Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 22 феврал бахшида ба таҳлили самарабахши корҳое, ки дар доираи Консепсияи такмил додани сиёсати андоз ва муайян намудани вазифаҳои муҳим барои пешомад амалӣ мегарданд, ҷамъомади видеоселекторӣ ба амал омад.
Кам кардани бори андоз, такмил додани маъмуриятпарастии андоз яке аз омилҳои муҳими рушди иқтисодиёт ба ҳисоб мераванд. Соли гузашта Консепсияи такмил додани сиёсати андози Ҷумҳурии Ӯзбекистон қабул шуда буд. Бино бар ҷорӣ намудани низоми нави андоз ситоди ҷумҳуриявӣ ва дар назди ҳокимиятҳо ситодҳои минтақавӣ созмон дода, корҳои дахлдори ташкиливу тавзеҳотӣ гузаронда шуданд. Дар натиҷа миқдори корхонаҳое, ки андоз барои арзиши иловагӣ мепардозанд, панҷ баробар зиёд гардид.
Моҳи январи соли ҷорӣ пешгӯӣ бинобар воридот ба буҷа дар тамоми минтақаҳо иҷро шуд. Дар моҳи январ дараҷаи инфлятсия ба ҳисоби сол 13 фоизро ташкил дода, аз нишондиҳандаи пешгӯишуда баланд нагардид. Ин баъд аз озодгардонии бозори асъор нишондиҳандаи камтарини беқурбшавии солона ба ҳисоб меравад, ки аз асоснокии иқтисодӣ ва ҳуқуқии консепсияи нави андоз далолат медиҳад.
Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки дар натиҷаи дар дараҷаи талаб набудани маҳорати касбӣ ва салоҳияти баъзе кормандони мақомоти андоз ба камбудиҳои ҷиддӣ роҳ дода мешаванд.
Масалан, дар баъзе ноҳияҳои вилоятҳои Қашқадарё ва Ҷиззах барои маслиҳат додан ба субъектҳои соҳибкорӣ, ки ба пардохти андози муқарраргардидаи умумӣ гузаштаанд, нозирони андоз «ба ном» вобаста карда шудаанд.
Дар ҷамъомад нисбати муовинони аввали ҳокимони вилоятҳо, ҳокимони ноҳияҳо ва муовинони онҳо, ки дар ҷорӣ намудани низоми нави андоз ба камбудиҳо роҳ додаанд, чораҳои интизомӣ дида шуданд.
Бигузор кормандони мақомоти андоз ва прокуратура дарк намоянд: то фаҳмиш оиди тартиб ва қоидаҳои низоми нави андоз дар соҳибкорон пурра ташаккул наёбад, ба ҷазо додан ва ҷарима андохтани онҳо умуман роҳ дода нашавад. Баръакс, бояд онҳо ба соҳибкорон маслиҳатчӣ ва ёвар шуда, ба онҳо дар дуруст ҳисоб кардан ва пардохтани андоз роҳ нишон диҳанд, гуфт Шавкат Мирзиёев.
Масъалаҳои такмили ихтисоси кормандони хидмати андоз, ба андоздиҳандагон омӯзондани тартиб додани ҳисобот ва пур кардани ҳисоб-фактураҳо баррасӣ гардиданд.
Аз сабаби соҳиби дониши кофӣ набудани баъзе соҳибкорон дар соҳаи истифодаи низоми андози нав ҳолатҳои беасос нархи иловагӣ гузоштан ба мол ҷой доранд.
Ин дар бозори истеъмолӣ ба нархи наво таъсир мерасонад.
Ба ин муносибат ба аъзои ситоди ҷумҳуриявӣ супурда шуд, ки ба минтақаҳо баромада, дар маҳалҳо сабабҳои баланд гардидани нархи наворо доимо таҳлил кунанд, бино бар пешгирӣ намудани беасос баланд гардидани онҳо таклифҳои иловагӣ таҳия намоянд. Бино бар ташкил намудани вохӯриҳо, мақолаву барномаҳои махсус дар воситаҳои ахбори оммавӣ барои ҷавоб додан ба масъалаҳое, ки бино бар низоми нави андоз ба миён меоянд, супоришҳо дода шуданд.
Дар ҷамъомад дар асоси мисолҳои дақиқ ҳолатҳои вайрон кардани қонуни ба пардохти андоз алоқаманд баррасӣ гардиданд. Зарурати таҳлил намудани ҳаракати мол, ки аз ҷониби истеҳсолгарони бузург, воридкунандагон ва ташкилотҳои савдои яклухт фурӯхта мешаванд ва ҳарчи зудтар ҷорӣ намудани низоми ҳисоб-фактураҳои электронӣ барои васеъ гардондани миқёси ҳисобу китоби ғайринақд таъкид гардид.
Ба мақомоти андоз бинобар рӯёндани бақияпулӣ оид ба андоз дар маҳалҳо, ҷустуҷӯ намудани захираҳои дохилӣ барои воридоти иловагӣ ба буҷа тавсияҳо дода шуданд. Аз ҷумла, зарурати дар назди Кумитаи давлатии андоз ба роҳ мондани фаъолияти инспексияи байниминтақавӣ оид ба кор бо андоздиҳандагони бузург ва воридкунандагон таъкид гардид.
Ҳарчи қадар мураккаб бошад ҳам, мо бояд ислоҳоти оғознамудаамонро то ба охир расонем. Аммо дар маҳалҳо бо баҳонаи корҳои тавзеҳотӣ ба тафтиш табдил додани омӯзишҳои оддӣ қатъиян норавост. Соҳибкори ҳалол таҳти ҳимояи доимии давлат, ҳимояи ман қарор дорад, қайд намуд Президент.
Дар ҷамъомади видеоселекторӣ боз як масъалаи муҳим – самарабахш истифода бурдан аз заминҳои наздиҳавлӣ ва гузарондани кишти баҳорӣ баррасӣ гардид.
Халқамон аз азал сирру асрори зироаткорӣ ва боғпарвариро азхуд намудааст. Имрӯз аксарият аз қитъаҳои наздиҳавлии худ самарабахш истифода бурда, дар як сол то се маротиба ҳосил мегиранд. Аммо дар баъзе ҷойҳо ҳолатҳои бесоҳиб монондани заминҳои наздиҳавлӣ ба назар мерасанд. Дар кишварамон 20 ҳазор гектар заминҳои наздиҳавлии 328 ҳазор хонадон самарабахш истифода намегарданд.
Чунки қитъаи наздиҳавлӣ манбаи даромади иловагӣ, воситаи самарабахши таъмин намудани шуғл ва фаровонӣ ба ҳисоб меравад. Одамон низ мехоҳанд зироат рӯёнда, даромади иловагӣ ба даст оранд. Лекин чӣ коштан, аз куҷо гирифтани тухмиву ниҳолро намедонанд. Аз он дар хавотиранд, ки маҳсулоти рӯёндаашонро фурӯхта метавонанд ё не.
Ҳамаи инҳоро ба назар гирифта, дар моҳҳои март-апрели соли ҷорӣ кишти зироат дар заминҳои наздиҳавлӣ бино бар низоми нав, бо иштироки ҷомеаи васеъ ташкил карда хоҳад шуд.
Роҳбарони қабулхонаҳои халқӣ якҷоя бо раисони маҳаллаҳо хона ба хона гашта, ба аҳолӣ ёрӣ мерасонанд. Аз фонди захираи буҷаҳои маҳаллӣ барои расонда додани тухмии сабзавот, ниҳоли дарахтони меванок ва кӯчатҳои токи бозорбоб ба оилаҳои камтаъмин, аз ҷиҳати иҷтимоӣ ночор 40-50 миллион сӯм ҷудо карда хоҳад шуд.
Шӯрои хоҷагиҳои фермерӣ, деҳқонӣ ва соҳибони заминҳои наздиҳавлӣ, фонди ҷамъиятии хайроти «Маҳалла» бо иштироки фермерони соҳибтаҷриба ба кишт тайёр намудани қитъаҳои истифоданашавандаи наздиҳавлии аҳолӣ ва ба онҳо коштани зироати бозоргирро ташкил мекунанд. Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ аз Фонди давлатии кӯмак ба шуғли шаҳрвандони бекор, ки қитъаҳои наздиҳавлӣ доранд, то 10 баробари музди камтарини меҳнат барои ташкил намудани гармхонаҳо, хариди тухмӣ ва ниҳолҳо субсид ҷудо мекунанд.
Муовинони аввали раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва ҳокимони вилоятҳо, роҳбарони чор сектори ноҳияҳо ва шаҳрҳо бо назардошти хусусияти ҳар як минтақа барои ба меваву сабзавотпарварӣ, хоҷагии гармхонавӣ, чорвопарварӣ, паррандапарварӣ, занбӯриасалпарварӣ, харгӯшпарварӣ, мурғи марҷонпарварӣ ва дигар самтҳо бино бар тамоюли «як маҳалла – як хели маҳсулот» ихтисосонидани ҳар як маҳалла чораҳои амалӣ меандешад.
Бино бар масъалаҳои дар ҷамъомад баррасигардида ахбори роҳбарони масъул шунида шуданд.
ӮзА.