МАСКАНИ МЕҲР

Пештар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Тинчликобод»-и ноҳияи Учтепаи пойтахт дар мактаби маҳалла фаъолият мебурд.

Ба қарибӣ фаъолони маҳаллаи мазкур дар бинои шинаму нави замонавӣ ба кор оғоз намуданд.
Аз ташаббуси инсонпарваронаи соҳибкор Гулмира Умарқулова, ки чунин бинои боҳашами дорои ҳамаи шароити замонавиро барпо намудааст, нафақат мутасаддиёни ҷамоати шаҳрвандони мазкур, балки аҳли маҳалла низ миннатдор шуданд.
Бино дар асоси меъмории замонавӣ қад рост карда, ба ҳусни гузар намои тоза бахшидааст. Барои истироҳати аҳолӣ, суҳбат ва маслиҳату машварати онҳо имконият фароҳам оварда шудааст.
Самаранокии меҳнат аз шароити хуб ва қулай ба амал меояд. Дар бинои ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Тинчликобод» хонаи алоҳида барои раис, котиби масъул, кор бо занону духтарон, мутахассис доир ба мустаҳкам намудани корҳои маънавию ахлоқӣ дар оилаҳо ва нозири профилактика бунёд ёфтаанд.
Маҷлисгоҳи васеъ ва равшан барои чорабиниҳои тарғиботӣ хидмат кунад, китобхона бо адабиётҳои бадеии мухталиф таъмин буда, дар муддати кӯтоҳ ба маскани дӯстдоштаи ҷавонписарону духтарон табдил ёфтааст.
– Ватан аз маҳалла оғоз меёбад. Бо саъю ҳаракати ҳаммаҳаллаҳо гирду атрофи кӯча, роҳрав, ҷӯю ҷӯйчаҳо тоза карда шуда, бо райҳону гулҳои рангоранг обод карда шуд. Дар ҷое, ки меҳру оқибат, саховат ва аҳлу тифоқӣ ҳукмрон аст, файзу баракот ҳеҷ гоҳ канда намешавад. Бинои нави ҷамоати шаҳрвандони маҳалларо ба маънои пурра маскани меҳр ва инсонпарварӣ гӯем хато намекунем,– гуфт дар рафти суҳбат фаъоли маҳаллаи мазкур Хонзода Алиева.
Боиси хурсандист, ки аз ҷониби соҳибкор сехи дӯзандагӣ ташкил карда шуда, беш аз 30 нафар занону духтарон бо кор таъмин карда шуданд.
– Ният дорам дар рӯзҳои наздик барои духтарон сехи қандалотро ба кор дарорам ва дар натиҷа боз якчанд нафар бо шуғл фаро гирифта мешаванд,– мегӯяд Гулмираи соҳибкор. 

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик». 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: