МАСТИВУ ПАСТӢ

Ҷиноят ва ҷазо

Руҷӯъ ба нӯшокии спиртӣ одати хуб нест. Шароб касеро ба кӯйи некӣ набурдааст. Зеро аз меъёр зиёд истеъмол кардани он ҳар гуна шахсро низ сармаст ва аз ақл бегона мекунад. Дар натиҷа кас худро идора карда наметавонад, ба кӯчаи ҷиноят пой мемонад. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки бештарини ҷиноятҳо маҳз туфайли истеъмоли аз ҳад зиёди нӯшокии спиртнок рӯ додаанд. Каси майзада ҳангоми иҷрои ин ё он кор намедонад, ки ин амалаш ғайриқонунӣ ва ҷиноят аст. Бояд гуфт, ки ҷиноятҳои мудҳиш бештар дар вақти мастӣ рӯй медиҳанд. Беҳуда «мастӣ ба пастӣ мебарад», нагуфтаанд.
Дар як тӯйи деҳаи дурдасти ноҳияи Чуст ҳаммаҳаллаҳо беш аз меъёр нӯшокии спиртӣ истеъмол мекунанд. Мансур Ибрагимов (ному насабаш иваз карда шуд) худро идора карда наметавонад. Бинобар ин ҳазлу шӯхии боҷааш – Рустамро нодуруст фаҳмида, ӯро бо пиёлаи дар наздаш буда мезанад. Дар натиҷа чашми чапи Рустам захмдор мешавад ва ӯ аз ҳуш рафта, ба замин меафтад. Ҳамқадаҳҳо зуд ёрии таъҷилиро ҷеғ мезананд. Вале... бо вуҷуди муолиҷаҳои шифокорон Рустам аз як чашмаш ҷудо мешавад.
Суд бо назардошти ҷиноятҳои пешин ба Мансур Ибрагимов ҷазои аз озодӣ маҳрум карданро муқаррар намуд. Ӯ мувофиқи моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷазо гирифт.

Т. МУСТАФОЕВ,
сардори раёсати тафтишоти назди садорати корҳои дохилии вилояти Намангон. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: