Дар рӯзҳои таътил аз ҷониби равоншиносон дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, бо мақсади кумаки иҷтимоию психологӣ ба муаллимон, пешгирии стрессҳои касбӣ ва кайфияти мусбат машғулоти психологӣ ташкил карда шуданд.
Стресс ҳолати аз ҳад зиёди ҳаяҷон ва асабоният аст, ки дар натиҷаи таассуроти қавӣ дар одамон ба вуҷуд меояд. Чунин ҳолати психологӣ ва ҳолатҳои афсурдагӣ дар ҳар як касб мушоҳида мешавад. Дар машғулияте, ки дар мактаби миёнаи рақами 75-уми ноҳияи Чуст барпо гардид, бори дигар дар ин хусус таъкид карда шуд. Равоншиноси мактаб Гулбаҳор Ҳамидҷонова дар бораи ҳадаф ва вазифаҳои тренинг чунин гуфт:
– Мақсади асосии баргузории тренинг баланд бардоштани рӯҳияи кормандони педагогӣ, пешгирии стресс ва рағбатнок кунондани омӯзгорон ва роҳбарони фаъоли синфҳо мебошад, ки давоми сол бо равоншиносони мактаб кори самаранок ташкил кардаанд.
Дар тренинг, ки ҳамкасбам Нодирабегим Аюбова ташкил кард, на танҳо педагогҳо, балки кормандони техникӣ, ки дар ҷамоамон кор мекунанд, низ бо шавқу ҳавас иштирок карданд.
Мушкилоти бамиёнгузоштаи иштирокчиён ислоҳ карда шуданд. Тавассути машқҳои ҳавасмандгардонӣ ба фаъолияти нави педагогҳо қувваю ғайрати нав бахшида, машқҳои амалие, ки ҳамфикрии ҷамоаро баланд мебардоранд, иҷро карда шуданд. Дар натиҷа руҳияи иштирокчиён болида гардид.
Дар анҷоми чорабинӣ омӯзгороне, ки дар давоми фаъолияти худ ба натиҷаҳои хуб ноил гардида, бо равоншиносони амалкунандаи мактаб мунтазам ҳамкорӣ мекунанд, аз ҷониби маъмурияти мактаб тақдиронида шуданд.
Шоҳида ДАМИНОВА,
хабарнигори
“Овози тоҷик”
дар вилояти Намангон.