МАСКАНҲОИ МУБОРАКИ ҚАШҚАДАРЁ

Масканҳои таърихӣ, қадамҷой ва зиёратгоҳҳои муборак дар вилояти Қашқадарё низ зиёданд.

Масканҳои таърихӣ, қадамҷой ва зиёратгоҳҳои муборак дар вилояти Қашқадарё низ зиёданд. Хусусан, муҳити илму адабпарвари Кеш (Шаҳрисабз) ва Насаф (Қаршӣ) азизу авлиё, шуаро ва уламои бисёр омода ва ба дунёи мусулмонии Шарқ тақдим доштааст.
Дар Шаҳрисабз охири асри XIV ва ибтидои асри XV маҷмӯи «Дор-ут-тиловат» бунёд гардид. Аз номаш маълум, ки ин маҷмӯъ – ҷои қироати Қуръон. Масҷиди Кӯк Гунбаз, мақбараи Шайх Шамсиддин Кулол, дахмаи Гунбази Саййидон ба таркиби маҷмӯъ дохил мешаванд.
Вақте Кӯк Гунбаз ба забон омад, мунаҷҷим ва арбоби бузурги давлатӣ Мирзо Улуғбек дар тасаввурамон зинда мешавад, ки вай бо вуҷуди ба корҳои муҳими илмӣ-эҷодӣ ва идораи давлат банд будан вақт ёфта, зуд-зуд ба Шаҳрисабз – ватани бобоӣ меомад, ба корҳои хайр ва ободонӣ сарубар мегашт. Масҷиди Кӯк Гунбаз солҳои 1434-1435 аз ҷониби ӯ ба бунёд омад. Дар пештоқ санаи сохтмон ва номҳои Амир Темуру писари ӯ Шоҳрух (падари Улуғбек) сабт ёфтааст. Маълум мешавад Улуғбек масҷидро аз номи падараш сохта, ба шарафи бобояш номгузорӣ намудааст.
Номи Шамс Кулол (Шайх Шамсиддин Кулол), ки аз авлиёи замони худ буд, бароямон шинос (алъон яке аз кӯчаҳои Тошканд Шамс Кулол номгузорӣ шудааст). Вай пири маънавии Амир Темур ва падари ӯ Тарағай Баҳодур ба шумор мерафт. Баъде соли 1370 Шамсиддин Кулол ал-Фохурӣ вафот кард, Амир Темур болои оромгоҳи вай мақбара сохт. Дахмаи гунбази Саййидон, ки соли 1437 барпо ёфта, низ меваи корҳои бунёдгаронаи Мирзо Улуғбек мебошад. Авлоди паёмбари ислом – Муҳаммад (с.а.в.)-ро саййидон мегуфтанд. Бармеояд, дар Гунбази Саййидони маҷмӯи «Дор-ут-тиловат» саййидони тирмизӣ дафн карда шудаанд.
Мақбараи Абӯмуин Насафӣ, айни замон, аз зиёратгоҳҳои муътабари вилояти Қашқадарёст, ки он баъди таъмиру тармим намуди куллан дигаре касб намудааст. Абӯмуин Насафӣ яке аз чеҳраҳои намоёни илми калом ҳисоб меёфт. Бинобар ривоятҳо, бобокалони Абӯмуин, ки Макҳул ном дошт, аз шогирдони Имом Мотурудӣ, бобояш муътамид аз уламои ҳанафия буда, онҳо дар паҳн намудани таълимоти мотурудия нақши босазо гузоштаанд. Абӯмуин Насафӣ таълими ибтидоиро аз падар ва бобояш гирифт. Бо шарофати таълимоте, ки як умр ба он содиқ монд, ба дараҷаҳои баланди илм расид ва осори бебаҳои илмӣ таълиф намуд. 
Президентамон Шавкат Мирзиёев аснои ташриф ба вилояти Қашқадарё моҳи феврали соли 2017 бобати ободонии оромгоҳи Абӯмуин Насафӣ таклиф ва супоришоти мушаххас дода буд. Январи соли равон ташрифи навбатии роҳбари давлати мо ба ин вилоят иттифоқ афтод ва ӯ аз маҷмӯи «Дор-ут-тиловат», корҳои ободоние, ки дар зиёратгоҳи Абӯмуин Насафӣ ва дигар масканҳои мубораки воҳа пеш бурда мешаванд, дидан карда, қаноатмандӣ ҳосил намуд. Ба назар чунин мерасад, дар даст ёфтанамон ба дигаргуниҳои бемисл рӯҳи азизу авлиё, уламову удабое, ки дар сарзаминамон умр ба сар бурда ва ҳамин ҷо ба хоби абад рафтаанд, ҳамеша мададгор. Ривоят ва гӯяҳои мардумӣ доири  ҷой ва чашмасорҳои хосиятманди воҳа, инчунин, қобили таваҷҷӯҳ мебошанд.
Яке аз мавзеъҳо Совуқбулоқ, назар ба нақлҳо, аз ҷониби инсони муътабар Хоҷа Илғор обод гардонда шудааст. Мегӯянд, модари Соҳибқирон, ки Тегинамоҳ ном дошт, бинобар рӯзи мушкиле, ки ба сараш омад, муддате дар Хоҷа Илғор монд. Вай обистан буд. Ба хобаш мӯйсафеди нуронӣ даромад ва гуфт: «Ташвишҳо паси сар шуда ва, иншооллоҳ, писар меёбед ва ӯ оянда шоҳ ва саркардаи машҳур мешавад». Гуфтаи мӯйсафед омад – писаре, ки Тегинамоҳ таваллуд кард, чун Соҳибқирон шуҳрати ҷаҳонӣ ёфт.
Касе бо ниятҳои пок агар аз оби Совуқбулоқ нӯшид, ба мақсад мерасидааст. Чашмаҳои пурхосият ва обашон шифобахш дар мавзеи Хоҷаи Илғори қаламрави Кеш ҳафтто будаанд.
Қисме аз зиёратгоҳ ва масканҳои муборак дар Қашқадарё воқеъ дар баландӣ ва бағали кӯҳҳои пурвиқоранд. Аз ҷумла, қадамҷойҳо дар кӯҳпояҳои ноҳияи Китоб – саҳифаҳои рангин дар китоби табиат. Чаҳор фасли кӯҳистони Китоб манзараҳои ба худ хосро молик. Хусусан, баҳор ва тобистон дар ҳар қадам ҷӯшзании як чашмасор, шилдирросзанон ҷоришавии рӯди кӯҳӣ ба рӯҳ сафои тоза мебахшад. Аз дуродур шунидани шав-шуви шаршараҳо низ шавқафзо. Гӯё об не, балки шир аз баландиҳо бо шӯру туғён поён мефурояд.
Дар баландии Ниёзтеппаи кӯҳпояи Китоб мақбараи Ҳазрати Султон Саид Аҳмад Башир мавҷуд. Барои зиёрат кардани оромгоҳи Ҳазрати Башир лозим меояд тавассути зинаҳои зиёди пасту баланди табиӣ боло бароӣ ва арақи ҷабин резӣ. Вале асное ба ҷои даркорӣ баромадед, дар як он мондагиатон рафъ гашта, нафаси сабук мекашед. Аз баландии ҳамшафат бо ошёни уқобон ба поён назар меафканед: бо тамошои воҳаи хушманзаре, ки сарҳадҳояш то дуриҳои дур кашол ёфта, ҳастиатон аз ҳиссиёти наҷиб лабрез мегардад. Дар дил як виқор...
Аз куҷо меояд ин эҳсос? Шояд ин баландиҳо бехислат не? Ҳама бо шарофати зиёратгоҳи муқаддас?
Чи тавре ки дар китоби чанде пеш ҷомаи табъ ба баркардаи «Таърихи Ҳазрати Башир» қайд шудааст, Ҳазрати Башир аз ҳамзамонҳои Мирзо Улуғбек ва аз марҳамату меҳрубониҳои шоҳ ва мунаҷҷими бузург бархурдор будааст. Ихлоси Алӣ Қушчӣ низ ба ин авлиё баланд ва вай аз Самарқанд ба Китоб омада, чанд сол хидмати ӯ баҷо овардааст.
Дар баландии Ниёзтеппа чашмаҳои мӯъҷизавӣ бисёр. Оби сафеду соф ҷӯш зада баромада ва мисле бо об не, бо шир ташнагӣ мешиканед. Нӯшокии шифобахши бо минералҳо бой. Шаббодаи кӯҳ чӣ қадар рӯҳнавоз. Мегӯянд, офтоби баланди Ниёзтеппа низ хосиятҳои худро дорост: бадан роҳаткунон обутоб меёбад.
Беҳикмат набудани Ниёзтеппа боз дар он ки ин ҷо худро сабук ҳис мекунӣ. Мисле бо мадади рӯҳи Ҳазрати Башир. Вақте рӯҳиятат болу пар кушод, тавре ҳис мекунӣ, ки зиёратат қабул! Боз нақлҳое мавҷуд, ки номи ҳазрат дар асл Башир не, балки Бешир аст. Гӯё он зот аз модари куҳансол таваллуд ёфтаанд. Бинобар наомадани шир ба пистони волида ба тифл Бешир ном ниҳодаанд. Вақте кӯдакро, ки гурусна монда буд, бардошта ба баландӣ баромаданд, аз яке чашмасорҳои зери по об не, гӯё шир дамида баромад.
Чашмаи мӯъҷизавие, ки ба тифли навзод – авлиёи оянда оби ҳаёт бахшид, ҳанӯз ҷӯш зада мебарояд. Об не, тавре таъкид гашт, мисле шир мефурояд аз баландиҳо. Шири оддӣ не, балки шири модар, ки ба таърифу тавсифи он забон оҷиз.

М. ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: