Дар асоси Қарори Девони Вазирон аз 10-уми июни соли равон хониши дуҳафтаинаи раисони ҷамоати шаҳрвандӣ дар минтақаҳои гуногуни вилоят идома дорад.
Барои аминҳои маҳаллаҳои шаҳри бостонӣ ва ноҳияи Самарқанд дар бинои литсейи академии назди Донишгоҳи давлатии Самарқанд машғулиятҳо ташкил карда шуданд.
Дарсҳоро устодони муассисаҳои таълими олии Самарқанд, мутахассисони соҳа ва соҳибони касбҳои гуногун гузашта, доир ба корбарии аминҳои гузару маҳаллаҳо маслиҳатҳои муфид доданд.
– Чунин машғулот барои раисони навиинтихобшуда фоидаовар аст, – гуфт амини деҳаи Навбоғчиёни шаҳри Самарқанд Мурод Остонақулов. – Шахсан ман бори нахуст раиси ҷамоати шаҳрвандӣ интихоб шудам ва аз баромади нотиқон маълумоти бисёр гирифтам. Ғайр аз ин, мо – раисон аз таҷрибаи якдигар баҳраманд шудем.
– Аксарият дарсҳо қолабӣ аст, – ба суҳбат ҳамроҳ шуд раиси ҷамоати шаҳрвандони гузари Боғимайдони шаҳри Самарқанд Тошпӯлод Раҳматуллоев. – Нотиқон аз рӯйи коғаз «дарс» мегузаранд, суҳбати ошкоро ва дилнишин ба вуқӯъ намеояд. Ғайр аз он, баъзе дарсҳо ба мо мутлақо дахлдор нест. Масъулон синну соли ҳамаро ба ҳисоб нагирифтаанд. Масалан, шахсе, ки синнаш аз 70 гузаштааст, чӣ тавр 8 соат дар як ҷо нишинад?!
Маълум аст, аминҳои гузарҳо бояд бо идораҳои андоз, таълими шуғли аҳолӣ, молия, ҳуқуқу тартибот ҳамкору ҳамнафас бошанд. Маҳз, масъулони идораи мазкур дарсҳои амалӣ ташкил карданашон лозим буд. Раисони соҳибтаҷриба ба шахсони бори нахуст интихобшуда аз фаъолияти худ ва сирру асрори корбарӣ ибрози андеша намоянд, нур болои нур мебуд.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
мухбири
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.