Маслиҳат ба шоирони ҷавон:

ба қофияи ноустувор роҳ нагузоред!

Маслиҳат ба шоирони ҷавон:
ба қофияи ноустувор роҳ нагузоред!
Ниҳолеро, ки нав ба мева даромадааст, навбар гӯянд. Боз мегӯянд, меваи дарахти навбар бенуқсон аст. Падидаҳои қаламии шоирони ҷавон-чӣ?
Ба шеърияти ҷавонон таваҷҷӯҳам зиёд. Дар сурати шеър ҷилва намудани эҳсосоти пок, ки бо меҳру муҳаббат, вафо ва садоқат ҳамоҳанг буда, сарчашмааш қалби беолоиши ҷавонист, рӯҳро менавозад.
Вале гоҳо дилпурӣ ҳис намекунам. Аз ҷумла, дар масъалаи қофия. Ба шоири ҷавон гуфтан мехоҳам, шеър-ку менависем, қофияро медонем? Ӯ гуфтанаш мумкин: «Шахсе, ки радиф, вазн ва қофияро намедонад, шеър менависад?»
Вазнро, хоссатан арӯзро ба «математикаи олӣ» низ монанд мекунанд. Доири тартибу қоида, меъёру талаб, баҳр ва рукнҳои арӯз Шамс Қайси Розӣ асаре навиштааст бо унвони «Ал-Муъҷам». Дар рӯзҳои мо танҳо адабиётшиносҳо, мутахассисони башумори арӯзшинос ин китобро ба дараҷаи кофӣ фаҳмиданашон мумкин. Мураккабии арӯз то ҳамин дараҷа. Арӯз шаклҳои оддӣ низ дорад, ки аксарият аз нозукиҳои он бархурдор. Гуфтанием баробари «математикаи олӣ» будан бо баъзе ҷиҳатҳо арӯз арифметикаи оддӣ низ ҳаст.
Ҳоло сухан дар бораи қофия. Калима, ҷузъ ё ҳиҷоҳои ҳамоҳанги дар охири мисраъ ва байт омадаро қофия меномем. Дар луғат қофия «аз қафо омадан»-ро ифода менамояд. Доири шарҳи қофия ба сифати истилоҳ бошад, маводҳои зиёд ба табъ расидаанд. Шартан ба ду тақсим мекунанд қофияро: устувор ва ноустувор. (Ё худ «солим» ва «носолим»). Классикҳоямон шеъреро, ки қофияаш носолим аст, шеър ҳисоб накардаанд. Талаб ба қофия ҳамин дараҷа сахт буд, Зайниддин Маҳмуди Восифӣ шоирони ҳарфҳои «сод» ва «син»-ро омехта қофия сохтаро сахт танқид карда, «ин айби дар байни шуаро бахшиданашаванда» гуфтааст.
Шеъри машҳури устод Лоиқ «Шаб ба хайр»-ро ҳамаамон дӯст медорем. Мисраъҳо дар охири ҳар банд ҳамқофияанд. «Шаб ба хайр, эй ҳамзамонон, шаб ба хайр, Шаб ба хайр, эй дӯстдорон, шаб ба хайр» ва ҳоказо. Шоираи эронӣ Жола Бадеъ дар қофияи мисраъҳои баъди ҳар банд носаҳеҳӣ дид ва гуфт «ҳамзамонон» ва «модари ҷон» – ҳамқофия, вале «дӯстдорон» намечаспад, ба «дӯстдорон», мисолан, «кӯҳсорон», «обшорон» ва амсоли онҳо ҳамқофия аст. Шоири тоҷик андешаи Жола Бадеъро пазируфт...
Шоирони Ғарб низ ба қофия бефарқ набудаанд. Пушкин аз вазъи қофия дар адабиёти рус ба ташвиш афтода, ин тавр менависад: «Фикр мекунам, бо ин рафтан мо ба «шеъри нав» муроҷиат мекунем. Қофия дар шеърияти рус хеле кам. «Пламень» ҳатман «камень»-ро ба худ кашад, аз паси «чувство» ҳатман «искусство» меояд. «Любовь» ва «кровь», «трудный» ва «чудный» ба меъдаи кӣ назадааст?»
Қофия дар мактабҳои кӯҳна ва мадрасаҳо ба сифати предмети алоҳида омӯзонида мешуд. Таълим додани система, оҳангнокӣ, фаҳмонидани ҷи-ҳатҳои ба худ хоси қофия аз устод-мударрисон донишҳои амиқи поэтикӣ талаб менамуд. Қофия санъати шеърист, дар дохили ин санъат боз санъат мавҷуд, ки онро зуқофиятайн номанд. Мисраъҳо дар ин гуна шакл як не, ду қофия доранд. Байтҳои зебои аз як не, аз якчанд қофия таркибёфтаро «зул-қавофӣ» низ номидаанд.
Дар адабиёти рӯзҳои мо низ қофия – садои оҳангноки шеърият, ҳусну ҷамоли каломи шоирона, ки диловезии сухан низ дар он аст.
Вале дар шеърҳои ҷавонон, ҳатто суханварони баркамол дучороии қофияҳои ноустувор дилро хиҷил менамояд. Айни замон шоироне, ки ба қофия дода шуда, ба маъною мазмун эътибор намедиҳанд, низ ёфт мешаванд. Устод Лоиқ гуфта:
Қофиябозӣ чӣ осон 
бозиест,
Гар набошӣ шоири 
андешаманд.
Қофиябоз не, суханпардоз бояд буд, гуфтанам меояд ба эҷодкорони ҷавон. Аввалин талаби шеърият – мутаносибии шакл ва мазмуне, ки оҳораш нарехтааст.
Имрӯзҳо дар адабиёти Ғарб, дар шеърияте, ки бо модерн тарҳрезӣ ёфтаанд, асосан ба мазмун эътибор медиҳанд. Мисраъҳо шикаста, қофия гоҳ ҳаст, гоҳ нопайдост. Вале шеърияти анъанавии Шарқ баробари мазмун шаклро, баробари вазн қофияро чизи муҳим мешуморад. Қофия – навои рӯҳбахши қалб ва рӯҳият. Донишманде гуфта, чӣ будани шеър ва мусиқии онро, ҳатто шакли каломи шоиронаро оҳанге муайян месозад, ки аз қалб хестааст.
Аз қофияи ноустувор бояд парҳез кард. Айни замон ба хотири қофияи солим ба якдигарро «талабсозии» баъзе калимаҳо бояд роҳ нагузорем. (Масалан, аз  паси «гул» омадани «булбул», аз паси «ватан» – «чаман» ва ҳоказо). Тавре Пушкин ишора карда буд, қофия гарчи устувор аст, забонзад бошад, ҳеҷ вақт ҳусни баён намегардад, он садои хуше нест, ки қалб ва ҳиссиётро ба ҷӯш оварад.

Ш. МУҲАММАД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: