МАСЪАЛАҲОИ ҲАЛТАЛАБ МУҲОКИМА ГАРДИДАНД

Дар шуъбаи корҳои мудофиаи ноҳияи Чуст бо ташаббуси сардори қисми молиявӣ-хоҷагии идораи мазкур Равшанбек Қурбонов дар боби чунин масъалаҳо ҷамъомади навбатии собиқадорони ҳарбӣ барпо гардид.

Дар шуъбаи корҳои мудофиаи ноҳияи Чуст бо ташаббуси сардори қисми молиявӣ-хоҷагии идораи мазкур Равшанбек Қурбонов дар боби чунин масъалаҳо ҷамъомади навбатии собиқадорони ҳарбӣ барпо гардид. Ба тадбир раиси шӯрои собиқадорони ҳарбии вилояти Намангон Ҳасан Хидиров расми кушоиш бахшида, таъкид намуд, ки то ин вақт чунин чорабиниҳо дар чанде аз ноҳияҳои вилоят гузаронида шуданд. Акнун навбат ба Чуст расид.

Хидиров қайд кард, ки дар ҷамъомад масоили ҳифзи сиҳатии собиқадорони ҳарбӣ, таъминоти онҳо бо нафақа ва манзили зист муҳокима карда мешаванд. Пешбинӣ шудааст, собиқадороне, ки 20 сол ва беш аз он хидмати ҳарбиро адо намудаанд, новобаста аз рутбаи ҳарбиашон метавонанд дар госпитали ҳарбӣ, аз рӯйи имтиёз, бепул сиҳатии худро беҳтар намоянд. Кулли собиқадороне, ки 25 сол ва аз он зиёд хидмати ҳарбиро ба иҷро расондаанд, худашон ва ҳам аҳли оилаашон дар госпитали ҳарбӣ бепул муолиҷа гирифта метавонанд.
Боз як масъала ҳал гардид – минбаъд собиқадорони ҳарбӣ дар осоишгоҳи имтиёзноки Вазорати мудофиа саломатии худро мустаҳкам хоҳанд кард. Танҳо аз нафақахӯрон дархост карда мешавад, ки онҳо дар бораи муддати хидмати ҳарбии адокардаашон маълумотномаро аз шуъбаи корҳои мудофиаи ноҳия ба муассисаи ҳарбии тиббӣ қаблан бояд пешниҳод кунанд. Оид ба ислоҳоти таъминоти нафақаи собиқадорон фикру мулоҳизаҳо ба Вазорати мудофиа ирсол гардида буданд. Боз дар ин масъала пешниҳодҳо ба қайд гирифта шуданд. Ба собиқадороне, ки бо баъзе сабабҳо дар давоми хидмати ҳарбӣ бо манзили зист таъмин нагардидаанд, дар асоси аризаашон ба шуъбаи корҳои мудофиаи ноҳия барои сохтмони ихтиёрии хонаю ҷой қитъаи замин ҷудо карда ё манзили зист дода хоҳад шуд. Хидматчиёни ҳарбие, ки дар аснои иҷрои ӯҳдадории ҳарбӣ маъюб шудаанд, мувофиқи гурӯҳҳои I, II ва III нафақа мегиранд ва аз имтиёзҳо истифода мебаранд. Ба фарзандони хидматчиёни ҳарбие, ки ҳангоми адои ӯҳдадории ҳарбӣ ҳалок гардидаанд, то ба воя расидан ва дар даври таҳсил дар мактаб, муассисаҳои таълими махсус ва олӣ барояшон кӯмакпулӣ дода мешавад.
Аз моҳи январи соли гузашта собиқадорони ҳарбие, ки дар муассисаҳои таълимӣ ё дар дигар соҳаҳо фаъолияти меҳнатӣ мебаранд, нафақаи хидматиашонро ҳар моҳ пурра гирифта истодаанд. Аз ҷониби шуъбаи вилоятии ҳизби либералӣ-демократӣ 15 нафар собиқадорони ҳарбӣ таҳсил гирифтанд, ки фаъолияти соҳибкориашонро пеш баранд. Ҳизб омода аст, бепул таҳсилгирии собиқадорони ҳарбиеро, ки хоҳиши соҳибкор шудан доранд, таъмин намояд. Дар оянда ба собиқадорони ҳарбие, ки нияти ба сафари ҳаҷ рафтан доранд, идораи корҳои мудофиа кӯмак мерасонад.
Сардори шуъбаи молия ва иҷтимоии Садорати корҳои мудофиаи вилояти Намангон Шуҳрат Расулов шарҳ дод, ки барои фарзандони ноболиғи собиқадорони ҳарбӣ кӯмакпулӣ дода мешавад. Агар собиқадор дар ягон муассиса ё корхона меҳнат кунад, кӯмакпулӣ боздошта хоҳад шуд. Собиқадор ӯҳдадор аст, ки дар хусуси ба меҳнат шурӯъ карданаш ба шуъбаи корҳои мудофиа хабар  мерасонад, вагарна ба ҷавобгарӣ кашида  мешавад.
Дар давоми тадбир иштирокчиён бо фотоалбом ва дастуруламалҳое, ки фаъолияти шӯрои собиқадорони ҳарбии вилоятро акс намудаанд, шинос шуданд.

Ш.МИРЗОЕВ,
собиқадори ҳарбӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: