МАСНАВИХОНӢ ДАР ХОНДИЗА

Дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 76-уми ноҳияи Сариосиё беш аз чил нафар омӯзгорон бо таълиму тарбияи насли наврас машғуланд ва дар пешрафти кадрҳои болаёқат саҳми худро мегузоранд.

Ду сол пеш бо дастгирии ҳукумати кишвар барои фарзандони аҳолии деҳаи Хондиза мактаби нав қад афрохт, ки бо таҷҳизоти замонавӣ ҷиҳозонида шудааст. Дар он донишомӯзон пурра ба забони модариашон таълим мегиранд.
Мактаби мазкур яке аз таълимгоҳҳои пешқадами тоҷикӣ дар миқёси вилояти Сурхондарё мебошад, ки даҳҳо ҷавонони боистеъдодро тарбия намуда, дар хизмати халқу Ватан сафарбар кардааст. Дар мактаб муаллимони эҷодкор низ кам нестанд. Аз ҷумла, Барно Саломова дар таълиму тарбияи шогирдон пайваста заҳмат мекашад ва барои эҷод низ вақт меёбад. Ду маҷмӯаи ҳикояву таронаҳояш дастраси хонандагон гардидаанд.
Хонандагони мактаб дар олимпиадаҳои фаннӣ доим ширкат меварзанд.
Ба наздикӣ бо мақсади санҷидани қобилияти азхудкунии донишомӯзон ва дарёфт кардани истеъдодҳо дар мактаби мазкур озмуни маснавихонӣ баргузор шуд. Аз шартҳои асосии озмун аз ҳама зиёд аз ёд карда ба таври ифоданок хондани порчаҳо аз «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Балхӣ буд. Дар озмун беш аз 40 нафар донишомӯзон ширкат варзида, байту порчаҳои шеърӣ қироат намуданд. Бо вуҷуди ҳавои сарди зимистон ва барфи сафед, ки гирду атрофи деҳаро фаро гирифтааст, донишомӯзон новобаста аз синну сол чандин соат шеър хонданд ва шеър шуниданд. Ҳар кас талош мекард, қувваи худро дар майдон нишон диҳад. Маълум шуд, ки мардуми мо муштоқи шеъру адабиётанд. Беҳуда нест, ки шоироне мисли Муҳаммадюсуфи Маъюсӣ, Сӯфии Ҳисорӣ маҳз дар ҳамин обу хок парвариш ёфтаанд.
Ниҳоят, ҳайати ҳакамон бинобар миқдори абёти ҳифзшуда, ифоданок ва бидуни ғалат хондани шеърҳо ғолибонро эълон кард. Ҷойи аввал ва дуюм насиби хонандагони синфи даҳум Гулнисо Фармонова, Дилдора Раҳмонова гардид. Ҷойи савумро хонандаи синфи сеюм Мӯъҷиза Саъдуллоева гирифт. Онҳо бо ифтихорномаҳои шуъбаи Иттифоқи ҷавонони ноҳия ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонда шуданд.
Умед аст, ки хонандагони мо минбаъд низ азму талош карда, қуллаҳои баланди илму донишро фатҳ менамоянд ва ба комёбиҳои бузург ноил мешаванд.

Ҷаҳонгир НУРУЛЛОЕВ,
мудири қисми тарбиявии мактаби рақами 76,
ноҳияи Сариосиё.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: