Дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Қараулон»-и ноҳияи Шофиркон маскани нави ҳифзи саломатӣ ба фаъолият оғоз намуд.
Ин бунгоҳи тиббӣ барои Курушкент, Маҳаллиқозӣ барин панҷ деҳаи ҳудуд, ки 4500 нафар аҳолӣ дорад, хидмати саривақтии тиббӣ расонда метавонад.
Муолиҷагоҳ мувофиқи талабҳои замон ҷиҳозонида шуда, дар ин ҷо лаборатория, электрокардиограмма, УЗИ, хонаҳои доя-гинеколог, муолиҷагирӣ, стоматология, беморхонаи рӯзонаи дорои шаш ҷой амал мекунад. Ҳоло шодию хуросандии сокинони деҳаҳои номбаршуда андоза надорад.
Гуфтан ҷоиз аст, ки маскани тиббиро бинокорони ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Jo’ynav sity savdo baraka» дар муддати якчанд моҳ бунёд карданд. Барои сохтмон 1 миллиарду 700 миллион сӯм маблағ харҷ гардид.
Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро.