МАСОИЛИ МУҲИМИ АҲОЛИШИНОСӢ БАРРАСӢ ГАРДИДАНД

Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Норбоева 29 январ бо роҳбари намояндагии Хазинаи СММ дар соҳаи аҳолишиносӣ (ЮНФПА) дар Ӯзбекистон Ю Ю вохӯрд.

Дар мулоқот масоили ташаккули оилаи солим, таъмини баробарии гендерӣ ва рафъи зӯроварӣ нисбати занон баррасӣ шуд.
Роҳбари дафтари ЮНФПА дастовардҳои Ӯзбекистонро дар самти паст кардани сатҳи фавт дар байни модарон ва кӯдакон ва беҳбудии некӯаҳволии оилаҳо қайд кард. Вай инчунин ба дастовардҳои мамлакати мо дар баланд бардоштани фаъолнокии иҷтимоию сиёсии занон ва нақши онҳо дар идоракунии давлатӣ, таъмини баробарии гендерӣ, сиёсати ҷавонон ва ноил гардидан ба ҳадафҳои рушди устувор эътибор дод.
Ба  ташкили барӯйхатгирии аҳолӣ дар Ӯзбекистон, ҷорӣ намудани омори гендерӣ баҳои мусбат дода шуд. Қабули қонунҳо  “Дар бораи кафолатҳои баробарҳуқуқӣ ва имкониятҳои занон ва мардон” ва “Дар бораи ҳимояи занон аз зулм ва зӯроварӣ”, иҷрои корҳои амалӣ оиди бо манзил таъмин кардани занони эҳтиёҷманд ва пешниҳоди қарзҳои мақсаднок барои таъмини шуғли онҳо алоҳида эътироф шуд. Омодагии ЮНФПА дар расонидани кӯмак ба Ӯзбекистон дар ин масъалаҳо садо дод.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак бинобар  таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои мутақобилан судманд, таҳияи стратегияи гендерӣ, ҳифзи саломатии модару кӯдак, барӯйхатгирии аҳолӣ ва ташаккул додани парлумони ҷавонон ба мувофиқа расиданд.

С. РАҲИМОВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: