МАСКАНИ ДИЛКАШИ БАЧАГОН

Муассисаи таълими томактабии такягоҳии рақами 54-уми шаҳри Бухоро дар ноҳияи хурди панҷуми шаҳр воқеъ гардидааст.

Моҳи феврали соли гузашта Президент Шавкат Мирзиёев, ҳангоми сафараш ба вилояти Бухоро, аз он ҷо боздид ба амал оварда буд. Мо мақсад доштем, бо ин даргоҳи таълимии хурдтаракон аз наздик шинос шавем. Ҳангоме ки ба таълимгоҳи томактабӣ расидем, шиору плакатҳои гирду атрофи бинои дуошёна диққатамонро ҷалб карданд. Мо онҳоро бо шавқу завқ тамошо кардем. Яке аз кормандони ин даргоҳ аз мақсадамон огоҳ гардида, гуфт, ки мудира бо коре ба идораи шаҳр рафта, бояд, ки ҳоло биёяд. Дарҳақиқат, интизории мо тӯл накашид. Олима Абдурауфовна моро хушҳолона қабул карда, ба дафтари кориаш таклиф намуд. Ӯ хатмкунандаи Донишкадаи омӯзгории Тошканд ба номи Низомӣ буда, фаъолияти меҳнатиашро соли 1990 дар ҳамин ҷо ҳамчун логопед оғоз намудааст. Таҳти ғамхориҳои роҳбари ҳамонвақтаи муассисаи таълими томактабӣ Манзура Рустамова таҷрибаи корӣ омӯхт.
Даҳ соли расо дар ин ҷо хуб кор карда, ба дараҷаи методист ва тарбиягари калон расид. Соли 2012 мудирии муассисаи таълими томактабии рақами 33-юмро ба вай бовар карданд. Пас аз ду сол сарварии муассисаи таълими томактабии рақами 28-умро ба зиммааш гузоштанд. Ба ӯ лозим омад, ки масъулияти роҳбарии муассисаро ба ӯҳда гирад. Ҳоло дар ин ҷо 424 нафар тарбиятгирандагони аз 3 то 7-сола дар 13 гурӯҳ таълим мегиранд. Ҷамоа аз 71 нафар иборат буда, байни онҳо педагогҳо, дефектолог-логопедҳо, руҳшинос, ҳамшира, омӯзгорони мусиқа, тарбияи ҷисмонӣ, забон, услубшинос ва тарбиячиён мақоми хосса доранд. Се нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ, бештар аз 10 нафарашон дорои маълумоти олии нопурра ва мутахассис мебошанд. Бояд таъкид кард, ки дар муассисаи таълими томактабии рақами 54-ум як гурӯҳи алоҳидаи пулакии маҳфилҳо барои писарбачагон (солимгардонӣ ва забони корейсӣ) низ амал мекунад. Ҷараёни таълиму тарбия дар ин ҷо ба ду забон – ӯзбекию русӣ бурда мешавад.
– Ҳоло дар ташкилоти таълими томактабии мо 5 гурӯҳи ӯзбекӣ ва 8 гурӯҳи русӣ фаъолият дорад, – мегӯяд мудира. – Бо онҳо тарбиятгарони пуртаҷриба машғулият мегузаронанд. Тартиби кор аз соати 7:00 то 19:00, яъне 12 соат аст, – илова мекунад вай.
Аксарияти бачаҳо фарзандони тоҷикону ӯзбек.
– Ба забони модарии бачагон ташкил кардани гурӯҳҳо душворӣ дорад? – мепурсам аз ӯ.
– Душвор нест. Ба мо лозим меояд ба тарбиягирандагонамон то омӯхтани забони расмӣ ба забони тоҷикӣ муомила кунем. Гурӯҳҳоро мувофиқи тавсияномаи идораи хидматҳои давлатӣ мекушоем. Агар бобати ташкил намудани гурӯҳҳо ба забони модарии тоҷикӣ эҳтиёҷ бошад, тайёрем, ки онро иҷро кунем, – ҷавоб дод мудира.
Бо шарофати таъмири асосӣ, ки тӯли чанд соли охир амалӣ шуд, 90 фоизи мебелу ҷиҳозҳо нав гардиданд. Хонаҳои компутерию лингофон, телевизору интернет, майдончаҳои варзишию машғулиятҳо, толори мусиқа, ҳавз, мултимедия барои омӯхтани забонҳо ва ғайра барои таълиму тарбияи ноболиғон имконияти мусоид фароҳам овардаанд. Беҳуда нест, ки дар ин ҷо машваратҳои гуногун, таҷрибаомӯзии донишҷӯён ва мураббиён баргузор мешаванд. Талаб ба ин маскани дӯстдоштаи бачагон беш аз пеш меафзояд. Падару модарони беш аз 500 нафар наврасон орзу доранд, ки кӯдаконашон дар ҳамин таълимгоҳи томактабӣ сабақ омӯзанд.
Мудираи чашмикордон Олима Рафиева соли гузашта ба муносибати Рӯзи омӯзгорон ва мураббиён сазовори ордени «Дӯстлик» гардид. Ин қадршиносӣ маро ба масъулиятшиносӣ ва меҳнати боз ҳам самараноктар даъват месозад, мегӯяд ӯ.

А. АВЕЗОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: