МАСКАНИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ БОЯД БО НОМАШ ТАВЪАМ БОШАД,

  • МАСКАНИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ БОЯД БО НОМАШ ТАВЪАМ БОШАД,
  • МАСКАНИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ БОЯД БО НОМАШ ТАВЪАМ БОШАД,
  • МАСКАНИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ БОЯД БО НОМАШ ТАВЪАМ БОШАД,

– мегӯяд мудири кӯдакистон Муаттархон Исмоилова

Бинои хушсохту замонавии кӯдакистони рақами 63-юми ноҳияи Риштон дар шафати роҳи калони Фарғона – Қӯқанд воқеъ гаштааст. Атрофи он бо панҷара иҳота гирифта, саҳн ва намои он бо суратҳои ҷолиб ва ҷиҳози гуногун муҷаҳҳаз мебошад. Бидуни иштибоҳ, таваҷҷуҳи ҳар як роҳгузарро ба худ ҷалб менамояд.
Вақте ки вориди ин бино шудем, садои форами мусиқӣ ва сурудхонии кӯдакон ба гӯш расид. Маълум шуд, ки Зулола Ҳакимова ба кӯдакон дарси мусиқӣ мегузарад. Бо роҳбаладам – мудири ин муассиса Муаттархон Исмоилова андак таваққуф намудаву ба тарзи сурудхонии кӯдакон зеҳн мондем. Онҳо бо шавқ ва маҳорати хос сурудеро замзама мекарданд, ки дӯстиву рафоқатро тараннум менамуд.
– Ин сурудро Ҳакимова барояшон ёд додаву машқ мекунонад. Вай соҳиби маълумоти олии мусиқӣ, аз оғози фаъолияти кӯдакистони мо ба тарбиятгирандагон аз мусиқӣ машғулият мегузаронад. Тавре ки шоҳид мешавед, кӯдакон ин машғулиятро хеле дӯст медоранд. Ҳатто чанд нафар шогирдонаш дар озмунҳои миёни кӯдакони ноҳия ва вилоят ширкат кардаву сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштаанд, – гуфт М. Исмоилова.
Дарвоқеъ, ду сол муқаддам дар маросими ба истифода супурдани ин бинои кӯдакистони «Шабпарак» ширкат карда будам, ки дар шакли хеле мутантан баргузор шуда буд. Он бо маблағи ҳукумати Тоҷикистон эъмор гардидааст ва аз ду ошёна иборат мебошад. Ба гуфтаи мудири кӯдакистон дар ҳамин ҳол 230 нафар фарзандони аз 3 то 7-солаи мардуми ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Учариқ ва атрофи он ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. 
– Аҳолӣ зиёда аз 3 ҳазору 250 нафар аст. 449 нафари онҳоро кӯдакони то 7-сола ташкил мекунад. 24 нафар тарбиятгирандагон фарзандони оилаҳое маҳсуб меёбанд, ки аз саробон маҳруманд. Кӯдакони 5 оилаи камбизоат ва 5 оилае, ки барои кумаки моддӣ ниёзманд мебошанд, ройгон таълиму тарбия мегиранд, – мегӯяд Исмоилова.
– Сол аз сол талаботи касбӣ нисбати кадрҳои соҳаи таълиму тарбия зиёд шуда меравад. Барои ҳамқадами замон будани кормандони муассисае, ки шумо роҳбарӣ мекунед, кадом корҳо пиёда карда мешаванд?
– Мо ҳар сол ду маротиба барои педагог-хизматчиёни кӯдакистон семинару машғулиятҳо ташкил мекунем, барои боло бурдани такмили касб шароити мусоид фароҳам меоварем. Ҳатто мусобиқаҳои варзишӣ, санҷишҳои маҳорату малака мегузаронем. Ҳоло дар тамоми кишвар ба муқобили иллат ва вабои аср – коррупсия мубориза вусъат пайдо намудааст. Чанде муқаддам дар мавзӯи «Коррупсия – вабои аср» семинар-тренинг ташкил кардем. Дар он кормандони як қатор идораҳои вилоят ва ноҳия ширкат намуданд, – изҳор намуд мудири кӯдакистон.
– Дарсу машғулиятҳои кӯдакистон ба кадом забонҳо сурат мегиранд?  
– Мутахассисони мо машғулиятҳои худро ба се забон – тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ мегузаронанд. Навад дарсади тарбиячиёнамон тоҷик мебошанд. Дар айни ҳол барои машғулиятҳое, ки ба забони тоҷикӣ гузаронида мешаванд, баъзе дастурҳои методӣ ва шеърҳои бачагона намерасанд. Бо ваъда кор буд намешавад. Агар дар ин маврид ташкилотҳои дахлдор ба мо дасти кумак дароз кунанд, хеле шод мешудем, – иброз дошт М. Исмоилова.
– Рӯзҳои наздик барои кӯдакистони шумо шакли электоронии шеъру таронаҳои бачагонаи  адибон Асад Гулзодаи Бухорӣ, Муҳаммадҷони Шодӣ ва Абдулло Субҳонро мефиристем. Баъдан кӯшиш хоҳем кард, ки кӯдакистони шумо бо дастурҳои методии тоҷикӣ низ таъмин бошад, – гуфтам ба мудири кӯдакистон.
Аз суҳбат бо мудир бармеояд, ки кормандон бо падару модарон зуд-зуд мулоқотҳо доир карда, барои бедор кардани шавқи кӯдакон нисбати китоб чораҷӯиҳои муштарак мегузаронанд. Ҳатто яке аз чорабиниҳои муштараки онҳо «Сайр ба дӯкони китоб» унвон гирифта, зимнан боиси харид намудани китобҳои бачагона низ шудааст. 
– Агар кӯдак китобхонии падару модарашро бинад, ҳатман ин дар зеҳни вай таъсири мусбат мегузорад. Дар мо як идда падару модарон маҳз аз аҳли зиё ҳастанд. Ҳатто дар байни падару модарон коргарони одӣ, вале мунтазам китобхонро кашф намудем, ки кӯдакони онҳо аз тарбияи хубашон баҳраманд гаштаанд. Ин кори моро хеле осон мекунад ва ба ҷанбаҳои дигар таваҷҷуҳи бештар равона мекунем, – мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
– Дар мавриди пешгирӣ аз бемориҳои мавсимӣ кадом корҳо ба сомон мерасанд? 
– Ҳар як фасли сол барои кӯдакон мақбул аст. Аммо мавсими пухтупази сабзавоту мева, ки оғоз ёфт, мо талош мекунем, ки дар ҳамкорӣ бо падару модарон кӯдакон сабзавоту меваи ношустаро истеъмол накунанд. Аз меъёр зиёд истеъмол кардани ин неъмат низ барои кӯдак метавонад боиси зуҳури ин ё он беморӣ шавад. Дар ҷои кор кӯдаконро ба шустушӯй кардани дасту рӯй одат мекунонем.
– Дар бораи кор дар гурӯҳҳои алоҳида низ маълумот медодед.
– Кӯдакони синну соли гуногун дар ҳашт гурӯҳ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар гурӯҳи хурдсолон, гурӯҳи миёна, гурӯҳи калон ва тайёрӣ ба мактаб тарзи таълиму тарбия мувофиқи нақша амалӣ карда мешавад. Мутахассисони мо ғайр аз он ки кӯдаконро тарбия мекунанд, ба мактаби таҳсилоти умумӣ тайёр кардани онҳо низ аз ҷанбаҳои муҳими корамонро ташкил мекунад. Барои ҳамин бо маъмурияти мактаби маълумоти умумии рақами 15-ум аз наздик ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст, – мегӯяд Муаттархон Исмоилова. 
Ба таъкиди ӯ тибқи муоҳидае, ки бо маъмурияти ин мактаб ба имзо расонидаем, раванди корҳоро бо директори он Маҳмудҷон Комилов ҳамеша баррасӣ карда мераванд. Инчунин муаллимони синфҳои ибтидоии ин мактаб Раъно Нишонова ва Дилфуза Дадаҷонова ба гурӯҳи «Тайёрӣ» вобаста карда шудаанд. Дар заминаи ин ҳамкорӣ барои гурӯҳҳои «Калон» ва «Тайёрӣ» барои шиносоӣ бо мактаби рақами 15 мунтазам саёҳатҳо ташкил карда мешаванд.
Идомаи суҳбати мо замоне ба вуқӯъ пайваст, ки дар хонаҳои равшану васеъ  тарбиячиёну омӯзгорон машғулиятҳои гуногун мегузарониданд. Ҳар якаш тозаву озода буд ва кӯдакон дар ҷараёни ин ё он машғулият аз бозичаҳои гуногун истифода мекарданд. Дар ҳавзи оббозӣ кӯдакон шиновариро меомӯхтанд. 
– Аз ҷамъи кормандон 8 нафар соҳиби маълумоти олӣ ва як нафар соҳиби маълумоти олии нопурра мебошад. Онҳо муассисаҳои таҳсилоти олии гуногуни мамлакатамонро хатм кардаанд. Ҳафт нафар тарбиячиён маълумоти миёнаи махсус доранд, – тавзеҳ дод Исмоилова.
– Баъди хатми Донишгоҳи давлатии Намангон дар яке аз кӯдакистонҳои ноҳия фаъолиятамро оғоз намудам. Вақте ки ин кӯдакистон кушода шуд, дар озмуни он ширкат кардам ва дар қатори аввалинҳо ба кор пазируфта шудам. Ҳамаи кормандони мо тибқи озмуни хос ба кор қабул карда шудаанд, – мегӯяд Хушнуда Яъқубҷонова.
Ин кӯдакистон аз муассисаҳои таълими томактабии одӣ нест. Он рамзи дӯстиву рафоқати ду халқи бародар ва ду кишвари дӯст – Ӯзбекистон ва Тоҷикистон мебошад. Барои ҳамин онҳо .ҳамеша масъулияти бештар ҳис мекунанд ва талош менамоянд, ки аз ҳар нигоҳ ин кӯдакистон дар ноҳияи Риштон аз кӯдакистонҳои намунавӣ  бошад.
– Хушнуда дуруст мегӯяд, – ба суҳбат ҳамроҳ шуд Муаттархон Исмоилова. – Зарифахон Ҷалолова, Муҳтарам Қурбонова, Мақсуда Нишонова, Наталя Ғаниева, Ӯғулой Ғафурҷонова, Умеда Асқарова аллакай дар байни омӯзгорону тарбиячиёни ноҳия ва берун аз он шинохта шудаанд. Онҳо ифтихори кӯдакистон ҳастанд. Барои боло бурдани нуфуз ва эътибори кӯдакистон талошҳои зиёд ба харҷ медиҳанд, – тазаккур дод мудири кӯдакистон.
Пӯшида нест, ки ҳар як иду санаи муҳим ва ҷашнҳои миллӣ дар мамлакат бо тайёрии хуб, дар шакли ороставу зебо ва хотирмон баргузор мешавад, ки аз ин кӯдакистони «Шабпарак» дар канор нест. Идҳои касбии Истиқлолият, Рӯзи бонувон, ҷашни Наврӯз ва амсоли он аз ҳамин шумор мебошанд. 
Дар ин ҷо ҷиҳати боло бурдани маърифати экологӣ «Гӯшаҳои экологӣ» ва «Майдони сабз – долони сабз» таъсис дода шудаанд. Дар саҳни ҳавлии кӯдакистон зиёда аз 150 ниҳоли гуногун шинонда шудааст.
Маълум шуд, ки ҳомиёни саховатманд, мисли  Қодиралӣ Мусоҷонов ва Исломҷон Орифҷонов мунтазам бо туҳфаҳои идона ба кӯдакистон ташриф меоваранд ва ба кӯдакони оилаҳои камбизоат ин тӯҳфаҳоро тақдим мекунанд. Театри давлатии лӯхтаки вилоят низ зуд-зуд меҳмон мешавад ва бо намоишномаҳои марғуб дили онҳоро масрур мегардонад. 
– Мо ба маросими  «Хайр кӯдакистон – салом мактаб!» омодагӣ мебинем. Дар ин чорабинӣ кӯдаконе, ки ба синфи якум мераванд, дар назди меҳмонон ва падару модарони худ дониши андӯхтаашон – хондану навиштан, забондониашонро намоиш медиҳанд, шеъру суруд мехонанд. Мо охири май ин чорабиниро баргузор мекунем. Соли гузашта бори аввал онро баргузор намуда будем, 
– мегӯяд дар поёни суҳбат М. Исмоилова.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: