МАСЪАЛАҲОИ ТАРАҚҚИЁТИ САНОАТ ВА БАЛАНД БАРДОШТАНИ ФАЪОЛНОКИИ САРМОЯГУЗОРӢ ДАР МИНТАҚАҲО МУҲОКИМА ГАРДИДАНД

Зери раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 7 июн ҷамъомади видеоселекторӣ бахшида ба масъалаҳои инкишофи саноат дар минтақаҳо ва суръатафзоии азхуд намудани сармояҳои бевоситаи хориҷӣ баргузор гардид.

Ҳангоми сафарҳои роҳбари давлат ба Қароқалпоқистон ва вилоятҳо чандин корхона қад афрохта, лоиҳаҳо доир ба ташкили боз якчанд иқтидорҳои истеҳсолӣ шинос карда шуданд. Ғайр аз ин, аз ҷониби гурӯҳи корӣ зери роҳбарии муовини Сарвазир лоиҳаҳои иловагӣ дар минтақаҳое, ки дар рушди саноатӣ ақиб мемонанд, таҳия мегарданд. Зимни он ба ҷойгир намудани иқтидорҳо дар объектҳо ва дар майдонҳое, ки соҳиби инфрасохтори ногузиранд, эътибори алоҳида дода мешавад.
Дар ҷамъомад корҳо дар ин самт дар мисоли вилояти Андиҷон таҳлил гардиданд.
Таъкид гардид, ки саноат дар ин минтақа ба диверсификатсия эҳтиёҷ дошта, ба ду соҳа – автомобилсозӣ ва истеҳсоли бофандагӣ вобаста гаштааст. Ба ҳиссаи онҳо қариб 60 фоизи коргароне, ки дар соҳаи саноат банд мебошанд ва ҳамчунин 80 фоизи маҳсулоти истеҳсолгардандаи минтақа рост меояд. Дараҷаи рушди саноат дар ноҳияҳои Буз, Булоқбошӣ, Избоскан, Қӯрғонтеппа, Марҳамат, Пахтаобод, Ҷалақудуқ, Балиқчӣ ва Улуғнор паст мебошад.
Дар ин вилояте, ки аҳолиаш зич аст ва ҳар як ваҷаб замин ба зар баробар мебошад, дар 98 объекти давлатӣ 90 гектар қитъаи замин ва 163 ҳазор метри квадратӣ биноҳое, ки ба инфрасохтори ногузир дастрасӣ доранд, холӣ ҳастанд.
Бинобар супоришҳои Президент дар бобати истифодаи босамари чунин биноҳо ва майдонҳо, дар пойгоҳи онҳо ташкил намудани корхонаҳо ва ҷойҳои кор, диверсификатсияи саноат дар ноҳияҳо, дар вилояти Андиҷон 236 лоиҳаи нав ба муддати татбиқаш то соли 2022 ташаккул ёфтааст.
Ин лоиҳаҳо, дар баробари лоиҳаҳои қаблан банақшагирифта, дар се соли оянда ба вуҷуд овардани қариб 41 ҳазор ҷойи кори доимӣ ва азхуд намудани сармояҳои бевоситаи хориҷиро ба миқдори 1 миллиарду 87 миллион доллар пешбинӣ менамояд. Ба амал татбиқ намудани онҳо имкон медиҳад, ки саноати вилоят диверсификатсия гардида, ҳаҷми истеҳсолот дар индустрияи масолеҳи сохтмон 4 баробар, дар электротехника,  саноати чарму пойафзор ва кимиё 2,1 баробар, дар саноати хӯрокворӣ 3 баробар афзоиш ёбад. Зарфияти саноати ноҳияҳо ба таври назаррас афзуда, тафовути байни онҳо коҳиш меёбад.
Дар ҷамъомад таҳия ва таъмини иҷрои ҷадвали соҳаҳо аз рӯи тамоми лоиҳаҳо, пешбинӣ намудани масъалаҳои таъмини лоиҳаҳо, ба таври бартаринок ҷойгир намудани лоиҳаҳо дар объектҳои холии давлатӣ, бо электроэнергия, молия  ва дигар захираҳои ногузир супориш дода шуд.
Роҳбари давлат таъкид кард, ки барои инкишофи саноат ва соҳибкорӣ дар водии Фарғона фонди махсуси сармоягузорӣ таъсис дода мешавад, ки он кредит ҷудо накарда, балки дар лоиҳаҳо ба сифати шарики тиҷоратӣ иштирок хоҳад кард. Эътибори алоҳида ба лоиҳаҳое нигаронда мешавад, ки барои ба вуҷуд овардани ҷойҳои кории муносиб ва истеҳсоли маҳсулоти ба содирот мунҷаргардида қодир мебошад. Аз рӯи ҳисобу китоби пешакӣ ин кӯшишҳо имкон медиҳанд, ки дар вилоятҳои Андиҷон, Фарғона ва Намангон 10 ҳазорӣ ҷойҳои нави корӣ ба вуҷуд оварда шаванд.
Инчунин таъкид гардид, ки инкишофи низоми пешниҳод намудани микрокредитҳои бидуни гарав барои лоиҳаҳои тиҷорати хурд мувофиқи мақсад аст.
Дар ҷамъомад ба масъалаҳои барӯихатгирии объектҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ – иншоотҳои холӣ ва ё босамар истифоданашаванда, дар пойгоҳи онҳо ташкил намудани корхонаҳо ва ба вуҷуд овардани ҷойҳои кор эътибори алоҳида нигаронда шуд.
Сарфи назар аз пешниҳод намудани ваколати васеъ доири ба кор андохтани бино ва иншоотҳои истифоданашаванда, ҳокимиятҳо ва мақомоти андоз дар маҳалҳо дар ин самт ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида натавонистанд. Ба вуҷуд доштани иншоот ва қитъаҳои замин дар майдони 22 ҳазор гектар ишора гардид, ки молики тамоми инфрасохтори ногузир буда, холӣ гузошта шудаанд. Ҳамзамон ин барои инкишофи саноат ва ба вуҷуд овардани ҷойҳои кор заминаи тайёр мебошад.
Дар ҷамъомад пешниҳодоти Девони Вазирон дар заминаи татбиқи вазифаҳои муҳиме, ки дар назди вазоратҳо ва ҳокимиятҳо дар ин соҳа қарор доранд, шунида шуданд.
Бино бар тақсими соҳа ва минтақаҳо вазъи корҳои ҷорӣ дар заминаи ҷалби сармояи бевоситаи хориҷӣ, риоя намудани муҳлати азхуд намудани маблағ ва татбиқи лоиҳаҳо муҳокима гардиданд.
Таъкид ёфт, ки дар тӯли панҷ моҳи соли ҷорӣ дар доираи лоиҳаҳои  минтақавӣ 1,6 миллиард доллар, дар доираи лоиҳаҳои соҳавӣ қариб 1 миллиард доллар сармояҳои бевоситаи хориҷӣ азхуд гардиданд. Аммо ин нишондодҳо нисбат ба реҷа кам буда, дар баъзе вилоятҳо азхуд намудани сармоя нисбат ба пешгӯии солона ба 35 фоиз ҳам намерасад.
Аз он ҷумла, аз сабаби вазъи ғайриқаноатбахши кор дар бобати ҷалб ва азхуд намудани сармояҳои бевоситаи хориҷӣ дар вилояти Андиҷон, муовинҳои вазир оид ба сармоя ва савдои хориҷа барои соҳаҳои алоҳидаи саноати минтақа масъул таъин гардиданд. Онҳо дар баробари ҷалби иттиҳодияҳои соҳавӣ пешниҳодотро барои сармоягузорони хориҷӣ дар бобати татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар объектҳои холӣ таҳия менамоянд. Дар оянда ин лоиҳаҳо аз ҷониби сармоягузорон бо иштироки сафирон тақдим мегарданд.
Ба шахсони масъул татбиқ намудани ин тартиби нав дар минтақаҳои дигар низ, ба маҳалҳо рафта бо иштироки сармоягузорони хориҷӣ тезондани татбиқи лоиҳаҳо супурда шуд.
Дар ҷамъомад дар бораи иҷрои шартномаҳое, ки аз ҷониби ҳокимиятҳо ҳангоми сафарҳои хориҷии онҳо ба даст омадааст, низ сухан рафт. Азхуд намудани сармоя дар доираи бисёр қарордодҳо аллакай шурӯъ гардида, лекин баъзе шартномаҳо ҳанӯз дар рӯи коғаз боқӣ мемонанд.
Ба Палатаи ҳисоб ва вазоратҳои дахлдор супурда шуд, ки созишномаҳои мазкурро таҳлил намуда, азхуд кардани сармояро дар доираи лоиҳаҳои пешомаднок тезонанд.
Таъкид гардид, ки барои рушди саноат, коркарди лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва ҷойгир намудан ҳам ҳокимиятҳо дар маҳалҳо, ҳам вазоратҳои соҳавӣ масъулияти якхела доранд.
Роҳбарони соҳаҳо ва минтақаҳо  доир ба масъалаҳои дар ҷамъомад баррасигардида маълумот пешниҳод намуданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: