МАСЪАЛАҲОИ ҲИМОЯИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ, ФАЪОЛИЯТИ СОҲАҲОИ СОХТМОН ВА ИНФРАСОХТОР БАРРАСӢ ШУДАНД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 20 апрел бино бар масъалаҳои таъмини фаъолияти пурраи корхонаҳои саноатӣ, соҳаи сохтмон ва инфрасохтор ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор намуд.

Шавкат Мирзиёев: "Ҳаракати умумихалқии “Саховат ва кӯмак"  – нишонаи равшани қудрати давлат ва халқамон"

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 20 апрел бино бар масъалаҳои таъмини фаъолияти пурраи корхонаҳои саноатӣ, соҳаи сохтмон ва инфрасохтор ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор намуд.

Дар натиҷаи андешидани чораҳои саривақтӣ бар зидди эпидемияи коронавирус  бисёр минтақаҳои мамлакатамон аз ин хатар муҳофизат карда шуданд. Бо вуҷуди ин, корхонаҳо дар аксар вилоят ва ноҳияҳо аз кор монданд ё ки бо иқтидори пурра  фаъолият нишон намедиҳанд. Ин ҳолат ба иқтисодиёт ва соҳаи иҷтимоӣ, инчунин ба ҳаёти аҳолии минтақаҳо таъсири манфӣ мерасонад.

Дар оғози ҷамъомад роҳбари давлат ба масъалаи дастгирии табақаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ ночор таваҷҷӯҳ зоҳир кард.

Зарурати минбаъд васеъ гардондани миқёси мақсаднок бо озуқаворӣ  ва доруворӣ таъмин кардани оилаҳои ниёзманд ва муваққатан бекор таъкид гардид.

Дар шароити пандемия табиист, ки шумораи бекорон ва аҳолии ба кӯмак ниёзманд зиёд мешавад. Кишварҳои ҷаҳон дар баробари мубориза бо ин беморӣ барои нигоҳ доштани ҷойҳои корӣ ва пешгирии бӯҳрони амиқи иқтисодиёт аз тамоми имконот истифода мебаранд.

Мисли тамоми ҷаҳон  ин раванди мураккаб ба Ӯзбекистон низ таъсир кард. Кишвари мо ҳам барои таъмини эҳтиёҷоти аҳолӣ ва  ҳам барои дастгирии иқтисодиёт имконияту захираҳои кофӣ дорад.

Дар робита ба ин, бо назардошти арзишҳои таърихӣ ва ахлоқии халқамон, саховатмандии бепоён, ғамхорӣ ва саховатмандии ба он хос Президент пешниҳоди таъсиси ҷунбиши умумихалқии "Саховат ва кӯмак" -ро пеш гузошт.

– Ба қарибӣ барои ҳамаи мо моҳи муқаддаси Рамазон фаро хоҳад расид. Кӯмак расондан ба оилаҳои камдаромад ва ниёзманд дар ин давра кори хуб аст. Аз ин рӯ, агар ҳар як соҳибкор вазифаи беғаразонаи дастгирии фаъолонаи аҳолии аз ҷиҳати иҷтимоӣ ночорро дар қаламраве, ки он фаъолият мекунад, ба зимма гирад, бисёр фоидаовар хоҳад буд,  – гуфт сарвари давлат.

Дар натиҷаи ин ба ҳадафи мақсаднокии кӯмаки хайру эҳсон ва ҳомигӣ дар моҳи Рамазон муваффақ гардида, маблағҳо ва маҳсулот, ки дар ифтор харҷ мегарданд, ба шахсони ниёзманд равона карда мешаванд.

Як нафар соҳибкор бо назардошти имконияти худ, дар як моҳ метавонад масалан, ба 10 оила, соҳибкори дигар - 20 нафар кӯмак расонад, каси дигар метавонанд аъзои оилаи ниёзмандро ба кор гирад. Давлат  дар навбати худ, ба чунин соҳибкорон оид ба андоз, лизинг, қарз ва дастрасӣ ба захираҳои зарурӣ имтиёз ва сабукиҳои мухталиф медиҳад. Ҳамин тариқ, давлат ба аҳолӣ тавассути соҳибкорон ёрӣ мерасонад.

Қайд гардид, ки дар ин раванд иштироки ихтиёрии корхонаҳои калон ва шӯъбаҳои онҳо дар маҳалҳо, фермерон ва кластерҳо аҳамияти муҳим дорад.

Муайян карда шуд, ки ин ташаббус бо ҳамкории шӯъбаҳои ҳудудии Палатаи савдою саноат, бонкҳо, идораҳои ҳифзи иҷтимоӣ амалӣ карда мешавад.

– Итминон дорам, ки ҳаракати умумихалқии "Саховат ва кӯмак " нишонаи равшани қудрати давлат ва халқамон хоҳад буд, – гуфт Президент.

Сарвари давлатамон дар доираи рӯзномаи маҷлис ба Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ супориш дод, ки маҳдудиятҳои карантиниро дар вилоятҳо, ноҳияҳо ва шаҳрҳое, ки дар онҳо ягон ҳолати коронавирус ба қайд гирифта нашудааст ё ки вазъи эпидемиологӣ беҳтар гардидааст, тадриҷан сабук кунанд. Дар объектҳое, ки фаъолияти худро барқарор кардаанд, кор бо риояи қатъии қоидаҳои санитарию гигиенӣ ташкил карда шавад.

Яке аз омилҳои таъмини шуғли аҳолӣ ва суботи иқтисодӣ бахши сохтмон мебошад. Он 1 миллиону 325 ҳазор одамро бо кор таъмин мекунад ва шуғлро дар дигар соҳаҳо дастгирӣ менамояд. Вобаста ба ин ва инчунин бо мақсади пешгирии коҳишёбии ҳаҷми сохтмон дар давраи карантин, ба соҳа иловагӣ 3,6 триллион сӯм равона карда  шуд.

Дар семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми корҳои сохтмонӣ 6,5 фоиз афзоиш ёфтааст, аммо ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 фоиз кам аст.

Дар ҷамъомад қайд шуд, ки бо риояи пурраи қоидаҳои карантинӣ ба идома додани ҳамаи намуди корҳои сохтмонӣ иҷозат дода мешавад. Ба Вазорати корҳои дохилӣ супориш дода шуд, ки барои ҳаракати воситаҳои нақлиёти корхонаҳои саноатӣ ва истеҳсолкунандагони масолеҳи сохтмонӣ шароит фароҳам оваранд.

Соли ҷорӣ сохтмони манзилҳои бисёрошёнаи дорои 30 ҳазор хона ба нақша гирифта шудааст. Аммо дар 25 шаҳр то ҳол барои сохтмони онҳо қитъаҳо ҷудо карда нашудаанд. Баррасии аризаҳо барои гирифтани ипотека суст мебошанд.

Дар маҷлис зарурати ҳарчи зудтар бартараф намудани ин камбудиҳо, ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони биноҳои бисёрошёна дар минтақаҳое, ки шумораи зиёди аҳолӣ ба манзил эҳтиёҷ доранд, таъкид гардид.

Ҷорӣ кардани механизм муайян карда шуд, ки тибқи он Фонди давлатии дастгирии рушди фаъолияти соҳибкорӣ ба ташкилотҳи хусусии пудратӣ қисман ҷуброн намудани хароҷотро бино бар ставкаи  фоизӣ ва кафолат ба миқдори то 50 фоизи миқдори қарз фароҳам меорад.

Зарурати  аз 15 то 20 сол дароз кардани мӯҳлати қарзи ипотека, ки бо тартиби нав дода мешавад, зиёд кардани ҳадди ниҳоии миқдори он дар асоси талаботи бозор таъкид гардид.

Оид ба баланд бардоштани сифати сохтмон, суръат бахшидани ҷорӣ намудани рейтинги фаъолияти корхонаҳои соҳавӣ ва системаи тендери электронӣ супоришот дода шуданд.

Дар маҷлис масъалаҳои марбут ба бозори масолеҳи бинокорӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба  қарор гирифтанд.

Дар давраи карантин ҳаҷми истеҳсолот дар  корхонаҳои масолеҳи сохтмон 30-40 дарсад коҳиш ёфтааст. Дар навбати худ фурӯши ашёи хом кам шуд.

Ба зиммаи ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзқурилишматериаллари» вазифаи дар нимсолаи аввал то ба 10 триллион сӯм расондани ҳаҷми истеҳсолот ва то охири сол то 22 триллион сӯм расондани он гузошта шуд. Шарти асосии таъмини ин нишондиҳандаҳо содирот мебошанд. Супориш дода шуд, ки истеҳсоли масолеҳи сохтмонии ивазкунандаи воридот васеъ карда шавад.

Дар мамлакати мо барои ин ашёи хом 275 кони истиқболнок мавҷуданд. Масалан, дар деҳаи Ғазғони ноҳияи Нурато 14 лоиҳа ба маблағи 52 миллион доллар татбиқ мегардад. Президент зарурати зиёд кардани теъдоди чунин лоиҳаҳои замонавиро аз ҳисоби азхуд кардани конҳо қайд кард.

Оиди соли равон ба кор даровардани 7 лоиҳаи истеҳсоли масолеҳи каммасрафи сохтмонӣ, тарҳрезии объектҳои оянда бо назардошти истифодаи онҳо супориш дода шуд.

Дар давраи карантинӣ аз Фонди зиддибӯҳронӣ барои сохтмони инфрасохтори муҳандисию коммуникатсионӣ 1,5 триллион сӯм, аз он ҷумла 500 миллиард сӯм барои 55 лоиҳа дар соҳаи обтаъминкунӣ ва 1 триллион сӯм барои 1 547 лоиҳа дар соҳаи сохтмони роҳ ҷудо карда шуд.

Дар маҷлис татбиқи ин лоиҳаҳо баррасӣ шуд. Аҳамияти тезонидани раванди муайян кардани пудратчиён ва ҳарчи зудтар оғоз намудани корҳои сохтмонӣ таъкид гардид.

Аз сабаби пандемия лоиҳаҳо бо иштироки маблағҳои  созмонҳои молиявии байналмилалӣ суст шуда буданд. Аз ҷумла, ин дар лоиҳаҳои беҳтар намудани таъминоти оби нӯшокӣ ва сохтмони роҳҳо мушоҳида мешавад.

Бо назардошти вазъияти мавҷуда тавсия дода шуд, ки ташкилотҳои маҳалии пудратӣ дар асоси тендер ба чунин корҳо ҷалб карда шаванд.

Давлат барои зиёд кардани даромади буҷаҳои маҳаллӣ, аз ҷумла ташаккули маблағ барои сохтмони роҳҳо тамоми шароитро фароҳам овардааст. Таъкид гардид, ки минбаъд минтақаҳо аз марказ ворид шудани маблағро интизор нашуда, роҳҳои дохилиро мустақилона таъмир кунанд.

– Умуман, соҳаи сохтмон, хоҳ сохтмони манзил бошад, хоҳ инфрасохтор, барои офаридани ҷойҳои нави корӣ, ташаккул додани талабот ва пешниҳод дар бозор ва ниҳоят – рушди афзоиши иқтисодӣ захираи бузург ба ҳисоб меравад. Агар роҳбарони соҳа масъулияти дар ҷамъомади имрӯза гузошташударо амиқан дарк намуда, корро дуруст ба роҳ монанд, мо бӯҳрони иқтисодиро бо талафоти камтарин бартараф хоҳем кард, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Роҳбари давлатамон, кадом соҳаро мавриди муҳокима қарор надиҳад, чӣ хел қарор қабул нанамояд, қабл аз ҳама мулоҳизаҳои некӯаҳволии мардуми оддиро ба назар мегирад. Супоришоти дар ҷамъомади имрӯза додашуда, вазифаҳои гузошташуда низ аз он ҷиҳат аҳамиятноканд, ки онҳо ба таъмини шуғл, афзоиши даромади мардум ва идома додани корҳои созандагӣ барои беҳбудии минбаъдаи кишвар нигаронида шудаанд.

ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: