МАСЪАЛАҲОИ ТАРБИЯ ДАР АНДАРЗҲОИ АДАБИЁТИ ПАҲЛАВӢ

Паҳнои беканори ориёно, ки аз Мағриб то ба Машриқ тӯл кашида, дар бадали чандин ҳазорсолаи пешин то ба имрӯз маскани баргузидаи мардумони фаррухрӯз буд, гулчини илму маърифатро чӣ дар ҷаҳондориву чӣ дар оиладорӣ қадр менамуданд ва асоси зиндагӣ мешумориданд.

 Аз замони эҷоди аввалин чакидаҳои назму наср, ки мардуми қисматҳои яман ва ясори порсиёнро бо як силки заррини фарҳанги маънавӣ дар худ таҷаллӣ дода, бо ҳам пайвастаасту барои имрӯзиён бо номи адабиёти паҳлавӣ маъруф аст, чандин қарнҳо паси сар шудаанд. 
Осори паҳлавӣ аз давраи буду боши аввалин хирадмандони парфиёӣ, ки дар соҳилҳои дарёи Теҷен маскан гузида буданд, ибтидо гирифта буд. Дар луғати решашиносии забони тоҷикӣ омадааст, ки калимаҳои «порс», «паҳлав» маънои таҳамтан ва паҳлавонро дошта, ба шеваи шуғнонӣ сидқ мекунад ва хуросониён ё тоҷиконро чунин мегуфтанд.
Мувофиқи баъзе маълумотҳо, дар ҳазорсолаи III пеш аз милод дар водиҳои дарёи Мурғоб ва Зарафшон шаҳракҳои мутамаддине вуҷуд доштаанд, ки даҳҳо гектарро ишғол карда, бо маҳсули ҳунари волои худ бо Ироқ ва Ҳинд робитаҳои савдоӣ доштаанд. Ин давраро олимон чун тамаддуни Шарқ баҳо додаанд. Мардуми гуногунқавми ин сарзаминро дини зардуштӣ ба ҳам пайванд сохта буд.
Яке аз осорҳои то ба мо расидаи паҳлавӣ  матнҳои паҳлавӣ дар алифбои авастоӣ мебошад. Андарзномаҳо намуди маъмули адабиёти паҳлавӣ буда, дертар дар замони сосониён густариш ёфта буд. Андарзҳо қисман бунёди авастоӣ дошта, баробари андарз баъзан вожаи панд низ истифода мегардад, ки маънои роҳ ё равишро дорад. Дар андарзномаҳо на танҳо мизони ахлоқ ва одоб, балки баъзан маълумотҳои гаронбаҳои таърихӣ низ арзёбӣ ёфтаанд. Шиносоӣ бо андарзҳо, ки намунаи барҷастаи адабиёти мумтоз ва антиқист, дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, худшиносӣ, ахлоқу одоби шоистаи донишомӯзон воситаи пуртаъсир мебошад.
Андарзи доноёни пешин воқеоти таърихиро низ инъикос намудааст. Онҳо аз забони хирадмандони портӣ ё худ паҳлавӣ таърихи паҳлавиёнро аз  сароғози пайдоиши одамӣ, масканҳои аввалини одамон, ҳаёти шахсиятҳои ҷудогона ҳикоят мекунад. Забони нигориши ин сарчашмаи мумтози фарҳангӣ забони авастоӣ буда, онро яке аз нахустзабонҳои форсӣ ё тоҷикии имрӯза шуморидаанд.
Андарзҳо дар байни ҳамаи тоифаҳои мардум маъруфияти зиёд дошт. Аз ҷумла, қисми зиёди онҳо айнан барои тарбияи неки фарзандон офарида шуда буданд. Масалан, дар андарзи доноён, ки табақаи боақлу ҳуш буда, аз номи Худои некӣ Аҳура-Маздо маздопарастон ном гирифтаанд, чунин омадааст: «Андешаи нек андешад, гуфтори нек гӯяд, кирдори нек варзад...», чунки рӯҳи покро пиндор нек, гуфтор нек ва кирдор нек аст.  Ва «андешаи бад бад андешад, гуфтори бад гӯяд, кирдори бад варзад...». Андарзи мазкур одамонро ҳамеша огоҳӣ медиҳад, ки аз роҳи нек дур нашаванд. Андарзи мазкур аз меъёрҳои ахлоқи зардуштия, ки аз се асл қарор гирифтааст, маншаъ гирифта, мардумро ба некию накӯкорӣ даъват менамояд ва дар тарбияи насли наврас аҳамияти муҳим дорад.
Дигар андарзе, ки хеле ҷолиби диққат аст, «Андарзи пешиниён» ном гирифтааст, ки панду насиҳатҳои хотирмонро гирд меоварад. Онҳо мухтасар ва мутаассиранд.  Масалан: «Фарзанди порсо беҳ», «Кори неки фаровон беҳ», «Дар ҳама кор ва қазоват ростиву дурандешӣ беҳ», «Ҳар рӯз ба хештан шумор кардан, ки имрӯз чӣ суду чӣ зиён овардам», «Вопасин паноҳи ту кирдори туст», «Доноиро ҳамто нест», «Зиёнкорро ном нест», «Мардонагиро нозиш нест», «Зиндагиро ситоиш нест», «Ва ҳар киро, ки Худо аз ӯ хушнуд нест, ӯро андар биҳишти бомӣ ҷой нест» ва ҳоказо.
Боз як андарзи ҷолиби диққат, ки ҳоло аз даврони қадим мардумро ба шинохтани фарҳанг чун асоси хирад ва боиси оромии ҳаёт даъват менамуд, «Барчидаи андарзҳои  пурйуткешон» мебошад. Дар он чунин омадааст: «Ба фарҳанг хостан бикӯшед, чу фарҳанг тухми дониш, бори вай хирад ва хирад ороиши ҳарду ҷаҳон аст», «Гуфта шуда, ки фарҳанг дар фаровонӣ ороиш ва дар шигифтӣ поянда ва дар бадбахтӣ дастгир ва дар тангӣ пеша аст». 
Чуноне бармеояд, андарзҳо аз даврони қадим одамонро ба ҳушёрӣ, зиракӣ, хирадмандӣ ва некӯандешӣ даъват намуда, махзани бебаҳои тарбияву тадриси маънавии фарзандон ба ҳисоб мерафтаанд. Андарзҳо як шакли тарбияи насли наврас буда, аз замони қадим чун дониши маънавӣ маълуму машҳур будааст. Аз ин лиҳоз асоси тарбияи фарзандонро дар байни қавму миллатҳои эронӣ андарзҳо ташкил медоданд ва то имрӯз онҳо аз аҳамият холӣ нестанд.  
Аз он, ки тарбияи ҳамаҷониба чӣ дар зиндагонии хусравонӣ ва чӣ дар тарбияи халқи одӣ аҳамияти муҳим дошт, муаррих Ктесифон маълумоти хеле муътамаде додааст. Мувофиқи он, шоҳзода Куруш, ки дертар бо кабирӣ ном баровардааст, байни фарзандони одии халқ тарбияи маҳз зардуштӣ гирифта, мисли ҳама хоксору фурӯтан, вале донишманду хирадманд ба воя расидааст. 
Дар баробари ин, аввалин сарчашмаҳое, ки дар бораи адабиёти паҳлавӣ хабар медиҳанд, катибаҳо ва сангнавиштаҳо мебошанд, ки онро ба форсии миёна ё худ паҳлавӣ шабоҳат додаанд. Дертар матни юнонӣ низ илова шуданаш аз он дарак медиҳад, ки онҳо тарҷума шудаанд.
Ҳамин тавр, матни андарзҳо ганҷинаи бебаҳои маънавӣ буда, дар ташаккули ҷаҳонбинии донишомӯзон, тарбияи маънавӣ-ахлоқии онҳо ҳиссаи беҳамто мегузорад. Ин асарҳо чӣ аз назари мӯҳтавову маънӣ ва чӣ аз назари лафзиву ҳунарӣ арзандатарин ва волотарин ҳунари сухангустарии пешдодиёни мо буда, ҳамгироии онҳо ба таълим ва тарбияи муосир метавонад рушди таълимро ба марраи нав бардорад. Чун имрӯз дар назди соҳаи омӯзиш ва парвариши донишомӯзон масъалаи хеле муҳими тарвиҷи сифати таълим ба воситаи эҳёи арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, ворид намудани анъанаҳои миллӣ вогузошта шудааст, маъниву тобишҳои андарзи бузургони пешдодии мо дар тарбия намудани ҳисси фарҳангдӯстӣ, донишмандӣ, меҳанпарастӣ, инсонпарварӣ саҳми арзанда мегузоранд. 
      
Зебунисо ФАЙЗУЛЛОЕВА, 
доктори фалсафаи улуми педагогӣ, 
дотсенти кафедраи педагогикаи умумии  Донишгоҳои давлатии омӯзгории Тошканд 
ба номи Низомӣ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: