МАСОЛЕҲИ НАХУСТИНИ «КОСОНСОЙФАРМ»

Се соли охир дар соҳаи тиббиёт ислоҳоти васеъмиқёс амалӣ гардида, дар роҳи тандурустии аҳолӣ аз тарафи роҳбари давлатамон фармон ва қарорҳои дахлдор қабул карда мешавад.

Ҳамаи ин чорабиниҳо барои ҳифзи сиҳҳатии инсон нигаронида шудаанд.
Дар ин ҷода Фармони Президент аз 3 майи соли 2017 «Дар бораи минтақаи озоди иқтисодии «Нуқусфарм», «Зоминфарм», «Косонсойфарм», «Сирдарёфарм», «Бойсунфарм», «Бӯстонлиқфарм» ва «Паркентфарм» барои истеҳсоли дорувор ва маводи тиббӣ дар кишвар нигаронида шудааст.
Мувофиқи иҷрои фармони номбурда, дар минтақаи озоди иқтисодии «Косонсойфарм» ҳамагӣ 13 лоиҳа интихоб гардида, 1,7 гектар замин ҷудо карда шуда, ба миқдори зиёда аз 51 миллиард доллари ИМА сармоя пешбинӣ шудааст.
«Спиринг фармасевтик» яке аз лоиҳаҳои калонтарин буда, дар зарфи як сол барои сохтмони заводи мазкур 18 миллиард сӯм харҷ гардид. Қобили қайд аст, ки корхона аз ҳисоби маблағи соҳибкори косонсоӣ Шокирҷон Мадалиев амалӣ гардида,  барои 70 нафар ҷойи кор муайян шудааст. Дар корхона дар як сол 25 миллиард сӯмина, 60 номгӯй масолеҳи дорувор истеҳсол карда мешавад. Рӯзҳои наздик корхонаҳои «Ахсикент соф саноат» ва «Фирдавсбек фарм» низ масолеҳи нахустини доруворро истеҳсол мекунанд.
Дар минтақаи озоди иқтисодии «Косонсойфарм» бо ҳамкории Ҷумҳурии Куриё, Русия, Беларус ва Миср лоиҳаҳои калонро ба роҳ мондан ба нақша гирифта мешавад. Инчунин Украина ва Ҳиндустон кӯшиш мекунанд бо намангониён ҳамкорӣ кунанд.
Дар маросими кушодашавии заводи нав «Спиринг фармасевтик» ҳокими вилояти Намангон, узви Сенати Олий Маҷлис Хайрулло Бозоров иштирок кард.

А. МУРОДОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: