МАСЪУЛИ ДАФТАРИ МАТБУОТ ВА ВАЗИФАҲОИ Ӯ

(Бардоштҳо аз як семинар)

Борҳо иттифоқ афтодааст, ки ба сухангӯён, ё ба ибораи дигар – котибони матбуоти вазорату комитетҳо, ташкилоту муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ муроҷиат кунем. Ин муроҷиати мо бар он сабаб сурат мегирад, ки барои навиштани гузорише зарурати дастрасӣ доштан ба ягон далел, рақам, тафсилоти мавзӯъ, шарҳу тавзеҳ ва амсоли  он пеш меояд. Агар муроҷиати мо вокуниши мусбат пайдо кунад, гузориши таҳиякардаамон аз ҳар нигоҳ такмил мегардад.
 Аммо оё ҳамаи котибони матбуотии ташкилотҳо масъулияти худро дар назди ҷомеа ва хабарнигорон дуруст иҷро мекунанд? Оё онҳо омодаанд, ки ба саволҳои хабарнигорон посухи саривақтӣ диҳанд? 
 Дар як семинар, ки бо ташаббуси Агентии  ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии назди дастгоҳи Президенти Ӯзбекистон таҳти унвони “Назаре ба фаъолияти хизмати ахбор ва ҷанбаҳои амалии он” роҳандозӣ гардид, ба мутахассисони соҳа, мураббиёни варзида дарси таҷриба омӯхтанд. 
Дарвоқеъ, дарк кардан душвор набуд, ки аксарияти иштирокчиёни семинар бори масъулияти бар дӯш доштаашонро дуруст дарк намекарданд. Ҳамчунин бехабар буданд, ки барои баланд бардоштани обрӯ ва нуфузи ниҳоди худ котиби матбуотӣ то чӣ андоза нақши муҳим мебозад.  
Гуфта шуд, ки ҳар як сухангӯ бояд матлабро мухтасар баён карда тавонад, ҳангоми суҳбат бо хабарнигор аз равзанае кор гирад, ки  ҳарфҳояш ба ҳамон мавзӯъ ё масъала робитаи дақиқ дошта бошад. Чаро ин тавр? Дар баъзе ҳолатҳо котиби матбуот кӯшиш мекунад, ки ҳодисаи ба вуқӯъ пайвастаро ба тарзи худ тафсир кунад ё мегӯяд, ки ҳанӯз дар ин бора маълумот дастрас нашудааст. Боз баъзан ҳодисаи рӯйдода махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва мӯҷиби пайдо гардидани миш-миши зиёд мегардад. Барои ҳамин шояд беҳтар аст, ки  дар бораи ҳодиса  вокуниши фаврӣ нишон дода шавад. 
 Номзади  илмҳои филология Гулнора Нишонова дар тафсири вазъият  ва ҳолате, ки барои кормандони хизмати ахбор ба тарзи ногаҳонӣ пайдо мешаванд, таваққуф намуд ва роҳҳои раҳоӣ аз онро ташреҳ кард. Аз ҷумла, вай зикр намуд, ки ҳар як рӯйдодро дар вақту соати худ бояд ба мардум эълон кард.
– Чунин тарзи кор сару садо ва миш-мишҳои зиёдатиро аз байн мебардорад. Одамон маҳз тавассути журналистон имкони дастрасӣ ба воқеияти ҳолро ба даст меоранд ва баъди огоҳӣ ёфтан аз оқибатҳои он нигарон намешаванд, – гуфт Гулнора Нишонова.
 Ба таъкиди ӯ агар масъули дафтари матбуоти ниҳод ба саволҳои журналист бо оҳанги дағал посух диҳад, обрӯи ҳамон ташкилот мерезад. Гулнора Нишонова дар пайи ин изҳор намуд, ки яке аз масъалаҳои хеле нозук бархурди холисона ба ҳодисаву вазъияти дар миёномада мебошад. Ба гуфтаи ӯ бо лаҳну шеваи оддӣ ва самимӣ ба саволҳои мухбир посух додани дастандаркорони хизмати ахбор ба он боис мешавад, ки одамон  дар бораи фаъолияти ҳамон ниҳод баҳои мусбат диҳанд.
– Вақте ки сомонаҳои интернетии як қатор рӯзномаву ҳокимияти вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро таҳти таҳлилу баррасӣ қарор медиҳӣ, ба чунин хулоса меоӣ, ки ин ҷараён таҷдиди назар мехоҳад. Натиҷагирии дигари мо аз ин иборат аст, ки масъули хизмати ахбори ташкилотҳо аз салоҳияти баргузор кардани нишастҳои хабарӣ, пресс-брифингҳо, пресс-турҳо ва таҳияи варақаҳои иттилоотӣ ҳатман бояд бархурдор бошад, – афзуд ҳамсуҳбати мо, дотсент Берунӣ Алимов.
  Тавре ки ба мушоҳида мерасад, сомонаҳои интернетии як қатор нашрияҳо ва ташкилоту муассисаҳо ё аз фаъолият бозмондаанд ва ё бо матолиби нав пур кардани он хеле ба кундӣ пеш меравад. Беҳбуди кори сомонаҳои интернетӣ   як ҷузъи ҷудонашавандаи фаъолияти кормандони ахбори ҳамон идораву муассисаҳоро ташкил мекунад ва зимнан онҳоро лозим аст, ки ин фаъолияти худро тавсеа бахшанд.

Мирасрор 
АҲРОРОВ,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: