МАСҶИДИ ҶОМЕЪ ТАЪМИР ШУД

Дар мамлакатамон корҳои васеъмиқёси ободсозӣ ва бунёдкорӣ бурда мешавад.

Қад афрохтани маҷмӯаи савдо, биноҳои зист, мактабу олигоҳ ва зиёратгоҳҳо ҳусну таровати ватани ҷаннатмисоли моро рӯз то рӯз меафзояд. Масалан, аз нав тармим гардида ба истифода супурда шудани боз як иншооти бошукӯҳ – бинои масҷиди ҷомеъ дар шаҳри Бахти вилояти Сирдарё тасдиқи фикри боло аст. 
Ба айвони масҷид, ки дар намозҳои ид хеле серодам мешавад, дар як вақт қариб се ҳазор нафар меғунҷад. Баъди корҳои сохтмон, ки қариб ду сол давом кардааст, қиёфаи бино куллан тағйир ёфт.
Беш аз 200 нафар усто, муҳандис, ҳунарманд, ороишгар ва мутахассисони дигаре, ки аз ҳама ҳудудҳои кишвар ҷамъ омадаанд, дар барқароркунии обидаи таърихӣ фаъол ширкат варзиданд.
– Дар сохтмони масҷид иштирок намудам, – мегӯяд яке аз сокинони маҳалла усто Бахтиёр Асадов. – Дар рафти азнавсозии маҷмӯа, зиёратгоҳи алломаҳо ва масҷидҳо таърихро боз ҳам амиқтар меомӯзем. Дар ҷараёни кор ин хеле муфид аст. Ҷиҳатҳои фарқкунанда ё монандии лоиҳаҳоро муқоиса мекунем. Ин дар навбати худ барои ба фарзандонамон маълумот додан низ мусоидат мекунад. 
Дар тарафи рости масҷид манораи 37 метра қад афрохт. Дар ин ҷо хонақоҳи калони дорои 2500 ҷой, айвон, таҳхона, китобхона ва хонаи хидматӣ барпо карда шудааст. Дар паҳлӯи масҷид барои занон ибодатгоҳи алоҳида бунёд гардида, дар он дар як вақт беш аз 100 нафар зан метавонад намоз гузорад. Фаъолони маҳалла ба устоён ёрдам доданд. Онҳо на танҳо дар ҳудуди бунёдшавии сохтмон, балки дар ҳамаи корҳои ободонӣ ва тозакунии маҳалла ширкат варзиданд. 

Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори
 «Овози тоҷик».

Вилояти СИРДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: