МАШВАРАТИ НАМОИШӢ

Дар ноҳияи Сирдарё бахшида ба масъалаҳои истифодаи техникаи пахтачинӣ дар мавсими соли равон машварати намоишӣ баргузор шуд.

Дар чорабинӣ ходимони вазорату идораҳои дахлдор, намояндагони ҳокимиятҳо ва мутахассисони соҳавии вилоятҳои Тошканд, Ҷиззах ва Сирдарё иштирок карданд. 
Самаранокии иқтисодии механиконии ҷараёни ғунучини ҳосили пахта, татбиқсозии чораҳои маҷмӯии агротехникӣ, истифодаи чинаки мошинӣ ба ҷойи чинаки дастӣ қайд гардид.
Зарурияти дар ҳар кадом ноҳия ба имзо расонидани шартномаҳо бо хоҷагиҳои фермерӣ, ки ҷамъоварии мошинии пахта ва ба роҳ мондани механизми ҳисобу китоби хидматрасониро ба нақша гирифтаанд, таъкид гардид.
Дар назди шахсони масъул бобати таъмири техникаи пахтачинӣ ва тайёр кардани онҳо ба мавсим вазифаҳо гузошта шуданд. Масъалаҳои расонда додани қисмҳои эҳтиётӣ барои кори муттасили мошинҳои пахтачинӣ, фароҳам овардани захираи қисмҳои эҳтиётӣ, ташаккул додани бригадаҳои сайёри таъмир муҳокима гардиданд.
Дар мавсими имсола пахтакорони Сирдарё ният доранд, бо кӯмаки мошинҳо ҳосили 17 ҳазор гектар замин, ба тарзи дигар гӯем, аз 203,8 ҳазор тоннаи ӯҳдадории шартномавӣ 45 ҳазор тоннаашро бо кӯмаки мошин ҷамъоварӣ кунанд.
Дар чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Н. Отаҷонов, ҳокими вилояти Сирдарё Г. Мирзоев баромад карданд.

А. ҚАЮМОВ,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: