҲОИ ТАЪМИНИ УСТУВОРИИ НАРХИ ОЗУҚАВОРӢ БАРРАСӢ ШУДАНД

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 16 октябр бинобар чораҳои таъмини амнияти озуқаворӣ ва устувории нархҳо дар бозори дохилӣ ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид.

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 16 октябр бинобар чораҳои таъмини амнияти озуқаворӣ ва устувории нархҳо дар бозори дохилӣ ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид.
Дастрасӣ ва басандагии таъминоти озуқаворӣ омилҳои асосии суботи иҷтимоӣ мебошанд. Дар тӯли се соли охир барои рушди саноати хӯрокворӣ, чорводорӣ, истеҳсоли меваю сабзавот ва кишоварзӣ 28 триллион сӯм қарз ҷудо карда шуд. Танҳо дар соҳаи чорводорӣ ба маблағи 11 триллион сӯм лоиҳаҳо амалӣ карда шуданд.
Илова бар ин, бо назардошти таъсири пандемияи коронавирус ба динамикаи нархҳо, воридоти маҳсулоти асосии хӯрокворӣ аз моҳи апрели соли равон аз боҷи гумрукӣ озод карда шуданд.
Бо вуҷуди ин, вақтҳои охир нархи гӯшт, тухм, равғани растанӣ ва шакар якбора боло рафт. Агар дар бозори ҷаҳонӣ нархи равғани растанӣ дар 9 моҳи охир ба ҳисоби миёна 15 фоиз афзуда бошад, дар Ӯзбекистон афзоиш 26 фоизро ташкил дод. Дар ҷаҳон шакар 5 фоиз арзон шуд, дар кишвари мо 23 фоиз боло рафт.
Дар ҷамъомад масъалаҳои пур кардани бозори дохилӣ бо маҳсулоти хӯрокворӣ ва нигоҳ доштани устувории нархҳо ҳамаҷониба муҳокима шуданд.
— Агар имрӯз чораҳои зарурӣ андешида, низоми мавҷуда тағйир дода нашаванд, фардо — дар зимистон ва баҳор вазъ мураккабтар хоҳад шуд. Агар мо таъминоти озуқавориро зиёд карда, нархҳоро дар бозор ба эътидол оварем, мардум, алалхусус шаҳрвандони камбизоат, хурсанд хоҳанд шуд, — гуфт Шавкат Мирзиёев.
Таъкид гардид, ки ҳар як ҳокими вилоят, ноҳия ва шаҳр бояд дар бораи эҳтиёҷоти аҳолӣ ба гӯшт, тухм, орд, равған, шакар, биринҷ, картошка, сабзӣ ва пиёз, манбаъҳои таъминоти ин маҳсулот дар давраи то моҳи майи соли оянда ҳисобҳои дақиқ дошта бошад.
Дар ҳар як минтақа фондҳои алоҳидаи амнияти озуқаворӣ таъсис дода мешаванд. Аз ҳисоби маблағи фонд роҳбарони минтақаҳо бо ҷалби соҳибкорон воридоти навъҳои асосии хӯроквориро аз дигар минтақаҳо ё кишварҳои хориҷӣ ба он минтақаҳое, ки дар онҳо камчинии маҳсулот эҳсос мешаванд, ташкил мекунанд. Соҳибкороне, ки дар чунин таъминот ширкат мекунанд, барои фоизи қарз аз Фонди дастгирии соҳибкорӣ ҷубронпулӣ мегиранд.
Зарурати васеъ намудани иштироки истеҳсолкунандагони бузурги хориҷӣ дар савдои биржаи маҳаллӣ бо мақсади паст кардани арзиши маҳсулоти хӯроквории воридотӣ зикр гардид.
Аҳамияти вобаста намудани вилоятҳо барои ҳар як ноҳияи шаҳри Тошканд барои ташкили нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ қайд гардид.
Таъкид гардид, ки ҳокимони вилоятҳо, ноҳияҳо, шаҳрҳо ва роҳбарони секторҳо бояд дар назди аҳолӣ дар бораи низоми таъминоти озуқаворӣ, ки дар қаламрави онҳо фароҳам оварда шудаанд, шароит ва нархҳо дар бозор ҳисобот диҳанд.
Дар ҷамъомади видеоселекторӣ ҳокимони вилоятҳо дар бораи нақшаҳо оид ба бефосила бо хӯрокворӣ таъмин кардани аҳолӣ дар қисмати моҳҳо ҳисобот доданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: