Маскани зиё

Китобхонаи қасри фарҳанги «Фар-ҳод»-и Навоӣ аз масканҳои маърифатиест, ки дорои захираи бойи маънавӣ буда, ба хонандагони касбу корашон гуногун хидмат мекунад.

Қасри фарҳанги «Фарҳод» бинои сеошёна аст. Китобхонае, ки масоҳаташ 2 ҳазор метри квадратиро ташкил медиҳад, дар ошёни сеюм мавқеъ гузидааст.
Ҳар рӯз ба ҳисоби миёна 300 нафар аз китобхона дидан мекунанд. Дар китобхона ба ҷуз зали хониш, шуъбаҳои ахбору библиография ва муолиҷа, бахшҳои маънавияту маърифат, харид ва муқовабандии  китоб низ фаъолият доранд. 
Имрӯз дар фонди китобхона беш аз 222 ҳазор китоб ва 50 номгӯй нашрияи даврӣ мавҷуд аст.
Дар акс: дар китобхонаи қасри фарҳанги «Фарҳод».
Аксбардор: Сироҷ АСЛОНОВ (ӮзА). 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: