МАШАҚҚАТИ НОНИ ҲАЛОЛ

Оре, ҳар як инсон дар ҳаёти худ ҳаракат мекунад, ки соҳиби ақлу хирад шуда, ба воя расад.

Оре, ҳар як инсон дар ҳаёти худ ҳаракат мекунад, ки соҳиби ақлу хирад шуда, ба воя расад. Дар назди дӯстону хешу ақрабо бо ҳурмату эътибор ноил гардад. Он муҳите, ки иҳота мекунад, бояд ӯро  дастгирӣ намояд. Аммо барои ин чӣ бояд кард? Барои ин инсон бояд бисёр меҳнат кунад, машаққат кашад, бисёр аз ҳаёт дарс омӯзад.
Яке аз ҳамин гуна инсонҳо, ки дар зиндагӣ барои худ пешаи дурустро интихоб карда, имрӯз дар ноҳияи худ – Ғиждувон ба обрӯву эътибор ноил гаштааст, Абдураҳим Раҷабов мебошад. Ӯро на танҳо дар ноҳия, вилоят, балки берун аз он ҳамчун устои нонпаз, алалхусус, нони ширмоли Ғиждувон хеле хуб мешиносанд.
Ғиждувонро диёри ҳунармандону тадбиркорон меноманд, ки бесабаб нест. Имрӯз маҳсули дастони ҳунарпешагони Ғиждувон дар 7 иқлим машҳуру маълум аст.  Алалхусус, ҳунарҳои кулолӣ, кашидадӯзӣ, нонпазӣ, кандакорӣ, қаннодӣ, бурёбофӣ ва ғайра.
Нони Ғиждувон бо сифати худ ҳам фарқ мекунад. Он ҳар қадар истад ҳам, мазаю намудаш коҳиш намеёбад. Барои бохабарӣ аз пухтани нони ширмол ба хонаводаи ҳунарманд, устои нонпаз Абдураҳим Раҷабов меҳмон шудем. Дар ин оила ҳама бо ҳунари нонпазӣ машғул мебошад. Нонҳои онҳоро на танҳо дар ноҳия, балки берун аз он – ноҳияҳои Вобкент, Шофиркон, Бухоро ва Қизилтеппа харид мекунанд. 
Дар ҷое, ки нон аст, адабу фарҳанг ва санъат низ мушоҳида мешавад. Нон зиннати дасторхон, қуввату дармони мардум аст. Агар дақиқтар андеша кунем, ҳастии инсонро бе нон тасаввур кардан мушкил аст. Аз ин рӯ, нон бебаҳотарин сарвати  ҳаёти моддии инсон аст ва қадру манзалати он дар радифи сарватҳои муқаддаси маънавӣ қарор дорад.
Абдураҳим инсони меҳнатдӯст, аз хурдӣ дар паи интихоби ҳунари дӯстдоштаи худ мешавад. Падари ӯ ҷелонгар буда, ӯ аз падар ин ҳунарро аз худ мекунад. Сипас дуредгариро меомӯзад.
Вале ҳунари нонпазӣ аз дили ӯ ҷой гирифта, пушти ин ҳунарро мегирад. Ва зиёда аз 40 сол ин ҷониб бо ин ҳунар машғул мебошад. Ҳоло фарзандони он кас дастёри  падар шуда, якҷоя меҳнат мекунанд.
Инро сулола гӯем хато намекунем, чунки имрӯз насли чоруми хонадон бо ин ҳунар машғул. Ҳамарӯза аз бевақтии шаб то субҳ ҳама дар сари кор мебошанд. Абдураҳим бо се писар, се келин ва набераи калонии худ Беҳзод ҳама дар сари кор ҳастанд. Агар яке хамир кунад, дигаре ба танур алав мемонад, сеюмӣ ҳамаи он чизе, ки барои пухтани нон зарур аст, тайёр мекунад. Пас аз расидани хамир ҳама дар пухтани нон банд мешаванд. Чуноне мушоҳида намудем, дар ин оила касе бекор нест. 
Дар хонадони Раҷабовҳо мо шоҳиди он гуфтаҳо гаштем, ки барои то як бурда нонро ба даҳон андохтан чӣ қадар машаққат лозим аст. Бино бар ҳамин, аз қадим одамон нисбати нон эҳтироми махсус дошта, ҳар резаи онро ба чашм мемолиданд. Ва намегузоштанд, ки нон хор шавад. Нон рамзи бебаҳотарин неъмати дунё, хушбахтиву комронӣ, муҳаббату садоқат аст.
Устод Турсунзода бесабаб чунин мираъҳоро рӯи коғаз наовардаанд:
Аз замин 
нонрезаҳоро чида 
мемолам ба чашм,
Нони гарми 
меҳнатиро дида 
мемолам ба чашм.
Аввалин чизе, ки ба рӯи хон мегузоранд, нон аст.
Оре, нон давлати Худодод... Бояд зикр намоем, ки муносибати на ҳама одамон бо нон як хел аст. Онҳое, ки нони муфт мехӯранд, ба қадри он намерасанд.
Фаровонии нон ба қобилияти кордонӣ ва талошҳои мунтазами деҳқон вобаста аст.
Маҳз бо фидокорӣ ва меҳнатқаринии он аз замин мерӯяд. Гандумро орд карда, нонҳои гарму лазиз мепазанд.
Агар дар бораи нони Ғиждувон сухан ронем, ҳама меписандаду қадр мекунад. Дар ин ҷо аз субҳи бармаҳал аз нонҳои гарми азтанӯрканда, бо бӯю таъми хушашон иштиҳои ҳамаро бедор мекунанд. Дар байни мардум ибораи «нони Ғиждувон ҳам махсусияти худро дорад» вуҷуд дорад. Аз ин ҷост, ки тӯю тантанаҳояшонро кӯшиш мекунанд бо нони Ғиждувон оро диҳанд. Одатан қадри ҳар як неъмат дар лаҳзаи ниёзмандӣ аён мегардад. Сарзамини муқаддаси Ғиждувон бо мардумони шарифу чашмикордони худ ҳамагонро ҳамчун оҳанрабо ба худ мекашанд. 

Беҳрӯзи ДАВЛАТ,
вилояти БУХОРО.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: