МАСОИЛИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ДАР МАКТАБҲОИ БУХОРО ВА РӮЗНОМАИ «ОВОЗИ ТОҶИК»

Таълиму тарбия дар ҳама давру замон ва ҳама гуна ҷомеаи иҷтимоӣ муҳимтарин масъала буду ҳаст.

 Зеро таълиму тарбия ҳамеша боиси рушду равнақи ҷамъияти инсонӣ будааст. Танҳо кадрҳои бомалакаву боистеъдод ва соҳибмаърифат сабаби рушду нумӯи ҷамъият ва ё кишвар мешаванд. Ислоҳоти соҳаи таълиму тарбия, ки дар кишвари мо татбиқ мегарданд, далели андешаҳои фавқ мебошад. Маҳз ҷавонони соҳибмаълумот метавонанд ба Эҳёи сеюм  пояи мустаҳкам гузоранд.
Масоили таълиму тарбия барои таҳкими рушду равнақи собиқ Ҷумҳурии Шӯравии Сусиёлистии  Ӯзбекистони навбунёд муҳимтарин масъалаи рӯз буд. Ин раванд бояд дар ду самт ҷараён мегирифт: ба мактаб ҷалб намудани насли наврас ва саъйи дастҷамъона барои маҳви бесаводӣ. Бешубҳа, дар нимаи дуюми солҳои 20-уми садаи гузашта ҷалби хонандагон ба мактаб мушкилиҳои худро дошт. Зеро аксаран падару модарон фарзандони худро ба мактаб намедоданд. Соли 1925 Кумитаи инқилобӣ қароре қабул кард, мувофиқи он падару модароне, ки бемамониат фарзандони худро ба мактаби нави шӯравӣ мефиристоданд, аз давлат ёрдампулӣ, тухмӣ, масолеҳи сохтмон ва ғайраро бепул мегирифтанд. Бо вуҷуди ин солҳои хониши 1927-1928, ҳамагӣ 5,6 фоиз, солҳои хониши 1928-1929 бошад, фақат 21,3 фоиз бачагони синни мактабӣ ба таълим фаро гирифта шуда буданд. 
Муаммои дигаре, ки он замон дар пешбурди таълиму тарбия ҷой дошт,  мисли имрӯз забони таълим буд. Кормандони рӯзномаи «Овози тоҷик» ҳам аз инъикоси ин муаммо худдорӣ накардаанд. Дар ҳар як шумораи рӯзнома доир ба ин ё он муаммои соҳаи маориф мавод дарҷ мегардид.
Гуфтаанд: забон аз даҳони Луқмон хуш аст. Тасмим гирифтем, мақолаеро таҳти унвони «Масъалаи забон дар мактабҳои Бухоро» («Овози тоҷик», № 245, аз 15 июли соли 1928) чоп гаштааст, дар асл пешкаши хонандагон намоем:    
«Якумин маҷлиси маслиҳатӣ дар бораи ба тоҷикӣ гардонидани мактабҳои шаҳри Бухоро 8 июл дар шаҳри кӯҳнаи Бухоро, дар бинои Дорулмуаллимин бо иштироки тамоми муаллимон, мудири шуъбаи тарбияи назорати маорифи Ӯзбекистон барпо гардид. Дар бораи тоҷикӣ намудани мактабҳои ибтидоии Бухоро, ки ҳоло дар забони ӯзбекӣ давом дорад, маърӯзаи рафиқ Иноятӣ шунида шуд.
Рафиқ Иноятӣ дар маърӯзаи худ мегуфт: мақсад аз маҷлиси маслиҳатӣ танҳо ҳамин аст, ки мактабҳои ибтидоии Бухоро, ки алҳол ба забони ӯзбекӣ давом дорад, ба хонандагон душворӣ мекунад ё на? Агар мо мактабҳоро ба забони тоҷикӣ гардонем, чӣ навъ бояд кунем? Ба кӯчонидан аз забони ӯзбекӣ ба тоҷикӣ дар мактабҳои мо имконият  ҳаст? Дар ҳамин бора, албатта, бе ин маҷлиси маслиҳатии худ чизи қатъӣ гуфта наметавонем. Лекин мо ҳама муаллимон ва маорифчиён бояд, ки аз нуқтаи назари таълим ва тарбиявӣ дар ҳаққи ин масъала як муҳокима ва маслиҳат карда гузарем.
Ин масъала як масъулиятест, ки ду сол боз дар назорати маорифи Ӯзбекистон музокира шуда омада истодааст ва худ дорои як аҳамияти калон аст. Дар Самарқанд ва Хуҷанд дар бораи ин масъала муаллимон бо аҳолие, ки дар атрофи мактабанд ва бо хонандагони мактабӣ барои фикр гирифтан мусоҳибаҳо карда шуд. Дар натиҷа маълум гардид, ки бачагон ба забони тоҷикӣ беҳтар ва хубтар мефаҳманд ва забони ӯзбекиро нағз намефаҳманд, ҳатто намедонанд. Бинобар ин бисёрии мактабҳои Самарқанд ва Хуҷанд ба забони тоҷикӣ гардонида шуд. Масъалаи забони мактабҳои ибтидоии Бухоро ба имсол гузошта шуда буд, то вақти таҳсили соли хониши 1928-29 ин масъала таҳия ва ҳал карда мешавад. Мо дар ин ҷо мактабҳои ибтидоии Бухороро ба Самарқанд ва Хуҷанд қиёс карда, дарҳол ба забони тоҷикӣ гузаронида наметавонем. Дар ин бора як чизи қатъиро низ гуфта наметавонем. Танҳо аз шумо, муаллимон мепурсам, ки аз нуқтаи назари таълиму тарбия фикри худатонро баён намуда, дар бораи таълим ва забони бачагон, сабукӣ ва масъулии ин фикрро диққат намуда, ба ин маҷлиси маслиҳатӣ ҳар кадоми шумо бояд, ки фикри худро баён кунед.
Боз маҷлиси бузург дар бораи забони мактабҳои ибтидоии Бухоро дар якуми август бо иштироки комиссияҳои марказӣ, ходимони масъули округ ва муаллимон мешавад, ин масъаларо ҳал хоҳад кард.Бинобар ин ки ин масъала бисёр муҳим ва як вазъияти сиёсиҳое дорад, дар ин ҷо ин масъаларо танҳо аз нуқтаи назари таълим ва тарбиявӣ музокира намуда, ҳар кадом аз таҷриба фикри худро бояд арз кунем. Муаллимон аз таҷрибаи худ дар ин ҷо чизе маълумот диҳанд.
Баъд аз шунидани маърӯзаи рафиқ Иноятӣ ҳар кадоме аз муаллимон баромада дар ин хусус аз таҷрибаи худ сухан карданд. Ҳар кадоми музокиракунандагон аҳамияти ба забони тоҷикӣ гап задани  шогирдони мактабҳои шаҳри куҳнаи Бухороро гуфта, низ дар ҳавоилияшон ба забони тоҷикӣ гап задани эшонро баён намуданд.Агар  ба забони тоҷикӣ мактабро бурда шавад, тамоман гапи муаллимро нағз фаҳмидани бачагонро гуфтанд. Лекин баъзеи эшон дар хусуси имло душвор будани навиштан ва хондани тоҷикӣ ва кам будани адабиёти забони тоҷикиро баён намуда, дар ин бора якчанд вазнинӣ ва  сангиниҳое пеш омаданашро нишон дода гузаштанд.
Баъд аз музокира ва гуфтугузори бисёр маҷлиси маслиҳатӣ ба ин фикр омад, ки то маҷлиси бузург, ки дар август мешавад, ин таҷрибаҳо карда шаванд:
1. Фикри муаллимони холис, на тарафдори ӯзбек ва на тарафдори тоҷик, аз нуқтаи назари таълим ва тарбия то маҷлиси августӣ гуфта шавад;
2. Бачагони мактаб дар ҳаволияшон ба кадом забон гап мезананд ва забони модарии онҳо нағз фаҳмида шавад;
3. Аҳолии дар атрофи мактаб мустанадро ҷамъ карда, ба онҳо дар ин бора маслиҳат ва барои таҷриба музокира бурда шавад, танҳо дар бораи забон (лекин бояд эҳтиёт нигоҳ дошта шавад, ки халқ хато нафаҳмад).
4. Як мактаби тоҷикӣ ва як мактаби ӯзбекии дар Бухоро бударо ба ҳамдигар муқоиса карда, тараққии онҳоро шуъбаи маориф бо иштироки муаллимон тафтиш намояд.
Маҷлиси маслиҳатӣ боз инҳоро таъкид карда гузашт, ки масъалаи навиштан ва хондан монеъ шуда наметавонад, зеро ки тоҷикон ҳам алифбои лотиниро қабул кардаанд. Дар масъалаи адабиёт ва китобҳо кӯтоҳӣ нахоҳем дид, зеро ки Нашриёти давлатии Тоҷикистон бисёр китобҳои мактабиро нашр кардааст, дар оянда низ ҳаракат хоҳад кард. Эҳтиёҷи тағйир додани муаллимонро низ надорем. Муаллимони имрӯзаи шаҳри куҳнаи Бухоро ба забони тоҷикӣ ба таълим додан иқтидор ва маҳорат доранд. 
Дар маҷлиси бузурги оянда ин масъала  таҳти роҳбарии фирқаи коммунистӣ асосан ҳал карда мешавад. Б. Икромӣ».

Таҳияи  
Ӯзбакбойи РАҲМОН, 
хабарнигори «Овози тоҷик.»

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: