Имрӯз, 6 июл ҷамъомади Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба ташкил ва баргузор намудани озмун-азназаргузаронии ҷумҳуриявии «Беҳтарин ташаббуси иҷтимоӣ» баргузор шуд.
Имрӯз, 6 июл ҷамъомади Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба ташкил ва баргузор намудани озмун-азназаргузаронии ҷумҳуриявии «Беҳтарин ташаббуси иҷтимоӣ» баргузор шуд. Дар он сенаторон, аъзои Комиссия ва Шӯрои коршиносӣ, мудирони котибияти раисони комиссияҳои доимӣ оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоиву маданӣ, оила, занон ва ҷавонони Жокарги Кенеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, шӯроҳои депутатҳои халқии вилоятӣ ва шаҳри Тошканд, ҳамчунин вакилони расонаҳои ахбори оммавӣ ширкат ҷустанд.
Қайд гардид, ки мувофиқи Қарори Шӯрои Сенати Олий Маҷлис аз 22 апрели соли 2021 «Дар бораи озмунҳое, ки аз ҷониби кумитаҳои Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузаронида мешаванд» баргузор кардани озмуни ҳарсолаи ҷумҳуриявии «Беҳтарин ташаббуси иҷтимоӣ» муайян ва ҳайати Комиссияи ҷумҳуриявӣ бинобар гузаронидани он, Дастур дар бораи озмун тасдиқ карда шуда буд.
Дар озмун метавонанд ҳокимиятҳои ноҳиявӣ (шаҳрӣ), мақомоти идораи давлатӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, ашхоси ҳуқуқӣ, ашхоси ҷисмонӣ, ки дар дастгирӣ намудани ташаббусҳои иҷтимоӣ ба натиҷаҳои баланд ноил гардидаанд, баҳри рушди ҷамъият ташаббус зоҳир намудаанд, табақаҳои ба ҳимоя эҳтиёҷманди аҳолиро дастгирӣ кардаанд, аз ҷумла дар таълими касбии ҷавонон, бошуғл таъмин кардани онҳо, ҳамчунин беҳтар намудани инфрасохтори муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ фаъолона иштирок кардаанд, ширкат варзанд.
Мувофиқи Дастур озмун-азназаргузаронӣ дар се давра тӯли моҳои июл-ноябри ҳар сол гузаронида мешавад.
Мақсад аз гузаронидани озмуни мазкур дастгирӣ намудани ташаббусҳоест, ки ба ҳаллу фасли бомуваффақияти мушкилоти иҷтимоии ҳудудҳо ва рушди ташаббусҳои иҷтимоӣ дар ҷамъият, аз тариқи ташаббусҳои иҷтимоӣ дастгирӣ кардани табақаҳои аҳолии ба ҳифзи иҷтимоӣ муҳтоҷ, туфайли ташаббусҳои иҷтимоӣ беҳтар сохтани инфрасохтори муассисаҳои соҳаҳои иҷтимоии ҳудудҳо нигаронда шудааст.
Озмун дар 3 давра гузаронида мешавад. Комиссияи ҷумҳуриявӣ иштирокдорони беҳтаринро муайян мекунад.
Ғайр аз ин дар ҷамъомад як қатор масъалаҳои ташкилӣ баррасӣ ва таклифу тавсияҳои дахлдор бинобар баргузор кардани озмун-азназаргузаронӣ дар сатҳи баланд иброз гардиданд.