МАСКАНИ ИЛМУ АДАБ

Дар ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарё шаш мактаби тоҷикӣ мавҷуд аст, ки яке аз онҳо мактаби рақами 9 мебошад.

Мактаби мазкур таърихи дуру дароз дорад. Дар ин ҷо чандин нафар омӯзгори номдор фаъолият кардаанд. Имрӯз онҳо мисли Ҷонузоқ Эшонқулов, Тошпӯлод Синдоров, Шакарбой Бойматов, Қазоқбой Шоев, Наврӯзбой Нуралиев ва ғайра дар қайди ҳаёт нестанд.
Шогирдони онҳо дар деҳа, ноҳия ва вилоят фаъолият доранд. Мактаб дуошёна буда, синфхонаҳои ба талаб мувофиқ дорад. Хонандагон дар мактаб бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ таълим мегиранд.
Дар байни хонандагон ва омӯзгорон ҳамҷиҳатӣ, дӯстиву бародарӣ барқарор аст. Пас аз анҷоми соли хониши 2017-2018 40 нафар хатмкунандагони ин мактаб ба донишгоҳҳо дохил шуданд.
Дар мактаб устодони дилсӯз, серғайрат бисёранд. Аз ҷумла, шогирдони Баҳодур Хидиров аз фанни кимиё, Санобар Ҳамроева аз фанни забони давлатӣ, Фарҳод Амирқулов аз фанни математика ҳар сол аз олимпиадаҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ ҷойҳои аввалинро ба даст меоранд. Айни замон сафи хонандагони мактаб 512 нафарро ташкил мекунад. Роҳбари мактаб Фарҳод Амирқулов бо ҷидду ҷаҳд кор мебарад, ҳамчунин назди омӯзгорон вазифаҳои нав ба нав гузошта шудааст, ки онҳоро ба масъулиятшиносӣ даъват хоҳад кард.

Тошбика ДЕҲҚОНОВА,
омӯзгори мактаби рақами 9-уми ноҳияи Сайҳунободи 
вилояти Сирдарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: