МАСНАВИИ МУФИД

Дар замони муосир талабот ба соҳаи маориф ҳамчун самти калидии фаъолият дар пешрафти ҷомеа торафт меафзояд.

Аз ин рӯ, истифодаи усулҳои фаъол дар раванди таълим як ҷузъи ҷудонашавандаи фаъолияти таълимии омӯзгорро ташкил медиҳад.

Ба роҳ мондани бозиҳои адабӣ дар ҷараёни таълими адабиёт аз хелҳои маъмултарини тадриси ин фан ба шумор меравад. Омӯзгорони ботаҷриба дар ин бобат аз воситаҳои гуногун, ба хусус, луғзу муаммоҳои гуногун, чистон, байтбарак, мушоира, пурсишу посухҳо васеъ истифода мебаранд.
Дар адабиёти ғании тоҷик чандин намунаҳои он дучор мешаванд. Шоирон тавассути он ба афзудани дониш ва саводи адабии шогирдон саҳм мегиранд.
Яке аз ҳамин гуна осор китоби шоир, узви Итттифоқи нависандагони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон Паймон (Тӯхтамиш Тӯхтаев) таҳти унвони «Даҳ пурсишу даҳ посух» аз тариқи нашриёти «Тамаддун» бори аввал ба ҳуруфи ниёгон – форсӣ ва ҳам тоҷикии кириллӣ дар як муқова аз чоп баромад. Китоби мазкур қаблан – соли 2019 дар нашриёти «Ноширлик ёғдуси» ба забони тоҷикии кириллӣ аз чоп баромада буд. 
Чуноне ки доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҷумъа Ҳамроҳ дар пешгуфтори китоб таъкид кардааст: «Хондан ва дарк кардани зебоиҳои шеър кори осон нест. Хонанда шояд ба умқи эҳсосу андешаҳои шоир даст наёбад ва дар бархӯрди аввал ба мутолиаи ҷиддӣ напардозад. Бинобар ин, хонандаро ба қадри тавон дар хондан ва шинохти сарнавишти эҷодӣ, мазмуну муҳтаво ва ҳунари шоиронаи Паймон роҳнамоӣ кард».
Маснавии «Даҳ пурсишу даҳ посух» ҳам аз ҷиҳати шакл ва ҳам муҳтаво ҷолиби диққат мебошад, ки ба тарзи саволу ҷавоб навишта шуда, барои хонандагони мактабҳо арзиши тарбиявию таълимӣ дорад ва як саҳнаи шоиронаи дарси таърихи адабиёт аст.
Маснавӣ аз оғоз, даҳ пурсиш, даҳ посух ва анҷом иборат мебошад. Дар «Оғоз» шоир тарҳи адабиро мекашад ва исмашро «Бозии дониш» мегузорад. Пурсиши аввал баҳси «Рӯдакӣ худ кӣ будааст? Кай? Дар куҷо зода шудааст? Чӣ осоре боқӣ гузоштааст?»-ро ба миён мегузорад. Ҳамин тариқ, дар пурсишҳои баъдӣ масъалаҳои: Кӣ будан? Дар куҷо зода шудан? Чӣ гуна осореро ба мерос гузоштани Абулқосим Фирдавсӣ, Низомии Ганҷавӣ, Ҷалолиддини Балхӣ-Румӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Муҳаммад Иқбол ва Садриддин Айнӣ матраҳ мешаванд, ки барои хонандагон басо судманд мебошад.
Бояд гуфт, ки дар китоб ғайр аз маснавии «Даҳ пурсишу даҳ посух» якчанд шеърҳои бачагонаи шоир низ ҷой доранд.
Маснавии мазкур дар пайравӣ ба устодони назми адабиёти кӯдаконаи мо навишта шудааст ва истифода аз он дар дарсҳои адабиёти синфҳои поёнӣ аз манфиат холӣ нахоҳад буд.

М. МАМАҶОНОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: